Муносибат миёни Тоҷикистону Россия қавитар мегардад

№68 (3862) 02.06.2018

DSC_020231 майи соли 2018 дар доираи сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматӣ, бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, саноат, роҳу нақлиёт, маориф ва илм, сармоягузорӣ, шуғли аҳолӣ ва ғайра баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ҷиҳати густаришу тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд баён намуданд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музокироти сатҳи баланд байни аъзои ҳукуматҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда ва боз ҳам қавӣ гардидани муносибатҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия замина мегузорад. Пас аз мулоқоти ҳайатҳо маросими имзои санадҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия баргузор гардид. Аз ҷумла, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба шартҳои фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 дар шаҳри Кӯлоб, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия, Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии зиддиинҳисории Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ба имзо расиданд.

 Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»