Мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои молиявӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро ба он пайваста ҷалб менамоянд. Дар ҳамин росто дар даврони истиқлол дар мамлакат заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти хатарзо муҳайё карда шудааст.
Чанде пеш ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия доираи васеи роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва аҳли ҷомеа дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ҷамъомад баргузор шуд.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода, намояндаи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати тафтишотии Агентӣ Н. Низомзода ва сардори шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон Н. Акмалзода дар бораи моҳият ва зарурати мубориза бо ин зуҳуроти зиёновар дар сатҳи мамлакат ва ҷаҳон, хатари он ба иқтисод ва коҳиши эътимоди мардум ба қонунмандӣ, саҳми аҳли ҷомеа дар пешгирии он, ҳамкории онҳо бо мақомоти марбутаи давлатӣ сухан гуфтанд.
Дар доираи чорабинии мазкур, ба ғолибони озмунҳои расм ва шиори беҳтарин, мақола- иншоибеҳтарин, саҳначаҳои иҷтимоӣ оид ба мубориза бо коррупсия, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон шуда буд, ҷоиза ва мукофотҳо тақдим карда, барои саҳми арзанда дар мубориза бо коррупсия ва ҳамкории судманд бо мақомоти Агентӣ як қатор фаъолон бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Комрони АСЛОН