Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ҷаласаи сайёри назди раиси вилоят баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла рафти сохтмон ва корҳои барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар маҳали Рангкӯл, тайёрии идораву муассисаҳои ноҳиявӣ ба фасли зимистон ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил мавриди барасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят дар маҷмӯъ аз рафти сохтмон ва корҳои барқарорсозӣ дар Рангкӯл изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар баробари ин, аз роҳбарони бархе аз идораву муассисаҳо даъват ба амал овард, ки суръати корҳои барқарорсозии манзилҳоеро, ки ба онҳо вобаста карда шудаанд, тезонанд.
Оид ба рафти тайёрӣ ба зимистон муовини якуми раиси ноҳия ва сардори ситод оид ба тайёрӣ ба зимистон Эрназар Сатторов ҳисобот дод.
Мавсуф зикр намуд, ки ба мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» ва қарори раиси вилоят оид ба ин масъала аз ҷониби мақомоти ноҳиявӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуд.
Барои зимистонгузаронии муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанги ноҳия аз Буҷети давлат як миллиону 934 ҳазору 522 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 448 ҳазор сомонии он барои пардохти қарзҳои аз соли гузашта боқимонда масраф шудааст.
Шодихон Ҷамшед супориш дод, ки манбаи ба вуҷуд омадани қарздорӣ бояд куллан барҳам дода, маблағҳои ҷудошуда мақсаднок истифода шаванд. Ба шуъбаи молия супориш дода шуд, ки маблағи боқимондаи барои хариди сӯзишворӣ пешбинишударо дар зудтарин фурсат ба суратҳисоби идораву муассисаҳо гузаронанд, то ки онҳо имкони сари вақт захира намудани ангишт ва ҳезумро дошта бошанд.
Ҳамзамон раиси вилоят аз барандаи тендери хариди сӯзишворӣ — Ҷамъияти матлуботи ноҳия талаб кард, ки ҷиҳати дастрас намудани ангишт барои ниёзи муассисаҳо ва идораҳо фаъолтар амал намояд.
Зимнан талаботи кулли идораву муассисаҳои ноҳия ба ангишт наздик ба 2 ҳазору 500 тоннаро ташкил медиҳад.
Раиси ноҳия Мурзабай Ҷоошбаев роҳбарияти вилоят ва иштирокдоронро бовар кунонд, ки баробари гузаронидани маблағ ба суратҳисобҳои идораву муассисаҳо сари вақт аз кони «Сариқ Монғол»-и Ҷумҳурии Қирғизистон миқдори зарурии ангишт ба ноҳия кашонида мешавад.
Пас аз баррасӣ ва таҳлил ҷараёни омодагии ноҳияи Мурғоб ба зимистон, бахусус аз лиҳози таъминот бо ангишт, ғайриқаноатбахш баҳогузорӣ гардида, аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ тақозо карда шуд, ки иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳуриро дар муҳлати камтар аз як моҳ таъмин намоянд, зеро дар ноҳияи Мурғоб сардшавии ҳаво аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз мегардад.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»