Мушкили № 1-и бахши кишоварзӣ

№81 (3227) 22.07.2014

Заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун монда, ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш аст. Соли 2013 дар мамлакат майдони қариб 16 ҳазор гектар заминҳои корам, аз ҷумла 13 ҳазор гектар заминҳои обӣ, ба гардиши кишоварзӣ фаро гирифта нашуданд

 замин

«Ҳамасола барои иҷрои барномаҳои давлатӣ тавассути лоиҳаҳои сармоягузорӣ маблағҳои зиёд ҷудо мегарданд, вале сарфи назар аз ин, майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш сол аз сол зиёд шуда истодааст. Соли 2013 дар мамлакат майдони қариб 16 ҳазор гектар заминҳои корам, аз ҷумла 13 ҳазор гектар заминҳои обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Дар ҳолати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин миқдор замин соҳаи кишоварзии мамлакат имконияти дарёфти маблағҳои зиёд ва муҳайё намудани ҳазорҳо ҷойи кории иловагӣ пайдо мекунад».

 Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони бахши кишоварзии вилояти Хатлон

Дар шароити кунунӣ, ки инсоният дар қатори дигар таҳдидҳои глобалӣ ба мушкили таъмини озуқаворӣ дучор омадааст, моҳияти ҳифз ва истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин самти афзалиятноки сиёсати  давлатӣ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно набуда, дар шароити кӯҳистони мамлакати мо ин омил дар мадди аввал меистад. Бо дарназардошти омили мазкур Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамрадиф бо раҳойии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқавориро низ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегӣ эътироф ва интихоб намудааст. Имрӯз, тибқи маълумоти мавҷуда, ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ 0,08 гектар замини корами обӣ рост меояд, ки ин  нишондиҳанда дар қиёс бо давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ аз ҳама камтарин мебошад.

Сарфи назар аз камзамин буданаш Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро  дорад. Бинобар ин, истифодаи самараноки ҳар як гектар замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, аз худ кардани заминҳои нав, мусоидат ба сармоягузорӣ ва воридоти техникаву технологияи муосир тадбирҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки метавонанд амнияти озуқавории мамлакатро таъмин намоянд. Барои мисол, тибқи маълумоти аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дастрасгардида давоми солҳои охир истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 2,5 баробар афзудааст.Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ солҳои охир беш аз 680 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо шудааст.

Баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ имрӯз нуҳ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда  аз як миллиард сомонӣ татбиқ шуда, танҳо дар шаш соли охир аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо ба ин мақсад зиёда 2 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо мақсади барқарорсозии шабакаҳои ирригатсионӣ, идоракунии захираҳои обӣ ва обёрии заминҳо имрӯз дар ҷумҳурӣ панҷ лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии  онҳо қариб 600 миллион сомониро ташкил медиҳад.Бо мақсади ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо молҳои дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум як қатор қонунҳои мукаммал, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва барномаю консепсияҳои соҳаи аграрӣ таҳия ва қабул шудаанд, ки татбиқ ва иҷрои саривақтии онҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд. Вале эътироф бояд кард, ки дар ин самт то ба ҳол на ҳама имкониятҳои мавҷуда пурра истифода шуда истодаанд.

Яке аз сабабҳои  асосии паст будани нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ ба ташвишовар будани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва корношоямии шабакаҳои обёрӣ рабт дорад. Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар машварати корӣ бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони бахши кишоварзии вилояти Хатлон ба ин масъала дахл намуда, минҷумла зикр намуда буд, ки  «ҳамасола барои иҷрои барномаҳои давлатӣ тавассути лоиҳаҳои сармоягузорӣ маблағҳои зиёд ҷудо мегарданд, вале сарфи назар аз ин, майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш сол аз сол зиёд шуда истодааст.Соли 2013 дар мамлакат майдони қариб 16 ҳазор гектар заминҳои корам, аз ҷумла 13 ҳазор гектар заминҳои обӣ, аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Дар ҳолати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин миқдор замин соҳаи кишоварзии мамлакат имконияти дарёфти маблағҳои зиёд ва муҳайё намудани ҳазорҳо ҷойи кории иловагӣ пайдо мекунад».

