Мушкилоти рӯз

Нақби «Истиқлол» «бачаи ӯгай»-и Вазорати нақлиёт?

№89-90 (3074-3075) 23.07.2013

Месазад ин нақбро ба китоби рекордҳои Гиннес дохил намуд, зеро айни замон онро, ки дарозиаш беш аз  панҷ километрро ташкил медиҳад, ронандагон дар муддати 30-40 дақиқа убур менамоянд.

P1050223Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории худ Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон раҳойии кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи хеш интихоб карда, баҳри дар амал татбиқ намудани мақсади фавқуззикр аз тамоми имконот самаранок истифода намуд. Ба ин масъала аҳамияти хоса зоҳир намудани Сарвари давлат бесабаб набуд, зеро ҳамасола давоми шаш моҳ миёни пойтахти мамлакат- қисмати ҷанубии кишвар ва шимоли ҷумҳурӣ, бинобар набудани роҳ, рафтуомад қариб батамом қатъ мегардид.

Мушкилоти ҳамсон дар қисмати ВМКБ низ ҷой дошт. Бо шарофати ҷаҳду талоши Роҳбари давлат дар заминаи истифодаи имконоти дохилӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ тайи муддати кӯтоҳ дар ин ҷода кори зиёд ба сомон расид, ки дар таърихи ҷумҳурӣ назир надорад. Ҳамватанони азиз шоҳид буданд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» Тоҷикистони азизи мо пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. Вақте ин нақбро убур менамойӣ,  гумон меравад, ки дар кадом як кишвари пешрафтаи ғарб қарор дорӣ, зеро он ба тамоми талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй аст. Мутаассифона, инро наметавон нисбати нақби дигари шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд – Бӯстон- Чанок нақби Истиқлол мушоҳида намуд. Агар гӯем, ки  нақби мазкур бо валангориву душворгузар будани худ айни замон «доғи сиёҳ»-е дар ин шоҳроҳи замонавӣ гардидааст, муболиға нахоҳад буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне барои бунёди ин нақб тасмим гирифта буд, ки имконоти молиявии хуб надошт. Сарфи назар аз ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ намудани ин иншооти аз лиҳози стратегӣ хеле муҳим иқдом кард, ки тасмими саҳлу содда набуд.

Мардуми ҷумҳурӣ суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро: «агар техникаву таҷҳизот наёбем, бо дандонҳоямон ин нақбро меканем», фаромӯш накардаанд ва ба андешаи коршиносон, ин суханони раҳнамунсози Сардори давлат оғозбахши раҳойии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ гардид.

Замони мавриди истифода қарор гирифтани нақби мазкур таҳти унвони «Табдили афсона ба воқеият» маводе навишта будам, ки раванди эъмори ин иншооти аз лиҳози моҳият хеле муҳимро бозгӯйӣ намуда буд. Воқеан ҳам, бунёди нақби «Истиқлол» аз дастовардҳои  арзандаи замони соҳибистиқлолии кишварамон маҳсуб меёбад. Мутаассифона, ҳоло бинобар саҳлангории масъулин, он ба ҳолати ногувор гирифтор асту роҳбарияти Вазорати нақлиёти кишвар «ба умеди оши ҳамсоя (манзурам маблағгузории минбаъдаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст) турб метарошанд». Вазири нақлиёти кишвар Низом Ҳакимов дар яке аз иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати нақби «Истиқлол» сухан ронда, минҷумла чунин гуфта буд: «Эрониҳо хуб мегӯянду вале корро пурра иҷро намекунанд». Шояд вазири муҳтарам то андозае ҳақ бошад, ҳарчанд бо ин шева сухан гуфтан хоси аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ набуду нест. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ваъдаҳои бобати ҷавобгӯйи талабот шудани нақби «Истиқлол», ки мақоли халқии «бузак намур, ки баҳор мешавад» -ро шабеҳ аст, маротибаи аввал нест, ки аз ҷониби масъулини соҳа садо медиҳад. Вазирони собиқи нақлиёти мамлакат А.Ашур ва О.Бобоев низ дар замони вазириашон ваъдаи ба талабот ҷавобгӯй намудани онро дода буданд…

То ҷое иттилоъ дорам, вазири имрӯза Низом Ҳакимов дар ин соҳа шахси тасодуфӣ несту бевосита дар кураи он обутоб ёфтааст.  Агар муносибати ин шахс ба нигоҳдории роҳҳо, ки нақби «Истиқлол» ҷузъе аз он аст, чунин бошад, пас гилагузорӣ аз вазирони собиқ  аслан бемантиқ аст.

