Мувофиқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар мамлакат нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пеш аз муҳлат иҷро гардид.
Дар хабарномаи вазорат омадааст: «Аз 1-уми апрел то 22-юми майи соли 2024 нахуст ВМКБ, баъдан чаҳор навоҳии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд оид ба иҷрои 100- фоизаи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба артиш гузориш доданд».
Зикр кардан бамаврид аст, ки соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” самаранок фаъолият бурда, бо такя ба неруи ватандӯстии ҷавонон нақшаи пешбинишудаи даъвати баҳории соли 2024-умро пеш аз муҳлат иҷро намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»