Мутаассифона, ин омил аз ҷониби баъзе кишварҳои минтақа сӯистифода мешавад
Дар ҷаҳони муосир мушкилоти экологӣ аз ҷумлаи масоиле мебошад, ки дар маркази таваҷҷуҳи ташкилоту созмонҳои марбута ва аҳли ҷомеа қарор гирифтааст. Агар ин мавзуъро амиқтар мавриди омӯзиш қарор диҳем, мушоҳида мешавад, ки дар аксар маврид ин масъала ба сифати абзори ҳимояи манфиатҳои як идда кишварҳо ва воситаи дастраснамоии маблағ барои баъзе созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ табдил ёфтааст. Мушкилоти экологӣ аз лиҳози моҳият барои дилхоҳ кишвар ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ, хеле муҳим аст. Ин масъаларо бояд дар робита ба маншаи пайдоиш ва асосҳои воқеӣ таҳлилу баррасӣ намуд, на аз рӯйи бархӯрди манфиатҳо.
Пайгирии масоили мазкур собит намуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ин мушкилотро ба сиёсат махлут гардонида, ба ҳимояи ноадолатонаи манфиатҳо омезиш додаанд ва таври мунтазам аз ҷониби ҳамсоякишвари мо- Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қиболи иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъмини рушди кишвар ва минтақа нигаронида шудааст, истифода мешавад.
Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин мушкилот аслан вуҷуд надошт. Баръакс, тамоми лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи обӣ ва корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» то Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ки тасмими бунёд ва раванди фаъолияташон аз ҷониби ҳамсоякишвар ба вазъи экологӣ зараровар маънидод мешавад, он замон маҳз бо саҳмгузории густурдаи пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии ин давлат рӯйи кор омадаанд.
Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки заминаи асосии пайдо гардидани мушкилоти экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ тасмими Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, зеро то эълони ин тасмим, ки барои кишвари мо масъалаи ҳаёту мамот маҳсуб меёбад, доир ба мавҷудияти чунин мушкилот ва «зарар»-и корхонаҳои саноатӣ ҳама «муҳри хомӯшӣ» ба лаб доштанд. Маҳз ҳамин иқдом боиси булбулвор ба хондан даромадани як идда ба ном «коршиносони мустақил», таъсис ёфтани гурӯҳи алоҳидаи вакилон дар парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ғайра доир ба ин мушкилот гардид. Мо ҳаргиз мавҷудияти мушкилоти экологиро дар мамлакат инкор намекунем, зеро чунин мушкилот ҳатто дар пешрафтатарин давлатҳои олам низ ба мушоҳида мерасад. Вале истифодаи муғризонаи ин омил, ба ҳеҷ ваҷҳ, қобили қабул нест. Ба андешаи банда, дар ин ҷода то андозае истиҳола намудани сохторҳои марбутаи кишварамон дар мавриди вокуниш ба андешаҳои ҳазёномези масъулини ҳамсоякишвар то андозае ба «осиёби онҳо об рехтан»- ро шабеҳ гардид. Манзури банда он аст, ки аз ҷониби вазорату идораҳои зидахли мамлакат дар қиболи факту рақамҳои «осмонӣ»-и мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати ҳаҷми зарари фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ягон арқоми асоснок пешниҳод нагардид, ҳол он ки то чӣ андоза зараровар будани корхонаҳои саноатии ин кишвар, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии шимоли мамлакат фаъолият доранд, ба касе пӯшида нест.
Ҳамзамон моро зарурат пеш намеояд, ки доир ба ин масъала рақамҳои «осмонӣ» пешниҳод намоем. Итминонам комил аст, ки дар ояндаи наздик сохторҳои кишвар ба ин масъала таври ҷиддӣ машғул мешаванд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси маълумоти муътамад доир ба таъсири манфии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва корхонаҳои сершумори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба экология муътақид хоҳанд гашт, ки « ин куҷову он куҷо». Дар ҳоле ки корхонаҳои саноатии ҳамсоякишвар, бо вуҷуди зиёд будани таъсири партовҳои дар натиҷаи фаъолияташон ҳосилшаванда ба вазъи экологӣ баҳри коҳиш додани ин раванд «оби шикамашонро намеҷунбонанд», Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо вуҷуди тасдиқи худро наёфтани ин камбудӣ дар ҷараёни фаъолияташ то ин замон баҳри таъмини бехатарии истеҳсолот ба муҳити атроф 446,1 миллион сомонӣ харҷ намудааст.
