Солҳои охир дар натиҷаи танишҳои сиёсӣ ва паст рафтани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ вазъи иктисодии Россия вазнин гашт. Аз сабаби он ки кишварҳои Осиёи Миёна бо Россия пайвастагии зиёд дорад ва аксари муҳоҷирони кории минтака ба он ҷо мераванд, мушкилоти иктисодии он ба аксар давлатҳо ҳам таъсир расонд. Аз як ҷониб, агар даромади муҳоҷирон нисбатан кам шуда бошад, аз ҷониби дигар, сол аз сол шумораи муҳоҷироне, ки аз Федератсияи Россия хориҷ мешаванд ва то чанд сол ба Россия дохил шуданашон мамнуъ аст, зиёд мегардад.
Аз ин ҷост, ки ҳукуматҳо, коршиносони дохиливу хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ доранд. Тибки хабари расонаҳо, аз 27 март то 1 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Оши Кирғизистон ва аз 5 то 7 апрел дар Алмаатои Казокистон конфронсҳо дар мавриди мушкилоти муҳоҷират баргузор шуд.
Албатта, омилҳои сар задани мушкилот, натиҷа ва роҳҳои ҳалли онро ҳар коршинос ба таври худ арзёбӣ мекунад. Мутаассифона, дар ин миён шахсиятҳое ҳам ҳастанд, ки бо андешаҳои нодуруст ва носанҷида омилҳои сар задани мушкилотро ғалат маънидод карда, ба ҷойи ҳал намудан онро печидатар мекунанд. Чунин ҳолат дар мусоҳибаи раиси Созмони ҷамъиятии тоҷикони Россия Абдулло Давлатов мушоҳида мешавад. Номбурда бо як сомонаи интернетие, ки дар миёни мардуми тоҷик бо матлабҳои беасос ва бепоя чоп карданаш маълум аст, мусоҳиба карда, назари худро нисбат ба чанд масъала иброз доштааст.
Абдулло Давлатов таассуф мехӯрад, ки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар дар мавриди мушкили пайвастани муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан ронда, доир ба ҳалли мушкилоти дигари онҳо чораҷӯйӣ намекунанд. Ӯ иддао дорад, ки ин кишварҳо дар ҳалли мушкилот нотавонанд, аз ин рӯ, исломро гунаҳгор мекунанд.
Аз ин гуфтаҳои Абдулло Давлатов ду маънӣ бармеояд: якум, ӯ ҳамчун шаҳрванди Россия вокеияти онро, ки аксари шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, аз Россия ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст мешаванд, рӯйпӯш кардан мехоҳад. Яъне, аслан масъулияте дар назди зодгоҳи худ доштан намехоҳад ва танҳо дар фикри манфиати ватани наваш аст. Ё ин корро огоҳона ва бо донистани асли ин мушкил мекунад ва аслан дигар мурдани навҷавононро мушкили худ намеҳисобад ё чун коршиноси ин соҳа нест, аз асли мушкил бехабар аст ва аз рӯи таассубу зудбоварӣ хулосабарорӣ мекунад, ки натиҷааш комилан ғалат мебарояд. Чунин ба назар мерасад, ки Абдулло Давлатов мехоҳад бо истифода аз ҳар фурсат диккати расонаҳои хабарӣ ва мардумро ба худ ҷалб созад, ки худнамоие беш нест.
Дуюм, Абдулло Давлатов аз тадкикоти худ барои «исбот» кардани он ки пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротии исломӣ ягон рабте ба дини ислом надорад, мегӯяд, ки коршиноси ин соҳа нест ва икрор мешавад: «Ҳар кас бояд кори худашро кунад. Ман ҳоло аз масъалаи муҳоҷират канора рафтаам ва пешниҳодҳою ҳарфҳоям дар ин раванд ғайрикасбӣ мешаванд. Барои ҳамин, аз «маслиҳат» додан худдорӣ мекунам». Ин дар ҳолест, ки бе ягон дудилагӣ дар мавриди мушкилоти ифротгаройӣ ва масъалаҳои мушкили дини ислом хулосабарорӣ мекунад. Аҷиб аст, ки бо солҳо таҷрибаи муҳоҷирӣ доштан ба худ иҷозаи хулосабарорӣ дар мавриди муҳоҷиратро намедиҳад, аммо бе таҷрибаи диншиносӣ доштан, хулосабарорӣ дар мавриди ислом ва гурӯҳҳои исломиро мекунад. Ҳатто ба таври худ омили асосии ифротӣ шудани ҷавононро ҳам ёфтааст, ки онро танҳо дар мушкилоти дохилии сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ, озодии баёну маориф ва конунгузориҳо