Тағйирёбии иқлим

Нақлиёти барқӣ — коҳишдиҳандаи ихроҷи газҳои парникӣ

№62 (4482) 24.05.2022

Ҳар рӯз тавассути оинаи ҷаҳоннамо мебинем, ки дар баъзе аз гӯшаҳои дунё селу обхезӣ боиси харобию талафоти ҷонӣ ва гармии аз меъёр зиёд сабабгори сӯхтори масоҳати зиёди ҷангалзорҳо мегардад. Аз рӯи маълумоти Раёсати миллӣ оид ба аэронавтика ва таҳқиқоти фазои кайҳонӣ (NASA), ҳафт соли охир гармтарин солҳо дар давоми зиёда аз 200 соли мушоҳидаҳои иқлимшиносӣ ба қайд гирифта шуданд.

- Мо дер боз нишонаҳои гармии глобалиро дар мисоли офатҳои табиӣ дида истодаем. Ҳарорат, то он даме ки партоби газҳои парникӣ зиёд мешаванд, баландтар хоҳад шуд. Асосҳо вуҷуд доранд, ки бештар мавҷи гармиҳои тоқатфарсо, боронҳои сел ва обхезиҳоро хоҳем дид, — гуфтааст директори Институти таҳқиқоти кайҳонии ба номи Годдарди NASA Гэвин Шмидт ба нашрияи «Buzz Feed».

6 майи соли равон аз сабаби боронҳои сел ва обхезӣ дар се округи иёлати Вирҷинияи Ғарбии ИМА вазъи фавқулода эълон гардида, 55 округи дигар дар ҳолати омодабош қарор гирифтанд. 8  май омадани ярч дар Хитой боиси марги ду нафар ва маҷруҳшавии якчанд нафар гардид.

Дар конфронси 26 — уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки моҳи ноябри соли 2021 дар Глазго доир гардид, бори дигар дар хусуси кам кардани партоби газҳои парникӣ таъкид шуд.

Мувофиқи маълумоти Шӯрои байналмилалӣ оид ба нақлиёти тоза, истифодаи нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда соле боиси ба фазо ихроҷ шудани эквиваленти 12 миллиард тонна гази карбонат мегардад. Агар ба истифодаи ин намуди нақлиёт маҳдудият ҷорӣ нашавад, имкон дорад, ки соли 2050 ҳаҷми партоби гази карбонат ба 21 миллиард тонна бирасад.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Созишномаи Париж, ки гармшавии ҳарорати миёнаи ҳаворо дар сайёра то ба 1,5 дараҷа пешбинӣ мекунад, зарур аст, ки ихроҷи гази карбонат аз нишондоди ҳозира 80 дарсад кам шавад. Дар он сурат, ихроҷи эквиваленти гази карбонат соле 2,6 миллиард тоннаро ташкил хоҳад дод.

Роҳи асосии кам кардани ихроҷи газҳои парникиро коршиносон дар гузаштан ба истифодаи нақлиёти барқӣ мебинанд. Агар ба таърих нигарем, мебинем, ки дар оғози асри ХХ нақлиёти барқӣ нисбат ба бензинӣ маъмултар буд. Масалан, соли 1900 зиёда аз 35 дарсади парки автомобилии Амрикоро нақлиёти барқӣ ташкил медод. 25 дарсади нақлиёт тавассути сӯзишворӣ ва 40 дарсади боқимонда бо буғ ҳаракат мекарданд. Кашфи конҳои зиёди нефт ва арзонию осон пур кардани сӯзишворӣ ба мошин имкон дод, ки нақлиёти бо истифодаи сӯзишворӣ ҳаракаткунанда бештар маҳбубият пайдо кунад. Он солҳо касе дар бораи зарари сӯзишворӣ ба муҳити зист фикр намекард. Бо гузашти беш аз сад сол исбот шуд, ки нақлиёти бо барқ ҳаракаткунанда, махсусан, барқе, ки тавассути неругоҳҳои обӣ, офтобӣ ва шамолӣ истеҳсол шудааст, ба муҳити зист бехатар аст.

Бинобар бештар дарк намудани моҳияти нақлиёти барқӣ, сол то сол истеҳсолу фурӯши ин навъи нақлиёт дар ҷаҳон афзуда истодааст. Масалан, агар соли 2020 дар ҷаҳон се миллион электромобил ба фурӯш рафта бошад, ин рақам соли гузашта 6,5 миллион ададро ташкил дод. Аз ин 2,3 миллион адад ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рост меояд.

