Чаро ба милликунонии дин бетафовутем?
Тибқи пажӯҳиши солҳои пеш анҷомдодаи нашрияи британии «The Telegraph», сатҳи диндории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин — 85 фоиз арзёбӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз ташкилотҳои мазҳакаофари байналмилалӣ мунтазам аз мавҷудияти «маҳдудиятҳои динӣ» дар кишвар изҳори «нигаронӣ» мекунанд.
Бо истинод ба пажӯҳиши мавриди назар метавон хулоса кард, ки дар мамлакати мо давлат баҳри такомули афкори динӣ ва суннатҳои ба он марбут дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ муқаррарот пешбинӣ кардааст ва онҳо ба талаботи ҷомеа созгоранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки «бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста ба муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявист, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, қабул шудааст», далели бебаҳси ин гуфта мебошад.
Инчунин, давлат ба муайян намудани муносибат ба дин ва мансубияти динӣ дахолат намекунад, ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро намегузорад, ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунҳо пешбинишуда, дахолат намекунад, хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин менамояд, барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо, мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгаройӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад.
Бо вуҷуди фароҳам будани имкониятҳои зикршуда, эътироф бояд кард, ки дини мо моҳияти миллӣ касб накардаву дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлатӣ ба таври бояду шояд саҳмгузор нест. Дингароии дар ҷомеа роиҷбуда сунъӣ буда, дар аксар ҳолат ба хурофот рабт дорад. Дар ин замина воқеияти фармудаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ» баёнгари ин ҳолат аст.
Ҳар фарди мусулмон бояд ба дини мубини ислом чун ба сарчашмаи асосии маънавӣ ва рӯҳониву ахлоқӣ эҳтиром гузорад ва баҳри милликунонии он беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳад.
Баръакси кишвари мо, дар ақсои олам дин баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ хеле густурда истифода ва дар баъзе ҳолат ҳатто суиистифода ҳам мешавад. Барои мисол, калисои католикӣ ва калисоҳои православӣ бо меҳвар қарор додани манфиатҳои миллӣ баҳри пешгирии низоъҳо, таҳкими сулҳ, риояи ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз ҳуқуқи зан, мубориза ба бемориҳои сангини аср, мубориза бо терроризм, расонидани кумак ба мардуми камбизоат ва ғайра бо сохторҳои дахлдор фаъолияти муштарак доранд.
Мисоли дигар, уммати ислом дар кишварҳои Кавказ бо нидои «Аллоҳу акбар» аз манфиатҳои милливу давлатӣ, ки баъзе маврид шояд бо аҳкоми динӣ то андозае муғойират дошта бошад, ҳимоя мекунанд. Кори дуруст мекунанд, зеро тафовути эътиқодӣ набояд монеа дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ бошад.
Баъд аз соҳибистиқлол гардидани мамлакат барои мардуми шарифи кишвар марҳилаи сифатан нав шурӯъ гардида, худшиносии миллӣ бо равандҳои ҷаҳон омезиш ёфт. Алъон ин раванд беш аз пеш тавсеа ва таҳким ёфтааст. Вазъияти бавуҷудомада тақозо менамояд, ки тадбирандеширо барои милликунонии дин тавсеа ва дар ин замина, ҳувияти миллиро таҳким бахшем.
Табиист, ки дар таркиби манфиатҳои миллӣ худшиносии динии мардум мақому манзалати хос дорад. Бо дарназардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, барои ташаккули дурусти худшиносии динии халқи тоҷик истифодаи мероси ғании динӣ зарур аст. Бояд фаромӯш накунем, ки дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолии кишвар таносубу тавозуни арзишҳои динӣ ва миллӣ зери суол рафта, самарааш ниёз ба шарҳу тавзеҳ надорад. Аланга задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ки пайомади он кушта шудани 150000 ҳамватан ва расидани даҳҳо миллиард доллари ИМА хисорот маҳсуб мешавад, маҳз ба мавқеъгирии нодурусти идеологии ба ном ҳизби исломӣ ва «доҳӣ» — ҳои тозазуҳури хурофотзада рабт дорад.
Чун сухан дар мавриди дин ва масоили ба он рабтдошта равад, тоҷику тоҷикистониён бояд мадди назар дошта бошанд, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дунявият қотеъона ҳифз шуда, диндории шаҳрвандон кори хусусӣ ҳисобида мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои динии инсон ва шаҳрвандро таъмин ва ҳифз менамояд. Аммо аз ин ҳуқуқ ва озодиҳо набояд суиистифода шавад ва ё ба тақвияти ҳувияти миллӣ монеа эҷод намоянд.
Дар ин маврид низ фаҳмишу бардоштҳо яксон нест. Дунявиятро бояд чун бетарафии давлат ба интихоби шаҳрвандон оид ба дину диёнат фаҳмид. Мутаассифона, як иддаи аз моҳияти масъала ноогоҳ ин ҷанбаро ҳамчун бединӣ ё дар баъзе маврид зиддидинӣ арзёбӣ ва «тарғиб» мекунанд, ки иштибоҳ аст. Ин масъала ба қонунгузорӣ пайванди ногусастанӣ ва моҳияти конститутсионӣ дошта, тағйирнопазир аст. Таҷрибаи собитшуда аст, ки дар такя ба дунявият метавон суботи ҷамъиятӣ, истиқлолият ва амнияти миллиро таъмин, инчунин арзишҳои миллиро ҳифз намуда, барои инкишофи минбаъда заминаи мусоид фароҳам сохт.
