23 июли соли 2015 дар Пекин дар доираи сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов музокироти ӯ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван И баргузор гардид.
Дар рафти музокирот доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Хитой, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика, маориф, фарҳанг ва рушди захираҳои башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зарурати идомаи ҳамоҳангсозии бештар миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои татбиқи амалии қарорҳое, ки қаблан аз ҷониби роҳбарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин қабул гардида буданд, таъкид гардид.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар инчунин перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули назар карда, рағбати худро ҷиҳати таҳкимбахшӣ ва густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ таъкид намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба вазъияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми музокирот ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Хитой, ки бемайлон густариш меёбанд, баҳои баланд доданд.
АМИТ «Ховар»