Пажӯҳиши масъалаи фавқуззикр муайян намуд, ки он мушкили №1 –и бахши кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта,  ҳалли он дар таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ, зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар таъсири мусбӣ мерасонад. Эътироф бояд кард, ки мелиоратсия ва ирригатсияи заминҳо дар таъмини  амнияти озуқавории мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки стратегия ва сиёсати давлат ҷиҳати расидан ба суботи иқтисодию иҷтимоӣ дониста шудааст. Бесабаб нест, ки дар дилхоҳ кишвар соҳаи беҳдошти замин ва обёрии он яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, хизматрасони асосии соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, манбаи асосии таъмини аҳолӣ бо озуқа, корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом ва ҳамчунин шуғли аҳолӣ маҳсуб меёбад. Мусаллам аст, ки рушди ин соҳа, пеш аз ҳама, ба беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот, қишри аз ҳама осебпазири аҳолии кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, айни замон ҳолати зиёда аз 70 фоиз заҳбуру заҳкашҳо ва дигар иншооти обрасонии дохилихоҷагӣ, ки имрӯз дар ихтиёри худи хоҷагиҳо ҳастанд, ниҳоят ташвишовар аст. Аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки теъдодашон бино ба иттилои  Кумитаи давлатии  идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз 72 ҳазор гузаштааст, базаи техникӣ ва сармояи кофӣ барои нигоҳ доштани иншооти хоҷагии об надоранд. Дар натиҷаи сари вақт ва ба қадри зарурӣ тоза нашудани заҳбуру заҳкашҳо ва таъмир наёфтани иншооти дигари обрасонӣ масоҳати заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш дар ҷумҳурӣ меафзояд.

Ҳарчанд ки собиқ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ҳамасола  оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии аз 10 то 11 ҳазор гектар замин «ҳисобот» медод, вале  сол то сол зиёдшавии заминҳои ҳолати мелиоративиашон  ғайриқаноатбахш  ба мушоҳида  мерасад.

Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, аз сабаби нарасидани техникаи лозима, куҳнаю фарсуда будани онҳо ва  нарасидани мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ, корҳои вобаста ба таъмиру барқарорсозӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намешаванд. Дар ҳамин ҳол санҷишҳои аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар самти истифодаи маблағҳои бо ин мақсад ҷудошуда камбудиҳо зиёданд.  Масъулони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он назаранд, ки бо вуҷуди ҳамасола таъмири капиталӣ ва ҷорӣ гузаронидан дар қисмати зиёди пойгоҳҳои обкашӣ, онҳо  ба талаботи техникӣ ҷавобгӯй нестанд. Зеро аксари онҳо солҳои панҷоҳум ва навадуми  асри гузашта ба истифода дода шудаанд, ки  муҳлати истифодабариашон аз рӯйи нишондиҳандаҳои техникӣ гузаштааст.  Маҳз бо ҳамин сабаб давоми мавсими обдиҳӣ тез-тез аз кор мебароянд  ё ин ки бо иқтидори пурра кор намекунанд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт иқдомоти зиёдеро амалӣ намудааст, ки қабулу мавриди амал қарор гирифтани якчанд барномаҳои давлатии соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи таъмин намудани аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020», «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», «Барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ва  «Нақшаи аз худ намудани заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2008-2012» далели возеҳи ин гуфта мебошанд.

Аз суҳбат бо мутахассисони соҳа маълум шуд, ки тағйир ёфтани ҳолати мелиоративии заминҳо раванде ҳаст, ки пайваста дар ҷараён мебошад. Агар аз як тараф анҷом додани корҳои мелиоративӣ ҳолати заминҳоро беҳтар гардонад, аз тарафи дигар бо сабаби риоя накардани технологияи обмонӣ, сари вақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо, аз кор мондани чоҳҳои мелиоративӣ ва як қатор омилҳои дигар майдони заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш меафзояд. Бо дарназардошти ин беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо бояд пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд.  Онҳо изҳори нигаронӣ менамоянд, ки мутаассифона, аксари вақт барои муайян намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ нишондодҳои дараҷаи шӯрнокии хок, маълумотҳо бо наворгирии заминҳои шӯр, ки то соли 1986 амалӣ шудаанд, истифода мешаванд, ки онҳо дар шароити ҳозира ба талабот ҷавобгӯй намебошанд.

