Рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки дар таърих бо номи «Иҷлосияи тақдирсози миллат» сабт шудааст, дар баробари таъмини бехатарӣ ташкили алоқаи бехалал яке аз шартҳои муҳими муваффақона гузаштани он буд. Он солҳо Идораи алоқаи вилоятро мутахассиси варзидаи соҳа Абдуқодир Бобоҷонов сарварӣ мекард. Масъулони ташкил ва баргузор намудани ин воқеаи муҳими сиёсӣ талаб карданд, ки дар сари дастгоҳи алоқаи байнишаҳрӣ кормандони соҳибтаҷриба гузошта шаванд, то вақти пайвастан бо сохторҳои муҳими давлатӣ алоқа бемалолу бехалал бошад.
Ба ин гуна боварӣ телефончидухтарони соҳибтаҷрибаи бахши алоқаи байнишаҳрии ҶСК «Тоҷиктелеком» дар вилояти Суғд — Сулҳия Муъминова, Зебиҷон Сангинова, Матлуба Шукурова ва Санавбар Неъматова, ки таҷрибаи бистсолаи корӣ доштанд, сазовор гардиданд. Онҳо дунафарӣ дар ду баст вазифаашонро бо масъулияти баланд иҷро карданд. Имрӯз, бо гузашти солҳо, ба нафақа рафтаанд. Аммо зуд — зуд аз ҳоли якдигар хабар мегиранд ва ёд аз он рӯзҳои пурэҳтирос менамоянд.
- Мо ифтихор мекунем, ки дар таъмини сулҳ ва хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ бо меҳнати хоксоронаи хеш саҳмгузор шудем, — мегӯяд нафақахӯри аҳамияти ҷумҳурӣ Сулҳия Муъминова. — Вазифае, ки ба дӯшамон вогузор буд, аз мо маҳорати баланд ва муҳимтар аз ҳама, масъулиятнокиро талаб мекард.
- Барои алоқа бо масъулин хатти алоҳида ҷудо шуда буд, — варақгардон мекунад, дафтари хотираҳояшро нафақахӯри дигари соҳа Зебиҷон Сангинова.
- Зерпойгоҳи махсусро дар Қасри Арбоб насб карда буданд. Мо бошем, бевосита аз ҷойи кориамон-стансияи алоқаи шаҳрӣ алоқаро барқарор менамудем. Аниқтараш, мо вазифадор будем, агар ягон нафар аз масъулони баргузор намудани Иҷлосия ва ё вакилон талаб кунанд, ки бо ин ё он шаҳр, ягон давлати Осиёи Марказӣ ё берун аз он алоқа барқарор намоем, бояд бетаъхир, фавран ва сифатнок дархосташро ба ҷо биёрем.
- Мо аз рӯи дастур ҳатто хӯроки нисфирӯзиро дар сари дастгоҳи алоқа тановул мекардем, — мегӯяд Санавбар Неъматова.
Матлуба Шукурова, ки чиҳил сол дар ин соҳа фаъолият намудааст, маҳз рӯзҳои хизматрасонӣ ба Иҷлосияи XVI -ро хотирмонтарин меҳисобад.
- Фаъолияти кориам дар рӯзҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хотирам ҳеҷ зудуда намешавад. Он рӯзҳо ба андозае серкор будем, ки ба қавле барои чуқур нафас кашидан ҳам вақт намерасид. Мо баробари номҳоямон рақамҳои рамзӣ доштем. Масалан, рақами рамзии ман 53, аз апаи Сулҳия 36, апаи Зебӣ 14 ва Санавбар-апа 38 буд.
Лаҳзаи аз ҳама хотирмонаш ин буд, ки мо — чаҳор нафар телефончидухтар аввалин шуда, аз хусуси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷаҳониён мужда расонидем.
- Ҳеҷ аз ёдам намеравад, -идома медиҳад Сулҳия Муъминова,- он рӯз роҳбарияти нави давлат бояд интихоб мешуд. Аз Қасри Арбоб мухбири Агентии иттилоотии «Франс-пресс» Мино занг зада, хоҳиш кард, ки ӯро бо Фаронса пайваст кунам. Ман фавран пайваст кардам. Аз ҳамин ҷо вай ба Агентӣ хабар дод, ки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов интихоб шуд. Ман ин номро бори аввал шунида бошам ҳам, хурсанд гардидам ва Худоро шукр гуфтам, ки ниҳоят вакилон ҳукумати қонунӣ ва Роҳбари давлатро интихоб карданд…
Мутаассифона, хизмати шоистаи телефончидухтарон он сол ҳамагӣ бо ҳаҷми як моҳона мукофотпулӣ қадр гардиду халос. Минбаъд касе аз онҳо ёдоварӣ накард. Ҳатто, дар ҷашнҳои 10 ва 15 — солагии Иҷлосияи тақдирсоз ному насабашон аз рӯйхати иштирокчиёни маҷлиси тантанавӣ берун монд.
- Дар ҷашни 20 — солагии Иҷлосия ба масъулон фаҳмонидам, ки дар қатори дигарон мо — телефончидухтарон чун муждарасон хизмат кардаем, — мегӯяд апаи Сулҳия. — Баъди ин танҳо маро ба ҷамъомади тантанавӣ даъват карданду бас…
Телефончидухтароне, ки имрӯз бо гузашти солҳо дар ҳалқаи наберагону аберагон давлати пирӣ меронанд, аз рӯзҳои фаъолияти кориашон хотираҳои зиёдеро нақл карданд, ки басо муассир буд.
Солҳои 70 — уми садаи ХХ ин чаҳор нафар аз ҷумлаи аввалин духтарони тоҷик буданд, ки ба стансияи телефонии шаҳр ба кор омада, ҳамроҳи мутахассисони русу тотор ва дигар миллатҳо фаъолият намуданд. Сардори вақти Идораи алоқаи телефонии вилоят Г. Метляев (баъдтар муовини раиси Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд) баробари ариза аз онҳо ба ин мазмун забонхат ҳам гирифта буд: вақти кор пурра бо забони русӣ муошират мекунем ва ба куҷое, ки барои таҳсил фиристанд, не намегӯем.
- Агар забонхат наменавиштем, моро ба кор қабул намекарданд,- мегӯянд онҳо. — Албатта, забони модариро дар мадди аввал мегузоштем. Чун русзабонҳо аз ин бохабар мешуданд, моро сарзаниш мекарданд, ҳатто бо баҳонаи «дар таъмини алоқаи байнишаҳрӣ таъхир кардаем», аз мукофотпулӣ маҳрум месохтанд. Ба роҳбарияти имрӯзаи алоқачиёни вилоят раҳмат, ки моро фаромӯш намекунанд. Рӯзи иди касбиамон ба дастурхони идона даъват ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим менамоянд. Аслан гап дар сари як пиёла чой ва ё туҳфа нест. Муҳим эътибор аст, ки ин лаҳзаҳо аз шодиву фараҳ гиря гулӯгирамон мешавад. Меҳнати пурмашаққати моро, хусусан, рӯзҳои ҳуҷуми ноҷавонмардонаи дастаи Маҳмуд Худойбердиев, аз ёд набаровардаанд. Он замон мо зери тирборон алоқаи байнишаҳриро таъмин карда тавонистем.
- Инҳо ифтихори моанд, — мегӯяд сардори ҶСК «Тоҷиктелеком» дар вилояти Суғд Суҳроб Ғоибов, — ҳар иду айём аёдаташон мекунем. Мекӯшем собиқадоронро фаромӯш насозем. Зеро, дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки нисбат ба собиқадорон ғамхорӣ зоҳир намоем.
- Барои ман мукофоти аз ҳама баланд насиб гардидан ба зиёрати Хонаи Худо буд, — мегӯяд апаи Сулҳия ва меафзояд: — Соли 2015 роҳбарияти МИҲД-и вилояти Суғд меҳнати хоксоронаи маро ба инобат гирифта, дар қатори занони обрӯманди вилоят ба ҳаҷ фиристоданд. Дар он ҷо, баъди адои маносики ҳаҷ, пеш аз ҳама, барои тинҷиву амонии кишвар ва дар ҳаққи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун модар дуо кардам, ки дар сарзамини офтобии мо дигар нофаҳмиву ноҷӯрӣ набошад. Сокинони ҷумҳурӣ, новобаста аз миллату халқияташон, дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиву ваҳдат умр ба сар баранд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум».
Дар сурат: муждарасонҳои Иҷлосияи тақдирсоз (аз чап ба рост) Сулҳия Муъминова, Санавбар Неъматова, Зебиҷон Сангинова ва Матлуба Шукурова