Чанд сол қабл сокини ноҳияи Рӯдакӣ Ҳошим Мухторов дар маъракае бо таърифи ҷуворимаккаи парваришнамудааш таваҷҷуҳи нафарони зиёдро ба худ кашид.
- Қади ҷуворимакка қариб 3 метр, ҳар як ниҳол то 10 -12 сӯта бастааст. Ҳар рӯз як дег ҷуворимакка ҷӯшонда мехӯрем. Набераҳо роҳат карданд. Ман ин хел ҳосилбандиро бори аввал мебинам. Донҳояш ҳам калон — калон…
Соли дигар ӯро дар маъракаи дигаре дучор омада, аз муваффақиятҳои ҷуворимаккапарвариаш пурсон шудам.
- Имсол нашуд, — бо афсӯсу пушаймонӣ сар ҷунбонд ӯ, — Аз тухмии гирифтаи худам кишт кардам. Қариб ки чизе нарӯид. Дору, пору пошидам, нафъе набахшид. Аз нашъунамояш ба хулоса омадам, ки агар ҳосили ҷуворимаккаро интизор шавам, замин беҳуда ҳайф мешавад. Бинобар ин, заминро аз нав шудгор карда, ҷорӯбӣ кишт намудам…
Имрӯз деҳқононе, ки аз тухмиву маҳсулоти трансгенӣ огоҳӣ надоранд, ба мушкил дучор шуданашон мумкин аст.
Сабаби ҳодисаи зикршуда маҳз тухмии трансгенист, ки имрӯз дар ҷаҳон бо кӯшиши бархе аз кормандони масъули соҳаи таъминот бо маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва рӯзноманигорон тарғибу ташвиқ мешавад. Ҳадафи мо ошно намудани аҳолӣ, бахусус кишоварзони кишвар, бо яке аз ширкатҳои машҳури истеҳсолкунандаи маҳсулоти трансгенӣ – «Монсанто» ва зарару хатарҳои маҳсулоти он аст.
«Монсанто» аз истеҳсолкунандагони асосии тухмиҳои зироатҳои трансгенӣ маҳсуб ёфта, дар ИМА 80 фоизи бозори ҷуворимакка ва 93 фоизи бозори лӯбиёи чинии ГMO-дорро зери назорат дорад. Ҳамчунин, ширкат тағйир додани тухмии зироатҳои одиро низ фаъолона идома медиҳад. Аз рӯи маълумоти соли 2016 қариб 40 фоизи бозори зироатҳои анъанавиро дар ИМА ва 20 фоизро дар ҷаҳон ишғол кардааст. Ширкат кӯшиш дорад, маҳсулоти худро дар Осиёи Марказӣ низ паҳн намояд. Кайҳост, ки барои бештари мардуми олам вожаҳои ГМО ва «Монсанто» ҳаммаъно гардидаанд ва баҳо ба фаъолияти ин ширкат манфист. Чаро?
Ширкат ҳамчун истеҳсолкунандаи сахарин соли 1901 арзи ҳастӣ карда, гербитсид (ё агент)-и ОRANGE истеҳсол намуд, ки ҳамчун дефолиант аз ҷониби ҳукумати ИМА дар ҷанги зидди Ветнам истифода шуд. Сокинони ин мамлакат то ҳанӯз дар ёд доранд, ки соли 1982 дар садҳо гектар дарахтони атрофи Ханой аз ин дефолиант беҳосил шуда буданд. Соли 1976 ин ширкат аввалин шуда, истеҳсоли шишаҳои пластикии Cycle-Safe -ро ба роҳ монд, ки бемориҳои саратониро ба вуҷуд меорад. Дертар Раёсати озуқаворӣ ва маҳсулоти дорувории ИМА истеҳсоли ин шишаҳоро манъ намуд.
Барои пешгирии қабули қонун дар бораи манъи ба сарчашмаҳои оби нӯшокӣ партофтани маҳсулоти кимиёвие, ки сабабгори ба вуҷуд омадани бемориҳои саратонӣ ва дигар иллатҳо мегарданд, ширкати номбурда 50 ҳазор доллари ИМА сарф намуд.
Ширкати «Монсанто» барои пешгирии қабули қонун бо номи «Ташаббуси бузурги сабз», ки ба маҳдуд намудани гербитсидҳо, аз қабили алахлор, равона шуда буд, зиёда аз 400 ҳазор доллар сарф кардааст.
Соли 2011 сомонаи «Naturalnews» бо саволи «Ширкати бераҳмтарин аз нигоҳи шумо?» пурсиш гузаронд. Дар он, ки 16 ҳазор нафар иштирок намуд, ширкати «Монсанто» миёни ширкатҳои «бераҳм»-и дигар, мисли BP 9 — фоиз, Halliburton — 5 фоиз, McDonalds — 3 фоиз ва ғайра бо 51 фоизи овозҳо ҷои аввал ва унвони «Бераҳмтарин ширкат»-ро соҳиб шуд.
Соли 2013 мардуми аз зарари маҳсулоти ширкат огаҳидошта дар 50 мамлакати ҷаҳон ду маротиба ба муқобили ширкати «Монсанто» ва маҳсулоти он раҳпаймоӣ намуданд. Бо вуҷуди ин, ширкат имрӯз ҳам фаъолиятро дар самти тараққӣ додани биотехнологияҳо, ки дар соҳаи маҳсулоти ғизоӣ истифода мешаванд, идома медиҳад.