Суоли матраҳ ин аст, ки оё барои ба маҷрои зарурӣ равон намудани оби дохили нақб, пур намудани чуқурӣ ва рафъ намудани арматураҳои зиёде, ки сари роҳи мошинҳоро мисли шамшер гирифтаанд, маблағгузории бародарони эронӣ зарур аст? Ҳамарӯза ба «шарофат»-и чунин ҳолати ин нақб ҳамватанони мо зарари зиёди моддиву маънавӣ мебинанд. Далел мепурсед? Осеб дидани автомобилҳои ҳамватанони мо, баланд гаштани фишори хуни убуркунандагони ин нақб ва омилҳои зиёди дигар, ки аз зикрашон худдорӣ менамоям, аз ҳамин ҷумлаанд. Касе, ки ин нақбро убур карда бошад, медонад, ки аз дохили нақби зикршуда об чу дарё равон буда, худи нақб мисли гӯр торик аст. Аз бӯйи ғализи мошинҳо аксари мусофирон бо рӯймолакҳо даҳону биниашонро баста, базӯр нафас мекашанд. Хавфи ҳар лаҳза осеби ҷиддӣ бардоштани автомобилҳо мавҷуд аст, зеро чуқуриҳои зиёд ва арматураҳо зери об ноаён мондаанд.

Тибқи маълумоти расонаҳо, ба наздикӣ бинобар заҳролудшавӣ дар дохили он, сокини 49-солаи кишварамон Лутфулло       Сайидов ба ҳалокат расид. Тааҷҷубовар аст, ки ин ҳодиса мавриди вокуниши касе аз масъулини Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор нагирифт. Муносибат ба ин ҳодиса ҳамон тавре буд, ки гӯё чизе нашудааст. Дар мавриди то андозае беҳ намудани ҳолати нақб ба андешаи инҷониб, масъулини Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим намеояд, ки «Амрикои нав кашф кунанд». Агар ин сохтор якҷо бо зерсохторҳояш аз уҳдаи беҳбудӣ бахшидани вазъият дар ин нақб набароянд, пас ҷойи бадӣ надорад, агар аз техника, таҷҳизот ва имконоти дигари ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» истифода баранд, зеро таҷриба собит намуд, ки масъулиятшиносӣ ва иқтидори ин ширкат дар самти нигоҳдории роҳ арзандаи ситоиш буда, итминонам комил аст, ки дар сурати дархост шудан муассисони он дар ин кори хайр бетарафиро ихтиёр намекунанд. Ҳар чӣ зудтар амалӣ намудани ин иқдом ба манфиати кор аст, зеро, «аз думбаи нася» (манзурам бо маблағгузории хориҷӣ ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ гардидани нақб аст) «шуши нақд (бо истифодаи имконоти дохилӣ то андозае беҳбудӣ бахшидани ҳолати онро дар назар дорам) беҳтар аст».

Муътақидам, ки роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз  нашри маводи мазкур ба навиштани ҷавобҳое, ки гумони ғолиб моҳияти худсафедкуниро доро хоҳад буд, вақти қимати хешро сарф накарда, дар заминаи иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами 622 «Оид ба вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлилӣ ва танқидии воситаҳои ахбори омма» ва ба инобат гирифтани пешниҳодоти инҷониб пайи беҳбудӣ бахшидани вазъи нақб, ки вазифаи ҷониашон буда, онро ба зиммаашон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор намудааст, ҷаҳду талош менамоянд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»