Раштонзамин диёрест, ки Офаридгор барои он ҳама неъматҳоро арзонӣ доштааст. Обҳои равон, боғу бӯстон, ҳавои мусаффо, насими форам, чашмаҳои зулол, растаниҳои шифобахш ва хазинаҳои бешумор дар синаи кӯҳҳои сарбафалаккашида аз ҳамин ҷумлаанд. Хоса, дар фаслҳои баҳору тобистон табиати ин сарзамини биҳиштосо хеле дилкашу зебост. Шахсе, ки бори аввал вориди Раштон мегардад, бе ҳеҷ муболиға аз санъати Сонеъ ангушти ҳайрат мегазад.
Устод Садриддин Айнӣ дар повести «Одина» манзараҳои ин сарзаминро чунин ба риштаи тасвир кашидааст: «Қуллаҳои кӯҳ на танҳо бо кулоҳи барфини худ манзараҳои хушнамоеро ҷилва медоданд, балки бо ҷӯйчаҳои пуробе, ки аз захираҳои чандинсолаи худ кам-кам мебахшиданд, дар камар ва доманаҳо ҷӯйборҳо равон карда, ҳусн ва зебоии ин марғзорро яке бар сад меафзуданд.
Шумо гумон накунед, ки ин ҷӯйборҳо ҷӯйҳои калон ва обҳояшон ғурришдори ғалтон бошанд. Не! Мо аз тангии иборат ба ин ном ёд кардем, вагарна паҳное буд, қадаш аз қомати сабза ва себаргаҳои навхезе, ки дар роҳи ҳаракати ӯ рӯйида буданд, баландӣ надошт ва садои ҳаракаташ аз овози ҷунбиши зангӯлаи симини сари зулфи симбарони нозукхироми тоҷик тафовуте намекард. Табиист, ки дар ҳамчунин ҷое об, хусусан агар кам бошад, бисёр ба паҳнӣ ва оромӣ равон мешавад ва қуввате намеёбад, ки сангрезаҳо ва хоку хошокҳоро аз роҳи худ ғелонда, барои худ роҳи чуқуре пайдо намояд. Сабза ва себаргаҳое, ки мо онҳоро ҳамқадди ин оби нозукхиром шумурдем, аз вазиши бод ва равиши об ҷунбиши бисёр нозук пайдо карда, гоҳе ба таги об ва гоҳе ба рӯйи он бозӣ мекарданд, ба тарзе ки бинанда гумон мекард: об болои сабза ва себарга, сабза ва себарга болои об ғел мезаданд, ё ҳукм мекардед, ки сабзаю себарга барои бӯсидани рӯи об ва об барои шустушӯ кардани сару рӯи сабзаю себарга дар ҷавлон аст.» (С. Айнӣ, «Куллиёт», Сталинобод, соли 1958, ҷилди 1, саҳифаҳои 187-188).
Аз ҳар дара рӯдҳо ҷониби нишебӣ равону дар ҳар хами кӯҳу теппаҳо чашмаҳои софу зулол ҷӯш мезананд. Оби чашмаҳои ин гӯшаи Тоҷикистони азиз зулолу шифобахшанд. Дарёи Сурхоб аз саргаҳи Раштон васати он бо шӯру валвала ҷорист ва ду бари соҳили он садҳо гектар заминро шодоб мегардонад. Дарёҳои Тандиқул, Оби кабуд, Сорбоғ, Оби сафед, Сиёҳоб, Хингоб, Шӯрак ва рӯдҳои хурду бузург аз бадани кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд ва ташнагии мардумро мешикананду боғу бӯстонҳоро обшор менамоянд. Қад-қади дарёҳо чандин неругоҳҳои барқи обии хурду калон сохта шудааст, ки хонаи сокинони ин маҳалро рӯшноӣ мебахшанд. Дар баландии кӯҳҳо беш аз 20 кӯли хурду калон ба ҳисоб гирифта шудааст, ки садҳо метри кубӣ обро захира намудаанд.
Даврони шӯравӣ барои обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида каналҳо кофта мешуд. Маркази ноҳияҳо бо оби тоза таъмин буданд. Аз чашмаҳои дур хатти оби нӯшокӣ оварданд. Бо вуҷуди фаровонии об дар баъзе деҳаҳо аз набудани оби тозаи нӯшиданӣ сокинон ба мушкилот гирифтор буданд. Подаву рамаи аҳолӣ ва давлатӣ дар баландиҳо мечариданд ва оби чашмаҳоро ифлос менамуданд, мардум аз ноилоҷӣ аз ҳамон обҳо истифода мебурданд. Масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тоза дар деҳот ба эътибор гирифта намешуд.
Баъди соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон барои таъмини аҳолӣ бо оби тоза дар Раштонзамин корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд. Байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истифодаи оби тоза ва самаранок сарф намудани он хуб ба роҳ монданд. Таъмини деҳаҳое, ки дар наздикиашон чашма ва дарёчаҳо нест, дар мадди аввал гузошта шуд. Сокинони деҳаҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти худидораи маҳаллӣ ва соҳибкорон ба чандин деҳа оби тоза оварданд. Дар кӯчаҳо нуқтаҳои оби тоза пайдо шуд.
Қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самаранок истифода бурдани захираҳои об ба манфиати ҷомеа аст. Ин санад аз ҷониби сокинони деҳаҳо борҳо мавриди омӯзиш қарор гирифт ва муҳтавои он ба мардум фаҳмонида шуд. Маҳз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардидани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) имконият фароҳам овард, ки сокинони ин маҳал ба қадри неъмати Худодод бештар бирасанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ин вақт мардум хуб огоҳӣ надоштанд, ки дар аксар мамолики олам одамон аз нарасидани оби нӯшокӣ ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гардидаанд.
Шиносоӣ ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар ноҳияи Рашт нишон дод, ки давоми даҳ соли охир корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Яке аз манбаъҳои асосии захираи об обҳои зеризаминӣ мебошанд. Ҳамин нуктаро ба назар гирифта, бо маслиҳати мутахассисон дар деҳаҳои Шаҳрисабз, Деҳқонобод, Қазноқ ва Нимич, ки чашмаю рӯдҳо каманд, чоҳҳо канда шуданд, ки аз ин чоҳҳо на танҳо аҳолӣ ҳамчун оби нӯшокӣ истифода мебаранд, балки барои обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ низ имконият фароҳам омадааст. Давоми солҳои 2014 — 2015 хати оби нӯшокии шаҳраки Ғарм таъмиру тармим гардид ва ба шаҳраки Навобод хати оби тоза гузаронида шуд.
Аз суҳбат бо сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Мирзохӯҷа Ғиёсов маълум гардид, ки давоми ду соли охир дар масофаи 260 километр хати оби тоза гузаронида шудааст ва саҳми соҳибкорону сокинони деҳаҳо дар амалӣ гардидани ин амри хайр хеле калон аст. Айни ҳол сокинони деҳаҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон ба чандин деҳаҳо овардани хати оби нӯшокиро ба нақша гирифтаанд. Умед аст, ки то охири соли равон нақша дар амал татбиқ мегардад.
Масъалаи таъмини кишоварзон бо об то ҳанӯз дар ноҳия як мушкилоти рӯз ба шумор меравад. Дар ҳамвориҳои доманакӯҳҳо заминҳои ҳосилхез кам нестанд, аммо аз сабаби таъмин набудан бо об кишоварзон имконият надоранд, ки аз ин мавзеъҳо тарзи дилхоҳ истифода баранд. Дуруст аст, ки ҳар сол бо кӯшишу талошҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт беш аз дусад километр каналҳо таъмир мешаванд. Соли равон дар мавзеи Қалъаи сурх дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ канали Қамбариён, ки дарозиаш 22 километрро ташкил медиҳад ва солиёни дароз рӯи таъмири асосиро надида буд, таъмир гардид ва 30 гектар замин, ки солҳо бекор хобида буд, барои кишти картошка шудгор карда шуд. Дар маҷмӯъ, беш аз 70 километр каналҳои куҳна таъмиру тармим гардиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки аксари дарёҳо аз ҳудуди ноҳия мегузаранд, вале аз сабаби дар баландӣ ҷойгир будани заминҳои кишоварзӣ обёрии онҳо душвор аст. Танҳо бунёди каналҳои нав имконият медиҳад, ки масоҳати заминҳои кишти картошка дар ноҳия зиёд гарданд. Аз ҷумла обёрӣ намудани Дашти Маҳмадҷон дар деҳоти «Ҳоит», ки 250 гектар замини ҳосилхез ва ҳамворро барои картошкапарварӣ фароҳам меорад. Соли дуюм аст, ки сохтмон дар ин мавзеъ идома дорад. Ба охир расонидани канали Каландак масоҳати заминҳои картошкаро дар ҳудуди деҳоти «Оби меҳнат» зиёдтар мекунад.
Кишоварзон ҳанӯз дар навоҳии Раштонзамин бо усули куҳна заминҳоро об мемонанд. Дар аксар маврид об зиёд ҷорӣ шуда, ҷӯякҳоро вайрон мекунад. Агар усулҳои наве, ки дар дигар кишварҳо (қатрагӣ) истифода мебаранд, ба кишоварзони мо муяссар гардад, аз як тараф заминҳои кишт вайрон намешаванд, аз ҷониби дигар, об сарфакорона истифода мешавад.
Чунонки мегӯянд, вуҷуди инсон аз чор унсур (об, оташ, хок ва бод) бунёд ёфтааст, аммо асоси зиндагӣ об аст. Аз ин рӯ, тоза нигоҳ доштан, ба қадри об расидан, эҳтиром намудани он вазифаи ҳар як шахс ба шумор меравад. Дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки умуман аз будани оби тозаву зулоли ошомиданӣ аз китобҳо маълумот мегиранду дар зиндагиашон онро пайдо намекунанд…
Ба қавли шоири бузург Абуисҳоқи Атъима:
Мурғе, ки хабар надорад аз оби зулол,
Минқор ба оби шӯр дорад ҳама сол.
Мо, ки соҳиби ин қадар дарёву рӯд, кӯлу чашмаҳо ҳастем, бояд онҳоро сарфакорона истифода барем ва ба қадрашон бирасем.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»