Тавре болотар зикр намудам, ангезаи асосии то ин андоза боиси нигаронӣ қарор гирифтани мушкилоти экологӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бевосита ба тасмими ҷониби Тоҷикистон оид ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» рабт дорад. Доир ба моҳияти масъала мехоҳам зикр намоям, ки мавқеи Тоҷикистон дар ин бобат тағйирнопазир аст ва ягон лоиҳаи дар кишвари мо татбиқшаванда ба муқобили ҷониби дигаре нигаронида нашудааст, Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо иброз доштааст, ки бо назардошти манфиатҳои умумиминтақавӣ, хоҳони роҳандозии муносибатҳои барои тарафайн судманд бо ҳамсояҳои худ дар ин масъала аст.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар ин хусус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир, борҳо, аз ҷумла аз минбари иҷлосияҳои 63-юм ва 64-уми Маҷмаи умумии СММ, Саммити Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим ва дигар анҷуманҳои байналмилалӣ, доир ба масъалаи об сареҳан изҳори ақида кардааст. Инсондӯстӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ ба анъанаҳои ҳамсоядорӣ аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то ҳаддест, ки мавсуф се сол пеш зимни ирсоли Паёми худ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр намуд: «Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсояҳои худро бе об нахоҳем гузошт».
Нуктаи муҳим он аст, ки корҳои дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин замон амалигардида суханпардозӣ набуда, ин равандро иқдомоти воқеӣ мукаммал намуданд.Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он будем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози нияти холиси худ зиёда аз панҷ сол пеш ба Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки сохтори соҳибваколати Созмони Милали Муттаҳид аст, дар бораи гузаронидани ташхиси техникиву иқтисодии лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» муроҷиат карда буд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин бора Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи кишварҳои минтақа муроҷиат намуда, ба таври расмӣ пешниҳод карда буд, ки ба Консорсиуми байналмилалӣ оид ба сохтмони ин иншоот ҳамроҳ шаванд. Мутаассифона, ин пешниҳод низ аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон беҷавоб монд, дар ҳоле ки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор будани худро изҳор доштанд. Айни ҳол Бонки Умумиҷаҳонӣ бо ҳама ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ду маротиба бо вазорату идораҳои дахлдори кишвари фавқуззикр машваратҳои заруриро доир намуд ва тамоми эродҳои баёнгардида, аз ҷумла талабот нисбат ба амнияти сарбанд, ҷанбаҳои экологӣ ва иҷтимоии масъала дар супориши техникӣ оид ба таҳияи асосноксозии техникиву иқтисодӣ ба инобат гирифта шуданд.
Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар масъалаи истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ равона гардидааст, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ меёбад. Ҳанӯз 11 декабри соли 2009 Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷаноби Роберт Зеллик дар мактуби худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сиёсати кишвари моро таъйид намуда, омодагии худро доир ба ҳамкории зич дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ изҳор карда буд. Дар ҳамин росто, Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт ҷаноби Томас Миров низ айнан ҳамин тавр изҳори ақида кардааст.
Ба андешаи коршиносони сатҳи байналмилалӣ, барои ҳамоҳангсозии тамоми масъалаҳои обу энергетикаи Осиёи Марказӣ Консорсиуми минтақавӣ, ки лоиҳаи консепсияи он ҳанӯз даҳ сол пеш таҳия гардида, аз ҷониби ҳамаи давлатҳои минтақа, ба истиснои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, маъқул дониста шудааст, механизми самарабахш буда метавонад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро масъалаи ҳаёту мамоти мамлакатамон арзёбӣ кардааст. Дар ҳоле ки баъзе кишварҳои минтақа ба шарофати оби аз рӯдхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоришаванда иқтисодиёти худро таҳким бахшида истодаанд, аҳолии Тоҷикистон ҳар сол давоми шаш моҳ азияти бебарқӣ мекашад. Магар дар асри XXI мавҷудияти ин ҳолатро наметавон чун мушкилоти доғи рӯз арзёбӣ намуд? Итминонам комил аст, ки агар бо чунин мушкилот кишварҳое чун Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувоҷеҳ мебуданд, он гоҳ «осмон омада ба замин мечаспид».
Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дарк намояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори худро доир ба эҳёи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», бо назардошти масъалаҳои зерин қабул кардааст:
Аввалан, бинобар зарурати ҳаётии ба таври муътадил таъмин намудани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар бо барқ, ки дар давраи тирамоҳу зимистон дар тӯли даҳсолаи охир ба камбуди шадиди он дучор мегардад ва аз ҳисоби воридот бартараф кардани он бо сабаби мунтазам эҷод шудани монеаҳои сунъӣ ғайриимкон гардидааст.
Бинобар вуҷуд надоштани захираҳои нафту газ, инчунин имкон надоштани интиқоли неруи барқ аз дигар кишварҳо, бунёди ин неругоҳ, ки қисми зиёди он ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст, роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти мавҷуда маҳсуб меёбад.
Дуюм, ин лоиҳа ҳам дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам дар солҳои охир борҳо мавриди ташхиси давлатӣ, инчунин ташхиси мустақил қарор гирифтааст (Ташхиси охирин аз ҷониби ширкати олмонии «Lahmeyer» дар соли 2006 бо фармоиши ҶСК «РусАл» сурат гирифтааст), ки хулосаҳои онҳо зарурати иқтисодӣ ва амнияти экологии иншоотро тасдиқ намудаанд. Дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҳайси пудратчиҳо иштирок кардани ширкатҳои Федератсияи Россия ва бисёр ширкатҳои дигари хориҷӣ далели возеҳи вуҷуд надоштани ягон ташвиши ин кишварҳо нисбати лоиҳа мебошад.
Нуктаи муҳим он аст, ки таҳқиқоти мазкур, ки зимнан аз ҷониби олимони олмонӣ бо фармоиши ҶСШК «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд гузаронида шудааст, устувории сарбанди бо сангу шағал ва бо меҳвари сафедхок сохташавандаро ҳамчун иншооти аз ҳама эътимодноктарин ва дарозумр, камхавфтарин ва барои шароити маҳал муносибтарин собит намуданд. Инро истифодаи қариб 43-солаи бомуваффақияти сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак», ки дар масофаи на чандон дур аз Роғун ҷойгир аст, таври возеҳ таъкид менамояд. Доир ба ҳолати кунунии ин иншоот бошад, метавон гуфт, ки моҳи октябри соли 2009 Комиссияи байналмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург ба сарбанди 300-метраи Неругоҳи барқи обии «Норак» нишони махсус ва сертификати сифатро ҳамчун «дастоварди олии афкори муҳандисӣ» сазовор донист. Навсозии иншооти мазкур, ки ҳоло идома дорад, имкон медиҳад, ки фаъолияти самарабахши он дар ояндаи дарозмуддат таъмин карда шавад. Табиист, ки ин таҷрибаи нодир бо истифодаи технологияҳои нав дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ истифода хоҳад шуд, ки лоиҳаи сарбанди он барои минтақаи сохтмони эҳтимоли заминҷунбиаш на зиёда аз 9 балл мувофиқ гардонида шудааст. Бояд зикр намуд, ки тӯли тамоми таърих дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи 10-балла ва дар маҳалли сохтмони неругоҳ бошад, заминларзаи зиёда аз 6 балл, ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин радиф бамаврид аст зикр намоем, ки фалокати баҳри Арал, тавре натиҷаҳои тадқиқоти мутахассисон нишон медиҳанд, бевосита ба азхудкунии васеи заминҳои нав дар минтақа (аз 2,8 миллион гектар дар ибтидои асри ХХ то 9 миллион гектар дар охири садсола, ки аз он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 720 ҳазор гектар ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 4,2 миллион гектар рост меояд) ва ба истифодаи технологияҳои қафомондаи обёрӣ, ки боиси то 60 фоиз бебозгашт талаф ёфтани об мегардад, вобаста мебошад. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар ин хусус дар Протоколи Комиссияи ташхисии Шӯрои техникии Пажӯҳишгоҳи «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд ҳанӯз дар соли 1968 сухан рафтааст. Бунёд гардидани обанборҳо дар кишварҳои поёноб, ки маҳз бо мақсади обёрӣ сохта шудаанд ва обро тамоми сол захира карда, ба резиши он ба баҳр монеа эҷод мекунанд, боиси фоҷиаи баҳри Арал гардидааст. Шумораи чунин иншооти сохташуда ва ҳоло амалкунанда ба 100 адад расида, ҳаҷми умумии обанборҳои айни ҳол сохташаванда аз ҳаҷми мавҷудаи оби баҳри Арал 1,5 баробар зиёд аст.