Ҳарчанд дар назари аввал нархи нақлиёти барқӣ гаронтар намояд ҳам, бинобар масрафи кам доштан бартарии иқтисодиаш торафт бештар мешавад. Дар Федератсияи Россия зимни ҳаракати нақлиёти барқӣ дар масофаи 100 километр баробари арзиши як литр бензин маблағ сарф мешавад. Агар автомобил дар 100 километр 142 мегаҷоул энергия сарф кунад, электромобил 38 мегаҷоул сарф менамояд.

Дар ҷумҳурӣ солҳои охир ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд: «Бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд».

Иқдоми мазкур боиси афзудани таваҷҷуҳи воридкунандагон ба ин намуди нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза гардид. Чунончӣ, моҳи январи соли равон ширкати мусофиркашонии «Як таксӣ» бори аввал 8 адад электромобили тамғаи «Volkswagen E- Lavada» — ро мавриди истифода қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки боз сад адад чунин нақлиёт вориди ҷумҳурӣ мегардад.

Тавре муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар чаҳорчӯбаи барномаи «Шаҳри сабз» мақомоти шаҳри Душанбе 104 адад троллейбуси то 15 километр бе сим ҳаракаткунанда, якчанд электробус (автобуси барқӣ) ва троллейбуси бидуни пайвастшавӣ ба шабакаи барқӣ 40 километр ҳаракаткунанда харидорӣ кард.

Боиси хушнудист, ки Ширкати ватании «Акиа Авесто» васлу насби автобус ва троллейбусҳои 12 — 9 ва 8 — метраи дохилишаҳриро ба роҳ мондааст. Чанде пеш электробусу троллейбусҳои истеҳсолнамудаи ширкати мазкур дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид ва беш аз 200 ширкати хориҷӣ дар он иштирок намуданд, мавриди таваҷҷуҳи меҳмонони намоишгоҳ қарор гирифт.

Инчунин, Вазорати нақлиёти мамлакат чанде қабл лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2026» — ро таҳия намуда, барои баррасию мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор фиристод. Он бо дарназардошти пешниҳоду иловаҳо мукаммал гардида, аз ҷониби Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Хуб мешуд, ки дар кишвар якҷо бо шарикони хориҷӣ истеҳсоли элетромобил, электрофургон, электроскутер, сечархаҳои барқӣ, велосипеди барқӣ ба роҳ монда шавад. Дар баробари ин, таваҷҷуҳро ба ҷустуҷӯи геологӣ ва истеҳсоли элементҳои нодири барои истеҳсоли нақлиёти барқӣ зарур зиёд бояд кард. Зеро талабот ба элементҳои нодир, аз қабили неодим, лантан, тербий, диспрозий, литий ва кобалт дар ҷаҳон босуръат афзуда истодааст. Дар баробари ин, таваҷҷуҳ ба алюминий низ зиёд мешавад. Зеро ширкатҳои мошинбарорӣ ба хотири кам кардани вазни нақлиёти барқӣ бисёр қисмҳои онро аз металли нисбатан сабуктар, яъне алюминий сохта истодаанд. Аз ин рӯ, теъдоди харидорони ин фулузот, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, зиёд хоҳад шуд.

Аз рӯи маълумоти Агентии байналмилалии энергетика, то соли 2030 дар ҷаҳон шумораи электромобил камаш ба 145 миллион адад хоҳад расид. Аммо агар кишварҳо амалисозии барномаи гузариш ба «иқтисоди сабз» — ро тезонанд, ин рақам метавонад ба 230 миллион адад расад.

Дар ҷумҳурӣ имкони бештари зиёд намудани шумораи нақлиёти барқӣ вуҷуд дорад, зеро 98 дарсади неруи барқи мамлакат ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд, ки ҳам арзон асту ҳам барқароршаванда. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки вазорату кумита ва муассисаҳои давлатӣ давра ба давра мошинҳои хизматиро ба нақлиёти барқӣ иваз намоянд. Дар ин сурат ҳавои шаҳрҳо тозатару талабот ба сӯзишвории воридотӣ камтар хоҳад шуд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»