СУҲБАТИ САМИМИИ ПРЕЗИДЕНТ БО ВАРЗИШГАР
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21-уми майи соли 2021 зимни мулоқот бо ҷавонон, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонон сурат гирифт, бо қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Хушқадам Хусравов чунин суҳбат карданд:
- Соли таваллудат чанд аст?
- Соли таваллудам 1993 мебошад.
- Ҷавони замони истиқлолият, офарин!
- Барои тамрини бадан шароит ҳаст ва оё ягон мушкилӣ вуҷуд дорад?
- Не, ягон мушкилӣ надорем. Фақат кӯшиш менамоем, ки парчами давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.
- Ду карат чемпиони ҷаҳон шудӣ?
- Ду карат чемпиони ҷаҳон шудам ва панҷ карат чемпиони Осиё ҳастам.
- Акнун як чизро ба ман бигӯ, ҳар вақте ки ба шарофати шумо парчами давлатиро боло мебардоранд, чӣ эҳсосот шуморо фаро мегирад? Ашк аз чашмонат рехт ё не?
- Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ҳангоми ба макони ҷоизасупорӣ баромадан таҳти навои Суруди миллӣ парчами давлатӣ парафшон мешавад, инсонро як эҳсосоте фаро мегирад, ки онро худи варзишгар дарк мекунаду халос.
- Бале, ҳамин аст, мақсаду мароми ҳар варзишгар.
НАЗАРЕ БА РУШДИ ВАРЗИШ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Воқеан, соҳаи варзиши кишвар таи солҳои соҳибистиқлолӣ бесобиқа рушд намуд. Заминаҳои аввалини рушди соҳаи варзиш баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ аз таъсису барқарорсозии муассисаҳои варзишӣ ва баргузор кардани чорабиниҳои оммавии варзишӣ оғоз гардид. Рақамҳо исбот мекунанд, ки дастовардҳои арзандае, ки варзишгарони кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ноил шуданд, бесобиқаанд.
Роҳбарияти кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба солимии ҷомеа, бахусус насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин замина бунёди иншооти варзишӣ, тадбирҳо бобати ҳавасмандгардонии варзишгарон, пайваста гузаронидани чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ ва ғайраҳо тавсеа ёфт.
Зикр кардан бамаврид аст, ки қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», «Дар бораи тайёрии варзишӣ», давра ба давра қабулу амалигардидонии «Барномаи дурнамои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳавасмандгардонии варзишгарон заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, бештар баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва таъмини иштироки варзишгарон идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 9000 иншооти варзишӣ, новобаста ба шакли моликият ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 117 варзишгоҳ, 6204 майдончаи варзишӣ, 1655 толори варзишӣ, 85 ҳавзи шиноварӣ ва 789 маҷмаа бошанд.
Солҳои пешин кӯдакону наврасон бештар фароғати худро бо машғул шудан ба бозиҳои варзишии коллективӣ, аз қабили футболу волейбол, баскетболу теннис ва ғайра мегузарониданд. Ин анъанаи неки варзиширо бояд идома диҳем. Ҳоло майдончаҳои зиёд дар пойтахт барои наврасон бунёд гардида, ин ташаббуси оқилона дар вилояту марказҳои шаҳру ноҳияҳо низ амалӣ гашта истодааст.
Таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи варзиш аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ варзишгарони тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишиашон Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Барои мисол, қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-Де Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва ҷаҳон оид ба дзю-до Расул Боқиев, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба бокс Мавзуна Чориева, чемпиони Осиё оид ба дзю-до Фаррухи Салим, ҷоизадори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзю-до Хуршед Маҷидов, чемпиони Осиё оид ба тирпаронӣ Малика Лагутенко, ҷоизадори медали биринҷии чемпионати Осиё оид ба бокс Шоираи Зулқайнар, ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо Набимуҳаммад Хоркашев, чемпиони Осиё оид ба дзю-до Комроншоҳи Устопириён, чемпиони осиё оид ба қаиқронӣ Шаҳриёр Даминов, чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини самбо Беҳрӯз Хоҷазода, чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини самбо Хушқадам Хусравов, чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини самбо Акмалиддин Каримов ва ҷоизадори чемпионати Осиё оид ба дзю-до Темур Раҳимов ифтихори миллату давлат ҳастанд.
Шумораи шогирдони футболбозони тоҷик, ки дар бошгоҳҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, сол то сол зиёд мешавад. Дар айни замон беш аз 20 нафари онҳо дар бошгоҳҳои кишварҳои Аврупову Осиё ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ба дастовардҳои варзишгарон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз соли 2015 инҷониб Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шуд.
Мардуми Тоҷикистон аз пирӯзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонони ҷасури кишвар, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ сазовори медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳо гардидаанд, ифтихор доранд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки барои рушду инкишоф ва оммавияти варзиш ниҳодҳо аз қабили Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои миллии варзишӣ саҳми арзанда доранд.
ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШИИ СОЛИ 2022
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар навбати худ барои таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон дар доираи ваколатҳояш талош карда истодааст.
Аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд, ки маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 44 иншооти нави варзишӣ, аз ҷумла 28 майдончаи варзишӣ, 13 толори варзишӣ ва 3 маҷмааи варзишӣ бо харҷи 86 миллиону 56 ҳазору 884 сомонӣ сохта шудааст. Аз маблағи харҷшуда 9 миллиону 438 ҳазору 884 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 76 миллиону 618 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад.
Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 620 чорабинии оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо фарогирии 1 миллиону 979 ҳазору 250 нафар баргузор шуд.
Боиси хурсандист, ки имсол кишвари мо мизбони чанд чорабинии сатҳи байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, чемпионати Осиё оид ба кураш, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт» бахшида ба «Наврӯзи байналмилалӣ-2022», чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзю-до барои дарёфти «Ҷоми Ҳоҷӣ Шариф», мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Душанбе-2022», мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми кушоди Душанбе-2022», мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми кушоди Федератсияи тенниси Тоҷикистон -2022», мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол байни дастаҳои Осиёи Марказӣ, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми кушоди Тоҷикистон — 2022», «Ниммарафони байналмилалии Душанбе — 2022» доир шуданд.
Ба шарофати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ варзишгарони кишвар ба хазинаи варзишии мамлакат 269 медал ворид намуданд, ки аз ин шумора 64 медали тилло, 77 нуқра ва 128 медали биринҷӣ мебошад.
Дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 269 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта, 64 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо дод.
ДАСТГИРИҲО БЕПОДОШ НАМЕМОНАНД
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул ёфтани неруи зеҳниву ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбат ба ин қишри ояндадори ҷомеа меафзояд.
Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳоло дар деҳоти дурдасти кишвар ҳам майдону толорҳои муосир барои рушди варзиш ва оммавигардонии он бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, тадбирҳои дигар дар ин самт роҳандозӣ гашта истодаанд.
Хурсандиовар аст, ки масъулини соҳаи варзиш ва ҳама варзишгарон аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат бохабар буда, барои ному Парчами давлатии кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд кардан шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд.
Боварӣ дорем, ки Тоҷикистон бо чунин варзишгарони ҷасуру ватандӯст ва иқдомҳои бузурги варзишпарваронаи Пешвои миллат натиҷаҳои баландро соҳиб гардида, ҳамчун кишвари комилан варзишӣ ва пешрафта дар арсаи байналмилалӣ мавқеашро боз ҳам устувортар хоҳад кард.
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»