Ҳамчунин бояд ба инобат гирифт, ки дар васеъ гардидани майдонҳои кишт ва рушди пахтакорӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон обанборҳои Тоҷикистон, ки обро захира намуда, дар давраи обёрӣ ба таври муътадил расонидани онро таъмин месозанд, нақши ҳалкунанда бозиданд ва ҳанӯз ҳам мебозанд. Ба ғайр аз ин, шоистаи зикр аст, ки дар фасли тобистони камоби соли 2000 бо хоҳиши ҷониби ҳамсоякишвар ҷониби Тоҷикистон ду маротиба даҳрӯзӣ аз обанбори Норак дар ҳаҷми ҳазор метри мураббаъ дар як сония обро ҷорӣ намуд. Муҳимияти ин иқдом дар он зоҳир мешавад, ки мувофиқи хоҳиши ҳамсояи худ мо огоҳона бар зарари худ, яъне аз баҳри фоида ва истеҳсоли қувваи барқ дар фасли зимистон гузашта, ба чунин иқдом даст задем. Тасаввур кардан мушкил нест, ки агар ин обанбор ё обанбори Қайроққум, инчунин ҳисси анъанавии дастгирии ҳамсоягарӣ намешуд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон чӣ гуна зарар медид.
Вобаста ба тавозуни об бояд зикр намуд, ки тибқи хулосаи асосноки мутахассисон, оби дарёи Вахш, ки неругоҳ дар он сохта мешавад, 28,6 фоизи маҷрои миёнаи солонаи Амударёро ташкил медиҳад ва пур кардани обанбори Роғун аз ҳисоби лимити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 15 сол сурат хоҳад гирифт. Идоракунии низоми маҷрои Вахш дар доираи механизмҳои мавҷудаи умумиминтақавӣ амалӣ хоҳад гашт. Аз ин рӯ, сохтмони иншоот ба низоми маҷрои об ягон хел таъсир нахоҳад расонид ва ҳаёти одамонро таҳти хатар қарор нахоҳад дод. Гузашта аз ин, бо ибрози ҳусни нияти ҳамсоягии нек якчанд сол пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истифодаи кӯли Сарез барои таъмини доимии аҳолии тамоми минтақа ва дар навбати аввал ҳамсояи наздиктарини мо — Ӯзбекистон, бо оби тозатарини нӯшокӣ ташаббус зоҳир карда буд. Мутаассифона, ин пешниҳод дастгирӣ пайдо накард.
Овардани ин ҳама далелу арқом ба он хотир аст, ки ҳамагон бояд дарк намоянд, ки ҳама масъалаҳои экология, тавозуни об ва таҳдидҳои эҳтимолии фоҷиаи техногенӣ зимни бунёди иншооти барои давлати мо муҳиму сарнавиштсоз -Неругоҳи барқи обии «Роғун» пурра ба назар гирифта шудаанд ва сохтмони чунин неругоҳ мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳаққи пурра ва мустақили ҳар як давлат мебошад.
Пас чаро мо аз ҳаққи хеш ба манфиати миллату меҳан истифода накунем?
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»