мебинад. Чунин хулоса мекунад, ки «мушкилот на дар раванди муҳоҷират ё муҳоҷирон, ислом ва ё гурӯҳҳои ифротие, ки никоби мусулмонӣ пӯшидаанд, мебошад, балки мушкилзои асосӣ ҳукуматҳои худкома мебошанд». Намегӯяд, ки ҳазорҳо ҷавон аз кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ низ ба ин гурӯҳҳо пайвастаанд ва ин мушкил дар он кишварҳо ҳам ҳаст. Ҳатто худи Россия ҳам ба ҳамин мушкил мувоҷеҳ аст. Аммо Абдулло Давлатов дар ин мушкилот танҳо ҳукуматҳои минтакаро мункасир медонад. Ин ҳам далели он аст, ки ӯ дар ин соҳа мутахассис нест ва аз вокеияти раднопазир бехабар аст. Ё намедонад, ки агар дар пайвастани ҷавонони Осиёи Миёна ба гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ДИИШ, ҳукуматҳои «худкома» -и минтака гунаҳгор бошад, пас бо ҳамин тартиб ҳукуматҳои кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ ҳам худкома буда, дар пайвастани ҷавонони кишварашон мункасир ҳастанд. Ё худи ҳукумати ватани нави худаш — Россия ҳам бо ҳамин тартиб худкома ва гунаҳгор мебарояд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ё умуман аз ин масъалаҳо бехабар аст ё баркасдона ва ноодилона дар ин мушкилот ҳукуматҳои минтакаро гунаҳгор нишон додан мехоҳад. Саволе ба миён меояд, ки агар (ба кавли худаш) аз масъалаи муҳоҷират канора рафтааст ва ягон маслиҳате дода наметавонад, пас чаро ба чунин конфронсҳо меравад? Агар ӯ намерафт шояд ба ҷояш коршиноси вокеие мерафт, ки пешниҳоди созанда карда метавонист.
Як иддаои беасоси дигари Абдулло Давлатов ин аст, ки мегӯяд: коршиносони Осиёи Марказӣ суҳбатро дар «ҳама ҳолат ба сӯи таҳкири ислом мекашанд, ба ислом бадбинӣ доранд». Ӯ худро баръакси дигарон донандаи ислом вонамуд карда, иддао дорад, ки аз ислом пуштибонӣ карда истодааст. Аммо ба ҳама маълум аст, ки ҳукуматҳои минтака ва намояндагону коршиносони расмияшон дар ягон ҳолат ба ислом бадбинӣ доштани худро нишон надодаанд, балки дар баробари мубориза бо гурӯҳҳои исломии ифротие, ки зидди расму оинҳои мардуми минтака баромада, миёни аҳли ҷомеаҳо тафрика меандозанд, бо ташкили марказҳои исломшиносӣ, кумитаи дин ва сохтани ҳазорҳо масҷиди хурду калон аз исломи суннатӣ ва таҳаммулпазир ҳимоя мекунанд. Дуруст аст, ки фаъолияти гурӯҳ ва шахсиятҳои тундрави ифротиро манъ мекунанд, аммо ин ҳаргиз маънои исломбадбиниро надорад. Агар Абдулло Давлатов аз таърихи дини ислом хабар медошт, медонист, ки ҳанӯз аз оғоз дар ҷомеаҳои исломӣ гурӯҳҳое буданд, ки сабаби бенизомии ҷомеаҳо мегаштанд ва мамнӯъ мешуданд. Ин ҳодисаи нав нест ва дар ин муборизаҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам танҳо нестанд. Дар кишварҳои мусулмоннишин ин мушкил ҷой дорад ва дар ҳар яке аз ин кишварҳо фаъолияти гурӯҳҳои муайян мамнӯъ эълон шудааст.
Гузашта аз ин, Абдулло Давлатов муносибати ҳукуматҳои минтакаро нисбат ба гурӯҳҳои ифротӣ шарҳ дода, мегӯяд, ки «шеваи кори ҳукумати имрӯза факат як роҳ дорад-вартаи ҳалокат». Ин дар ҳолест, ки сари вакт кашф кардани хатари гурӯҳҳои алоҳидаи ифротии исломӣ ва мамнӯъ кардани онҳо ин кишварҳоро аз вартаи ҳалокат наҷот додаанд. Инро ҳар як коршиноси аз асли масъала бохабар медонад.
Хулоса, А. Давлатов дар мусоҳиба рӯякӣ ва носанҷида омилҳои сар задани мушкилотро тавзеҳ додааст ва ин на танҳо наметавонад роҳи ҳал бошад, балки мушкилро дар ин самт печидатар мекунад. Аз ин рӯ, шояд ягона роҳи хизмати чунин ашхос барои ватани худ он бошад, ки ба кори худ машғул шаванд ва бо чунин назарҳои подарҳаво мушкилоти ҷойдоштаро печидатар накунанд. Ба таври дигар гӯем, агар манфиате расонда наметавонӣ, ҳадди акал зарар нарасон!
Фирузи Акрам