Дар шароити кунунӣ, ки ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ моҳияти рӯзафзун касб намудааст, ҷойгоҳи дунявият хоса мебошад. Қонунгузор муқаррар кардааст, ки иттиҳодияҳои динӣ ва ҳизбҳои сиёсии характери динидошта ҳаргиз наметавонанд аз ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандон суиистифода намоянд.
Дин ва диёнатро меҳвари муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ кардану муташанниҷ сохтани суботи ҷомеа амали зиддиконститутсионӣ, зиддимиллӣ ва ҳатто зиддишариатӣ аст, зеро ислом суботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҳар як миллати мусулмонро арзиши олӣ меҳисобад.
Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе аз мамлакатҳо, аз ҷумла кишвари мо, ҳизбу ҳаракатҳое, ки тасмимашон аз тариқи нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардум сиёсӣ намудани ислом аст, бо суиистифода аз ҳиссиёти динии мардум ва «роҳнамоӣ»-и хоҷаҳои хориҷӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд.
Вақте ки қаробати дунявиятро бо арзишҳои милливу давлатӣ, бо дарназардошти мероси фарҳангии бузургон баҳо доданӣ шавем, ба ҳеҷ ваҷҳ муносибати онҳоро ба фарҳанги умумибашарӣ сарфи назар набояд кард, зеро бе шинохту арҷгузории саҳми ин фарзонафарзандон ҳувияти миллии мо ноқис хоҳад монд.
Мояи нигаронист, ки дар заминаи муносибати дуюмдараҷа ба милликунонии дин дар бисёр кишварҳои исломӣ зуҳуру «фаъолият»-и созмонҳои ифротӣ саҳлу сода гардида, абарқудратҳо таҳрикбахши ин раванд маҳсуб мешаванд. Дар чунин ҳолат рушди фарҳанги миллӣ ва динӣ зарур ва ногузир буда, маҳз ба ин васила, эмин мондан аз ифрот имконпазир аст. Мутаассифона, иддае ҳамватанон то ҳанӯз дарк накардаанд, ки мансубияти исломӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маънои инкори мансубияти фарҳангии миллатҳои мусулмонро надорад.
Муҳим он аст, ки ҳар миллат ин дини мубинро, бо такя ба ҳувияти фарҳангиаш қабул карда, ин раванд ҳамвора густариш ёфта истодааст. Ба ибораи дигар, дини ислом бо такя ба манофеи миллӣ дар шаклгирии худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ саҳми арзанда дорад.
Пас аз мутолиаи таълифоти ба ин масъала дахлдошта бароям аён гашт, ки тақвият ёфтани раванди ягонаи тамаддунофаринии арабӣ-исломӣ эҳтимоли бархӯрди фарҳангҳо ва тамаддунҳоро пурра аз байн набурд.
Таърихнигорон низ собит кардаанд, ки маҳз таассуботи қавмӣ, динии ҳизбӣ ва фирқавӣ бо омехтагии арзишҳои фарҳангӣ ва хусусиятҳои тамаддунӣ низоъҳои нави динӣ-сиёсӣ ва идеологиро ба вуҷуд оварданд.
Дар ҳамон айём равия ва аҳзоби динӣ тамоюли афзоишро касб намуда, ҳар кадом кофир ҳисобидани мухолифони ақидавӣ ва сиёсии худро самти афзалиятнок эътироф намуда, муборизаро алайҳи ҳамдигар амри шаръӣ медонист. Таассуфовар аст, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо ин мушкил аз байн нарафта, баръакс, ба мушкили дохилиисломӣ табдил ёфтааст.
Фаъол будани қариб чор ҳазор масҷид дар кишвар яке аз садҳо далели тақвиятбахши ҷавҳари матлаб маҳсуб мешавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки бо дарназардошти теъдоди аҳолӣ дар кам кишвари исломӣ ин қадар масҷид вуҷуд дорад.
Чун сухан дар бораи масҷид рафт, набояд фаромӯш кард, ки фаъолияти масҷидҳоро берун аз чорчӯбаи арзишҳои миллӣ ва давлатӣ роҳандозӣ кардан пайомади ногувор хоҳад дошт. Хуб медонам, ки аз лиҳози таъинот ин макон ҷои ибодат аст, аммо метавонад дар ташаккули худшиносии мардум саҳми арзанда дошта бошад. Ҳарчанд баъзеҳо қабул надоранд, вале бамаврид аст, ки дар мавъизаҳои хатибони масҷид масоили фарҳанги миллӣ, тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва исломӣ меҳвар бошанд.
Онҳое, ки сахт дингаро ҳастанду аксар маврид ин ҷанба аз хурофот маншаъ гирифтааст, бояд дарк кунанд, ки дин кори хусусии ҳар як шаҳрванд буда, аз эътиқоди озоди ҳар кас бармеояд. Дар муқаррароти ба ин масъала дахлдошта таъкид шудааст ки диёнати шахс ба ҳеҷ ваҷҳ таҳмилӣ буда наметавонад. Барои тақвияти андеша бамаврид аст аз ояти 256-уми сураи «ал-Бақара» иқтибос орам, ки дар он омадааст: «Ло икроҳа фи-д-дини», яъне, дар дин маҷбуркунӣ нест.
Дар маҷмӯъ, мо — мусулмонон ифтихорманд бояд бошем, ки дини ислом мазҳари ҳукми рӯҳонӣ ва ахлоқӣ буда, миллӣ кунонидан ва дарку татбиқи аҳкоми он метавонад ба манфиати миллат ва таҳкими давлатдорӣ хизмат кунад.
Агар дар ин самт комёб гардем, ин дини мубин якҷо бо андешаи миллӣ қодир аст, ки ба пешрафти ҷомеа такони ҷиддӣ бахшад.
Далер Абдулло,
«Садои мардум»