Яке аз аввалин тафсирҳо дар бораи моҳияти терроризм дар «Конвенсия роҷеъ ба пешгирӣ ва саркӯбии терроризм» 16 ноябри соли 1938 дар Женева қабул шуд, ки чунин мазмунро фарогир аст: «Истилоҳи иқдомоти террористӣ моҳиятан иборатанд аз иқдомоти ҷиноятие, ки тавассути ашхос ва бо бакоргирии равишҳои ваҳшатзо бар зидди давлат ва ё шахсиятҳои хос ё умумии мардум созмон ёфтаю анҷом меёбанд».
Ба ин мазмун истифода аз усули хушунат ва таҳдид барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва мазҳабӣ — терроризм таъбир мешавад, ки дар забони тоҷикӣ бо калимаҳои ваҳшатафканӣ ва ҳаросафканӣ мафҳуми ягона дорад. Таҷриба нишон додааст, ки терроризм асоси равиши таҳмили ақида ба атрофиёнро сирфан бо зӯроварӣ, террор, ҷанг, амалҳои хушунатомезу ваҳшатафканӣ, ошӯбофаринӣ, амалиётҳои чирикӣ (партизанӣ), куштори ҷамъӣ, наслкушӣ, гаравгонгирӣ, шиканҷа ва табаддулот медонад. Гурӯҳҳо, иттиҳодияҳо, ҷамъиятҳо ва ҳизбҳое, ки усулҳои дар боло зикршударо ҷиҳати расидан ба ҳадаф ва ормонҳояшон пазируфта бошанд, террорист номида мешаванд.
Дар гузаштаи дур айёрон ва дигар гурӯҳҳои ҳамназари онҳо, тибқи оини хеш, ба ситамгаркушӣ машруият (легитимност) мебахшиданд, вале он дар чаҳорчӯбаи ваҳшатафканӣ анҷом меёфт, ки ба таъбири ҳозира террор номида мешавад. Миёни мафҳуми террор ва терроризм тафовут вуҷуд дорад. Терроризм раванд ва равиши хоси зиндагист ва террор як рӯйдод аст. Қотили сиёсӣ шахсеро нобуд мекунад, ки ба ақидаи ӯ бадбахтиҳои ҷомеа аз ӯ маншаъ мегиранд, аммо терроризм низоми сиёсиро ҳадаф қарор медиҳад. Ошкортарин тафовути террор аз терроризм дар он аст, ки дар террор ҳадафи қотили сиёсӣ як шахсияти муайян аст, аммо ҳадафи терроризм иқдоми гурӯҳист. Илова ба ин, истилоҳи терроризми давлатӣ низ вуҷуд дорад, ки он барои дахолати давлат ё давлатҳое, ки дар корҳои дохилӣ ва хориҷии давлати дигар ба василаи ширкат дар амалиёти террористӣ ё ҳимоя аз амалиёти низомӣ барои заиф гардонидан ва заволу барандохтани давлате ба кор бурда мешавад. Кумакҳои моддӣ ва маънавӣ (мисли ҳимояи сиёсӣ) ба гурӯҳҳо ва ҳизбҳое, ки дар амалиётҳое мисли минагузорӣ дар биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, одамрабоӣ ва террори мақомҳои олии ин ё он мамлакат ширкат мекунанд ва сабаби бесуботии сиёсӣ ва иқтисодии он мегарданд, намунаҳое аз терроризми давлатист.
Тафовути терроризми давлатӣ аз терроризми ғайридавлатӣ дар иҷрокунандаи он аст. Тарроҳ ва иҷрокунандаи амалҳои террористии ғайридавлатӣ шахсиятҳои алоҳида, гурӯҳҳо ва ҳизбҳо ба шумор мераванд, аммо иҷрокунандаи амалҳои террористии давлатӣ як давлат ва ё чанд давлати хос ҳастанд. Илова бар ин, дахолати давлат ва ё давлатҳо дар амалҳои террористӣ ду хел мешаванд:
1. Ба сурати мустақим, яъне давлат амали террористиро ба муқобили давлати дигар ошкоро анҷом медиҳад.
2. Ба сурати ғайримустақим, яъне ба василаи фиристодани кумакҳои моддӣ, монанди аслиҳа, муҳимот ва василаҳои пешрафтаи низомӣ дар ихтиёри гурӯҳҳои даҳшатафкан ва мухолифи давлати мавриди ҳадаф қароргирифта мебошад ва гурӯҳҳои мухолиф ҳимояти сиёсӣ, иқтисодӣ ва таблиғотӣ мешаванд.
Хушунат аввалин вижагии гурӯҳҳои террористӣ ба шумор меравад. Расидан ба ҳадаф аз тариқи усули хушунатбор амали умумии ҳамаи гурӯҳҳоест, ки аз терроризм васила меҷӯянд.
Дар солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳое буд, ки бештарин осебро аз терроризм дидаанд. Бо истифода аз вазъи ноороми сиёсӣ ва аз ҳам пошидани низоми марказии идории давлатӣ дар кишвар терроризм маҷоли амал пайдо карда, гурӯҳҳои ифротгарои террористӣ дар шиддат бахшидани буҳрони сиёсӣ, ки ҳадафи асосиашон буд, нақши калидӣ бозиданд. Он гурӯҳҳо бо зӯру хушунат хостанд андешаву афкори ақибмонда ва ифротии худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Аммо, хушбахтона, онҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон натавонистанд ҷойгоҳ пайдо кунанд ва неруҳои созандаву пешрафтаи Тоҷикистон бо ҳидоятҳои некбинона ва дурандешонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ба фаъолияти ошкорои онҳо хотима бахшиданд. Мутаассифона, онҳо аз ҳадафҳои шумашон даст накашидаанд.
