Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028»

Мушкилоти марбут ба об тавсеаи ҳамкориро тақозо дорад

№58 (3852) 12.05.2018

180345_900Дар шароити Тоҷикистон истеъмолкунандаи асосии захираҳои об соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳиссаи он аз 84 то 94% аз ҳаҷми умумии оби истифодашударо ташкил медиҳад. Муҳимтар аз ҳама, 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Аз пайдоиши ҷомеаи инсонӣ то имрӯз дар робита  ба масъалаи об ва нақши он дар инкишофи оламу инсоният сиёсатмадорон, коршиносон ва олимони соҳаҳои мухталиф андешаи зиёд пешниҳод кардаанд.

Эътироф шудааст, ки дар сурати норасоии захираҳои обӣ зарурати истифодаи сарфакорона пеш меояд.

Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Бояд ҳама дарк намоянд, ки қимати об аз қимати нефту газ, ангишт ва дигар намудҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ камтар нест».

Маҳз об аст, ки ба ҷанбаҳои зиндагии инсон рабт дошта, ба рушди он мусоидат менамояд. Дар замони муосир хавфи кам шудани оби ошомиданӣ, ифлосу заҳролудшавии захираҳои обӣ ба вуҷуд омадааст. Ғайримақсаднок истифода бурдани об ба он оварда расонидааст, ки дараҷаи тоза будани он паст гардида, на фақат саломатии одамон, балки мувозинати экологии биосфера ҳам коҳиш ёбад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, тақрибан 1 млрд. аҳолӣ аз норасоии оби ошомиданӣ азият мекашанд ва 2,5 млрд. нафар оби ғализро истеъмол менамоянд.

Тӯли 26 сол дар кишвар  барои таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаву босифати нӯшокӣ, ки омили асосии ҳифзи саломатӣ мебошад, ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалии сармоягузорӣ амалӣ гардида, дар ин самт татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ҳукумат дар сиёсати хеш истифодаи оқилонаи захираҳои обиро меҳвар қарор дода, дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат менамояд.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ибтикори чоруми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи об маҳсуб мешавад, низ баҳри рафъи мушкилоти мавҷуда мебошад.

Солҳои охир дар Осиёи Марказӣ бо иқдоми Пешвои миллат густариши ҳамгироии минтақавӣ идома дорад, ки ба беҳтар гардидани равобит дар масъалаҳои обу энергетика кумак менамояд. Ин омил падидаи мусбат буда, дар оянда тавсеа бахшиданаш ба манфиати кор хоҳад буд.

Хулоса, ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти об зарур ва ногузир буда, ба ин васила пайомадҳои ногувори ин раванд пешгирӣ мешавад.

Ш. НУРОВ

мудири кафедраи менеҷменти молиявии

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон