Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» аввалин маротиба барои шоликорони ҷумҳурӣ аз Германия 10 комбайни тасмачарх ва чархдори шолидарави навъи «KLAAS-Tiger» ворид намуд.
Тибқи иттилои КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ин комбайнҳо муосиртарин техникаи асри XXI маҳсуб меёбанд. Онҳо дар асоси дархости хоҷагиҳои шолипарвари вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд.
Муҳаррики комбайнҳои мазкур дорои 76 қувваи асп буда, арзи досашон 3,2 метр ва ғунҷоиши бордон 1,7 тонна мебошад. «KLAAS-Tiger» дар заминҳои намнокиашон баланд ба осонӣ кор мекунад ва масрафи хеле ками сӯзишворӣ дорад.
Айни замон ду комбайни шолидарав ба хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода ҷудо шудааст. Деҳқонони минтақа то ин дам маҷбур буданд, ки моҳҳо шолиро дастӣ дарав ва чанд нафарро ҳамчун коргари кироя ҷалб намоянд. КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ният дорад, ки ба хоҷагиҳои шолипарвари минтақа тибқи дархосташон боз чанд адади дигар чунин комбайнро дастрас кунад.
Ин комбайнҳо хурдҳаҷм буда, дар заминҳои ноҳамвор низ ҳосилро ба осонӣ ҷамъоварӣ менамоянд.
Директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода гуфт, ки корхона ният дорад, ки дар ояндаи наздик тракторҳои гуногунтамғаи тасмачарху чархдор, таҷҳизоти пиёзшинонӣ, пиёзғундорӣ, картошкашинониву картошкағундорӣ, инчунин намудҳои тухмипошакҳои зироати ғалладонагӣ, решаканӣ ва мошинҳои сарчинро ба корхонаҳои истеҳсолкунанда фармоиш диҳад.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»