Ҳоло терроризм яке аз омилҳои аслии таҳдиди ҳар давлат ва ҳар ҷомеа ба шумор меравад. Терроризм ояндаи ҳар ҷомеаро парешон гардонида, навид ба фардоро нобуд месозад. Мисоли равшани онро дар харобию вайронӣ ва қатлу парешонии мардуми бегуноҳ тавассути гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқу Сурия ва Афғонистон мебинем, ки танҳо бо кумаки байналмилалӣ ин ду давлат аз чанголи маргбори онҳо раҳоӣ ёфтанд.
Ҳарчанд терроризм реша дар таърихи сиёсӣ ва низомии ҷаҳон дорад, аммо дар чанд даҳаи охир мафҳуми терроризм ба шакли барҷаста матраҳ гардидааст. Имрӯз мафҳуми терроризм дар соҳаҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ошкоро дида мешавад. Зуҳури гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон ва амалҳои ҷинояткоронаи онҳо мисоли равшани терроризми сиёсӣ ва фарҳангист, ки бо рӯйкардҳои хушунатбори террористӣ дар минтақа ва идеологияи ситезаҷӯёнаи онҳо, ки ранги мазҳабӣ ба худ гирифтааст, мафҳуми терроризмро беш аз ҳама барҷаста сохтааст. Дар шумори амалҳои терроризми сиёсӣ ва фарҳангии «Толибон» бо усули асримиёнагӣ ва ғайрибашарӣ ба дор задани Президенти собиқи Афғонистон Наҷибуллоҳ ва инфиҷори бутҳои 53 ва 35 — метрии вилояти Бомиёни Афғонистонро метавон мисол овард. 26 сентябри соли 1996 гурӯҳи «Толибон» вориди Кобул шуданд ва дар нахустин иқдомашон Раиси ҷумҳури пешини Афғонистон Наҷибуллоҳ ва бародараш Шопур Аҳмадзайро, ки дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул паноҳанда шуда буданд, ба дор овехтанд. Бо вуҷуди талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рӯҳонияти кишварҳои исломӣ дар ҷилавгирӣ аз хароб кардани бутҳои Бомиён — ёдгориҳои нодири таърихӣ, ки солҳои 300 то 700 мелодӣ бо сабки хоси тарошидани кӯҳ сохта шуда буданд, 11 марти соли 2001 онҳо бо фатвои роҳбари пешини «Толибон» Мулло Муҳаммад Умар тарконида шуданд. Ин фоҷиаи фарҳангӣ Афғонистонро аз ёдгориҳои арзишманди таърихӣ маҳрум сохт. Амалҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи «Толибон» то ҳанӯз идома доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беш аз 1400 км марзи муштарак дорад. Воқеаҳое, ки ҳоло дар Афғонистон, бахусус, дар вилоятҳои шимолӣ ва ҳаммарз бо Тоҷикистон рух медиҳанд ва «Толибон» барои ба даст овардани онҳо амалиётҳои низомӣ мебаранд, боиси нигаронист, зеро, бино ба ахбори расонаҳо, дар ин амалиётҳои низомии «Толибон» ба онҳо гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна кумак мерасонанд. Ин амалҳо, агар идомаи бештар пайдо кунанд, хатарро на танҳо барои осоиши ҳамсоякишварҳои Афғонистон, балки сулҳро дар минтақа дар маърази хатар ва таҳдид қарор хоҳанд дод.
Вуҷуди манбаъҳои молиявӣ аз пояҳои асосии вуқӯи терроризм буда, дар таъсис ва фаъолияти созмонҳои террористӣ дар дунёи муосир нақши асосӣ доранд. Маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он, ҳамчунин, фурӯши ғайриқонунии силоҳ аз манбаъҳои асосии молиявии терроризм маҳсуб мешаванд. Яке аз роҳҳои таъмини амнияти ҳар кишвар пешгирӣ ва коҳиши терроризм, муборизаи оштинопазир бо ин раванди номатлуби ҷаҳон аст.
Яке аз воситаҳои таъсир ва «мағзшӯӣ»-и ҷавонон тавассути созмонҳои террористӣ ин телефонҳои ҳамроҳ мебошад. Телефонҳо аз тариқи интернет бо шабакаҳои иҷтимоии гуногун пайваст мебошанд, ки зери назар гирифтани ин шабакаҳо усулан имконнопазир аст. Бинобар ин, падару модарон ва аҳли ҷомеа ва атрофиён дар зимн бояд бетарафӣ нишон надиҳанд. Ба ҳангоми мушоҳидаи тағйири ҳолати рӯҳӣ ва равонии ҷавонон бояд падару модар ва атрофиён дар ҷилавгирӣ аз он ҳолатҳо талош намоянд.
Дар фарҳангҳо, динҳо ва омӯзаҳои ахлоқии миллатҳои дунё ҷое барои амалҳои ғайриинсонӣ, чун терроризм, вуҷуд надорад. Шаҳрвандони ҳар кишвар барои фаъолияти ваҳшатафканӣ ва ҳаросафканӣ, ки тору пуди терроризм аз он бофта шудааст ва мардумро дар осебу ранҷ қарор медиҳад, дар ҷомеа бояд роҳ надиҳанд. Бо масъулияти шаҳрвандӣ дар мубориза бо ҳама гуна амалҳои террористӣ устувор бояд буд, зеро расидан ба тавофуқи муассир дар ҷомеа дар мубориза бар зидди терроризм аз натиҷаҳои муҳими фаъолияти муштараки шаҳрвандон ва ниҳодҳои қудратии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад.
Абдураҳмон ХАЛИЛОВ,
прокурори ноҳияи Сангвор,
мушовири адлияи дараҷаи 1