Маълумоти оморӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ барои дар ҳолати хуби мелиоративӣ нигоҳ доштани заминҳои обёришаванда ҳамагӣ 11402 км заҳбуру заҳкашҳо, аз ҷумла 2213 км байнихоҷагӣ ва 9279 км дохилихоҷагӣ вуҷуд доранд, ки аз ин 2000 километрашро заҳкашҳои пӯшида ташкил медиҳанд.  Шоистаи зикр аст, ки яке аз сабабҳои дигари ғайриқаноатбахш  гардидани  ҳолати мелиоративии заминҳо аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ риоя накардани меъёрҳои обёрии зироатҳои кишоварзӣ ва аз байн рафтани чорабиниҳои обшӯйкунии шӯрзаминҳо мебошад.

Ба андешаи инҷониб, аввалин коре, ки дар ин самт бояд анҷом дод, ин масъалаи таъмини ҳамоҳангии фаъолияти тамоми мақомоту идораҳое мебошад, ки иҷрои  рисолати мазкур ба доираи салоҳияти онҳо дохил мешавад, зеро далелу рақамҳои овардашуда оид ба масоҳати умумии заминҳои ҳолати мелиоративиашон бад далели он аст, ки ин ҳамоҳангӣ вуҷуд надорад ё худ дар сатҳи  бениҳоят  паст қарор дорад.

Масъалаи дигаре, ки ба он бояд диққати ҷиддӣ дод, ин масъалаи маблағгузории саривақтӣ ва назорати ҷиддӣ аз болои истифодаи мақсадноки онҳо мебошад, зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт низ на ҳама вақт ва на дар ҳама сатҳҳо кор  қаноаткунанда аст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии мамлакат, 90 фоизи маҳсулоти соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ аз заминҳои обёришаванда рӯёнида мешавад. Дар навбати худ соҳаи кишоварзӣ истифодабарандаи асосии об – то 85 фоизи ҳаҷми оби истифодашаванда мебошад. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он будем, ки дар ҷараёни ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар заминаи 600 хоҷагии бузурги колхозу совхозҳо имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 70 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ таъсис шудааст. Бештари ин хоҷагиҳо таҷрибаи кофии агротехникӣ надоранд ва дар натиҷаи истифодаи нодурусти замину об ҳолати мелиоративии қисмати зиёди заминҳо бад гардидааст. Аз тарафи дигар, на ҳамаи ин хоҷагиҳо имконияти молиявӣ ва техникии тоза кардани канал ва заҳбуру заҳкашҳо ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани пойгоҳ, чоҳҳои обкашӣ ва иншооти дигари гидротехникиро доранд.

Ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ дар навбати худ ҷорӣ кардани муносибатҳои нави иқтисодиро талаб дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки низоми идоракунӣ таҷдид ва ба шароити иқтисоди бозорӣ мувофиқ карда шавад. Табиист, ки барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардидани фаъолияти дилхоҳ соҳа мавҷудияти заминаи мукаммали қонунгузорӣ нақши муассир дорад. Биноан, месазад аз фаъолияти пурмаҳсули  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода ёдовар шавам. Бо дарназардошти таҷдиди соҳа, ки аз Консепсияи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои оби Тоҷикистон бармеояд, соли гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Ин иқдом аз қадамҳои нахустин дар самти қонунгузорӣ маҳсуб меёбад, ки ба беҳтар кардани идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об равона шудааст. Аз ин рӯ, минбаъд низ лозим аст, ки қонунгузории соҳаи беҳдошт ва обёрии замин, бо дарназардошти беҳтар намудани ҳолати бамиёномада ва зарурати ба принсипи нави  идоракунии захираҳои об гузаштан, пурра таҳлил ва таҷдид карда шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2014 ва вазифаҳо барои оянда Вазорати кишоварзӣ, сохторҳои он ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуда буд, ки «барои бартарафсозии камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва самаранок истифода бурдани мавсими ҳосилғундорӣ, сари вақт ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони оянда чораҳои таъхирнопазир андешанд». Пажӯҳиши масъала собит намуд, ки бидуни истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии он ва боло бурдани фарҳанги истифодаи замин иҷрои супоришҳои фавқуззикр дар сатҳи хуб ва сифати баланд ғайриимкон аст. Пас масъулини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва дигар сохторҳои марбутаро мебояд, ки фаъолияташонро дар ин ҷода вусъат бахшанд. Зеро, ин вазифаи ҷонии онҳо мебошад, ки ба зиммашон ҳомии ҳуқуқҳои конститутсионии мардуми кишвар – Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор намудааст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»