Соли 2005 комиссияи ИМА оид ба коғазҳои қиматнок ва биржаҳо далели ришвадиҳии масъулини «Монсанто»-ро ба беш аз 140 соҳибмансаби Индонезия ва аҳли оилаи онҳо ҷиҳати ба даст овардани иҷозатномаи кишти пахтаи трансгенӣ бидуни таҳқиқоти экологӣ ошкор сохт. Барои ин ҷиноят ширкат аз ҷониби Департаменти адлияи ИМА 1, 5 млн. доллар ҷарима шуд.
Худи ҳамон сол 6 олим, аз ҷумла Маргарет Хайдон, ки дар ҳукумати Канада кор мекард, ба Сенат хабар доданд, ки «Монсанто» ба мутахассисони Вазорати тандурустӣ барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати истифодаи тиҷоратии ҳормони трансгении инкишофи буқа, ки дар бисёр мамлакатҳо манъ гардидааст, бидуни гузаронидани тадқиқоти зарурӣ то 2 млн. доллар ришва пешниҳод кардааст. Яке аз мутахассисони калидии Раёсати озуқаворӣ ва маҳсулоти дорувории ИМА, ки бо кумаки ӯ меъёри иҷозатдодашудаи антибиотикҳо дар таркиби шир 100 маротиба зиёд карда шуда, ҳадафи он гирифтани иҷозатнома барои истифодаи ҳормони трансгенӣ буд, собиқ корманди «Монсанто» будааст.
Тибқи маълумотҳо сармояи ширкат соли 2014 ба 59 млрд. доллар баробар буда, зиёдшавии минбаъдаи он ба васеъшавии бозори маҳсулоти трансгенӣ вобаста аст. Зиёд намудани майдони кишти зироатҳои трансгенӣ, содироти он ба мамолики «ҷаҳони сеюм» ва манотиқи қашшоқтарини сайёра имкон медиҳад, ки «Монсанто» минбаъд низ яке аз ширкатҳои бузургтарин боқӣ монад.
Хадамоти патентҳо ва нишонҳои тиҷоратии ИМА 4 патенти «Монсанто»-ро бо талаби Бунёди ҷамъиятии патентҳо бекор намуд. Бунёд далелҳое пешниҳод намудааст, ки патентҳои зикргардида, ҳамчун воситаи таъқиб, ба мурофиаҳои судӣ кашидан ва то ба муфлисӣ расонидани фермерҳои амрикоӣ табдил ёфтааст. Масалан, агар дар замини кишти ягон фермер чанд ниҳоли зироати трансгенӣ пайдо гардад, он фермер барои истифодаи ғайриқонунии тухмӣ ҷарима мешавад. Агар фермери парваришкунандаи зироати трансгенӣ дар ҷои он соли дигар зироати ғайритрансгенӣ кишт намояд, аз ӯ ҷаримаи бештар ситонида мешавад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки патенткунонии фаъолонаи тухмиҳо ба «Монсанто» ва чанд ширкати дигар имкон фароҳам овардааст, ки сектори истеъмолиро зери назорат гиранд. Акнун онҳо кӯшиш доранд, ки ин таҷрибаи худро дар ҷаҳон паҳн намоянд.
Сарони «Монсанто» иддао доранд, ки кори савоб мекунанд. Мегӯянд, ки аҳолии замин рӯз то рӯз меафзояд, аммо майдонҳои кишт беҳудуд нестанд ва дар чунин шароит «Монсанто» ва ширкатҳои дигари бузург бо истифода аз биотехнологияҳо мардумро «сер мекунанд».
Вале аксари мутахассисон бар онанд, ки зарари фаъолияти ин ширкат аз манфиати он бамаротиб зиёд аст.
Собит гардидааст, баъзе маҳсулоте, ки ширкат истеҳсол менамояд, дар организми инсон дигаргунӣ ва мутатсияро ба вуҷуд меорад. Масалан, дефолиант — гербитсид (ё агент)-и ОRANGE пас аз 40 сол ҳам дар байни тифлакони Ветнам мутатсияҳоро ба вуҷуд оварда истодааст.
Маъмулан дунёи сармоя виҷдон, шараф, номусро намепарастад. Маҳз бо ҳамин сабаб соли 2010 «Монсанто» дар симои яке аз сарватмандони машҳур Билл Гейтс иттифоқчӣ пайдо намуд. Тавре маълум гашт, бунёди «Bill and Melinda Gates Foundation» 500 ҳазор саҳмияи «Монсанто»-ро харидорӣ намудааст. Ҳамчунин, ин бунёд барои зиёд намудани ҳаҷми содироти лӯбиёи чинӣ ба Африка ҳамроҳи ширкати бузурги «Cargill» 8 млн. доллар сарф намуд. Худи ҳамон сол Билл Гейтс изҳор дошт:
«…Аҳолии дунё ба 6,8 млрд. расидааст. Ин рақам базудӣ тахминан то 9 млрд. мерасад. Агар мо дар соҳаи истеҳсоли ваксинаҳо муваффақ гардем, пас метавонем, ин рақамро 10 то 15 фоиз кам гардонем». Яъне, ба хотири ба даст овардани сарват ва маҳв сохтани одамон Билл Гейтс мехоҳад маҳсулоти ширкати «Монсанто»-ро ҳамчун силоҳ истифода намояд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
«Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд».
«Илоҷи воқеа — пеш аз вуқӯъ», — гуфтаанд. Ҳоло, ки киштзорҳои мо аз тухмиҳои трансгенӣ зарар надидаву фурӯшу истеъмоли маҳсулоти ГMO-дор тавсеа наёфтааст, таҳияву қабул ва амалӣ гардидани барнома метавонад аҳолиро эмин дорад.
Н. Низомӣ, «Садои мардум»