Мушкилот ва пешниҳод

Муассисаҳои ислоҳӣ: Ҷойи ислоҳшавӣ ё «Такмили ихтисос»-и ҷинояткорон?

№11 (4594) 10.01.2023

Uchilishe-IK-5-4Дар ҳар як мамлакат бо мақсади  ислоҳи маҳкумшудагон муассисаҳои ислоҳӣ мавҷуд аст, ки шароити гуногун доранд. Дар ин муассисаҳо иддае аз шахсони дар гузашта ҷинояткор аз карда пушаймон гашта, ислоҳ мешаванд. Мутаассифона, қисми дигари маҳкумшудагон дар чунин муассисаҳо бо ҷинояткорони ашаддӣ ҳамнишин шуда, гӯё «ихтисосашон»-ро такмил медиҳанду баъди ба озодӣ баромадан ҷиноятҳои нисбатан вазнин содир мекунанд.

Яке аз роҳҳои  ислоҳшавии ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда ба мутолиаи китоб ҷалб кардани онҳост, зеро китоб  ба рушди маънавию ақлонии шахс мусоидат карда, самараи терапевтӣ дорад. Мутолиа хотираро мустаҳкам, ҷаҳонбиниро васеъ ва кам­ақлии даврони пириро пешгирӣ мекунад. Ба гуфтаи А. П. Чехов: «Ҳар қадар инсон аз ҷиҳати маънавию ақлонӣ рушд намояд, ҳамон андоза аз ҳаёт бештар қаноатмандӣ ҳосил мекунад».

Ҳукумати Бразилия манфиати мутолиа барои ислоҳшавии шахсиятро ба эътибор гирифта, ба хотири ҷалби маҳкумшудагон ба мутолиаи китоб имтиёзи хос муқаррар намуд. Касе ки як китобро пурра мутолиа карда, қисматҳои асосии онро баён кунад, муҳлати маҳрумият аз озодиаш 4 рӯз кам карда мешавад. Ҳамин тавр, касе ки дар як сол 12 китоб хонад, 50 рӯз пештар ба озодӣ хоҳад баромад. Комиссияи махсус баъди саволу ҷавоб чанд китоб хондани маҳбусро тасдиқ хоҳад кард. Таҷрибаи мазкур дар  ислоҳшавию босаводтар гаштани маҳбусон кумак мерасонад.

Чандин шахсияти машҳур зимни дар муассисаҳои ислоҳӣ буданашон вақтро беҳуда  нагузаронида, бо китобхонӣ дониша­шонро зиёд кардаанд. Чунончи, собиқ директори Инс­титути илмӣ-табиии Академияи илмҳои ИҶШС Николай Морозов, ки дар таҳқиқоти илмҳои  физикаю химия солҳои 20-уми асри ХХ дар ҷаҳон ҳамто надошт, дар замони шоҳӣ барои ширкат дар сӯиқасд ба император Александр  ба муҳлати 25 сол ҳабс шуда буд.

Маҳз дар муассисаи ислоҳӣ ин донишҷӯи ҷавон мустақилона 11 забон (фаронсавӣ, англисӣ, итолиёӣ, испанӣ,  олмонӣ, лотинӣ, яҳудии қадим, юнонӣ, славянии қадим, украинӣ ва лаҳистонӣ)-ро омӯхт. Дар ин муддат ба физика, химия, астрономия, математика, фалсафа ва иқтисодиёти сиёсӣ рӯ овард. Баъди ба озодӣ баромадан Н. Морозов ба роҳи илм рафта, 26 рисолаи илмӣ навишт. Ӯ ихтиёрӣ дар 88-солагиаш ҳамчун мерган (снайпер) дар ҷанги зидди фашистон ширкат варзида, бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» ва ордени Ленин мушарраф гардидааст. Н. Морозов дар  таърих ҳамчун калонсолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт гардидааст. Ин олими маъруф соли 1946 дар 92-солагиаш фавтид.

Устоди Донишгоҳи Ҷорҷтауни ИМА, профессор Шон Ҳопвуд низ чанд солро дар муассисаи  ислоҳӣ сипарӣ кардааст. Шон зодаи иёлати Небраска буда, пас аз хизмати ҳарбӣ дар флоти ҳарбӣ — баҳрии Амрико ба маводи мухаддиру  машруботи спиртӣ дил баст. Соли 1997 ҳамроҳи  рафиқаш бо таҳдиди силоҳ аз яке аз бонкҳо 50 ҳазор долларро  гирифта гурехт. Баъд аз ин боз чор бонкро ғорат карда, ба даст афтод. Шон дар 23-солагиаш аз озодӣ маҳрум шуда, 10 солро дар муассисаи ислоҳӣ  гузаронд. Ӯ аксар вақташро сарфи китобхонӣ кард. Соли 2008 дар 33-солагиаш ба озодӣ баромада, донишҷӯи Донишгоҳи ҳуқуқ гардид. Баъди хатми донишгоҳ даст ба фаъолияти адвокатӣ зад. Сипас устоди донишгоҳ гашта, якчанд китобаш аз чоп баромад. Шон Ҳопвуд худро барои хатоҳои даврони ҷавониаш маломат карда, донишҷӯёнро ба самаранок истифода бурдани вақт ва бештар мутолиа кардани китоб даъват менамояд, зеро ӯ дар мисоли хеш дид, ки хондани китоб метавонад роҳи зиндагии шахсро ба самти мусбат тағйир диҳад.

Манфиати мутолиаи китобро ба назар гирифта, ҳоло дар бисёр муассисаҳои ислоҳии ҷаҳон ҳатто китобхонаҳои электронӣ кушодаанд. Дар китобхонаҳои маъмулӣ бошад, китобу рӯзномаю маҷаллаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва энсиклопедиро дар ихтиёри маҳбусон  мегузоранд.

Овардани адабиёти экстремистӣ, эротикӣ, топографӣ, варзиши яккаҳарбӣ, силоҳсозӣ, психологӣ мамнӯъ аст. Китобҳои вобаста ба гулу растанипарварӣ, боғдорӣ, таърих, романҳои саргузаштӣ, омӯзиши илмҳои табиӣ — риёзӣ ва тарбиявӣ — ахлоқӣ талабгорони бештар доранд.

Муҳаққиқон натиҷаи китобхонии маҳкумшудагонро муқоиса карда, ба хулоса омадаанд, ки воқеан китоб беҳтарин ғамгусор ва тарбияткунанда аст. Китоб шахсони гирифтори кулфату ғам ва хашму асабониятро аз олами ғуссаю ҳузн ба дунёи шодию нишот ва ободкорию созандагӣ мебарад. Ҳақ бар ҷониби Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аст, ки фармудааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»