Дар раванди рушди иқтисоди бозаргонӣ, аз ҷумла бо мақсади пешрафти соҳаи саноат, акселератсия ҳамчун барномаи инкишофи босуръати тиҷорат хеле муҳим буда, барои ташкили стартап ва оғози тиҷорати хурд, инчунин, дар самти тиҷорати электронӣ ё IT-маркетинг дар кишвар ва бозорҳои байналмилалӣ усули саривақтию мусоидаткунанда мебошад.
Акселератсия, одатан, барномаҳои таълимӣ, чорабиниҳо оид ба рушди соҳа, машварат бо коршиносон (маҳаллӣ, хориҷӣ) ва тренерҳоро дар бар мегирад. Барномаи инкубатсия бошад, яке аз намунаҳои барҷастаи рушд ва дастгирии соҳибкории инноватсионӣ маҳсуб ёфта, барои рафъи монеаҳо ба таъсис ва рушди соҳибкории хурд мусоидат мекунад. Мақсади асосии акселератор ва инкубатсия рушди интенсивии ширкатҳо тавассути роҳнамоӣ, омӯзиш, дастгирии молиявӣ ва коршиносӣ буда, акселератор барои пайдо кардани муштариёне, ки ба маҳсулот ниёз доранд ва беҳтар кардани маркетинг, инчунин, афзоиши фоида, кумак мекунад.
Яке аз татбиқкунандагони ҳадафҳои рушди устувор, махсусан ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар, намояндагони бахши хусусӣ мебошанд, ки аксаран таҳти барномаҳои акселераторӣ ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ қарор доранд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Юнона» яке аз ташкилотҳои мусоидаткунандаи рушди тиҷорат дар дохили мамлакат маҳсуб меёбад. Он тайи солҳои 2021 — 2022 бо дастгирии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Рушди тиҷорати устувор дар маҳал» гурӯҳи соҳибкорони соҳаи истеҳсолии саноати сабук ва саноати хӯроквориро аз ҳафт шаҳру ноҳия — Кӯлоб, Темурмалик, Восеъ, Ховалинг, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба барномаҳои таълимии тиҷоратӣ, омӯзиш, коршиносӣ ва барномаи дастгирии молиявӣ ҷалб намуд. Соҳибкорони ҷалбшуда 30 нафар аз минтақаи Кӯлоб ва 20 нафар аз минтақаи Рашт мебошанд, ки 18 нафарашонро соҳибкорзанон ташкил медиҳанд. Онҳо бештар ба соҳаҳои саноат ва тиҷорат, аз ҷумла дӯзандагӣ, нонпазиву қаннодӣ, коркарди маҳсулоти чӯбӣ, оҳан, самти тиҷорати электронӣ, соҳаи боғдорӣ ва моҳидориву парандапарварӣ, машғуланд.
«Юнона» сараввал ба коргоҳу корхонаҳои соҳибкорон ташриф ва аз шароиту имконият, мушкилоту ниёзи онҳо маълумот ҷамъ оварда, вобаста ба эҳтиёҷоти соҳибкорон барномаҳои омӯзиширо дар минтақаҳо роҳандозӣ намуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳоло семинарҳои омӯзишӣ барои соҳибкорон идома доранд ва барномаҳои таълимии «Асосҳои нақшаи тиҷоратӣ ва имкониятҳои он», «Низоми андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Раванди технологӣ дар корхонаҳо ва мукаммалгардонии он», «Такмили маркетинг ва таблиғи ширкатҳо», «Бастабандии тиҷоратӣ ва пешниҳоди арзиш» ва «Дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ» — ро дар бар гирифтааст. Ташаббуси мазкур таҳти лоиҳаи БРСММ «Таҳкими ҷомеаҳо дар вилояти Хатлон ва водии Рашт» бо маблағгузории Федератсияи Россия амалӣ мешавад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Юнона» бо дастгирии БРСММ дар Тоҷикистон