Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ

Нақши истиқлолияти давлатӣ дар болоравии мақоми занон

№ 24.08.2022

«Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Мо ин сиё­сатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сох­тору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021)

Истиқлолияти давлатӣ барои боло бурдани мавқеи занон дар ҷомеа имконияти бештарро фароҳам овард. Ҳоло зани тоҷик метавонад неруи созандаи худро барои ободию рушди кишвар равона созад ва дар ҳама самтҳои азнавсозии мамлакат фаъолона ширкат варзад.

Бешак, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 барои таъмини иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвар, болотар рафтани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа мусоидат кард.

Айни ҳол теъдоди занону бонувон дар хизмати давлатӣ 4 ҳазору 518 нафарро ташкил дода, дар вазифаҳои роҳбарикунанда 1 ҳазору 113 нафар занону бонувон фаъолият намуда истодаанд. Қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Бояд қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар 11 ҳазору 500 духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо Квотаи президентӣ хатм карданд.

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ – МУШКИЛКУШОИ ЗАНОН

Бо мақсади инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, таъсиси ҷойҳои нави кор дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 грантҳои президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуда, ҳар сол бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ зиёда аз 2 млн. сомонӣ ҷудо мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021 таҳти №5 «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» қарор қабул кард. Аз соли 2021 то соли 2025-ум 80 гранти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба маб­лағи 2 000 000 (ду миллион) сомонӣ барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуд, аз ҷумла:

- 20 грант ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ;

- 20 грант ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ;

- 20 грант ба маблағи  20 ҳазор сомонӣ;

- 10 грант ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба кумита 236 лоиҳа ҷиҳати дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2022 пешниҳод гардида, аз он 80 лоиҳа аз ҷониби комиссияи грантӣ дастгирӣ гардид, аз ҷумла:

- аз   Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 30 лоиҳа пешниҳод гардида, аз он 10 лоиҳа ба маблағи 305 000 (сесаду панҷ ҳазор) сомонӣ;

- вилояти Суғд 46 лоиҳа пешниҳод гардида, аз он 17 лоиҳа ба маблағи  525 000 (панҷсаду бисту панҷ ҳазор) сомонӣ;

- вилояти Хатлон 91 лоиҳа пешниҳод гардида, ки аз он 28 лоиҳа ба маблағи 895 000 (ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ;

- шаҳри Душанбе 31 лоиҳа пешниҳод гардида, аз он 8 лоиҳа ба маблағи 235 000 (дусаду сиву панҷ ҳазор) сомонӣ;

- ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 20 лоиҳа пешниҳод гардида, аз он 9 лоиҳа бо маблағи 290 000 (дусаду навад ҳазор) сомонӣ;

- водии Рашт 18 лоиҳа пешниҳод гардида, аз он 8 лоиҳа ба маблағи 260 000 (дусаду шаст ҳазор) сомонӣ дастгирӣ ёфтанд.

Зимни баррасии лоиҳаҳо барои дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорзанон аз табақаҳои осебпазир афзалият дода шудаанд. Аз ҷумла:

- 6 зани имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Сино, Рашт, Бобоҷон Ғафуров, Левакант ва Темурмалик;

- 2 соҳибкорзане, ки дар оилаашон шахси имконияташон маҳдуд доранд, аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва Рӯшон;

- 6 нафар аз оилаҳои осебпазир аз ноҳияҳои Сино ва Сангвор.

Дар маҷмӯъ, 80 лоиҳа ба маб­лағи 2500000 (ду миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ) дар самти таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди меваю сабзавот, ташкили гармхона, рушди чорводорӣ, кишоварзӣ, парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, коркарди пашми буз ва гӯсфанд, моҳипарварӣ, мурғпарварӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷониби аъзои комиссияи грантӣ дастгирӣ ёфт.

БАРАКАТИ ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Марҳабо Назарова, соҳибкор ва гирандаи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 мебошад. Ӯ аз соли 2012 ба соҳибкорӣ машғул буда, барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ либоси ягона омода менамояд. Номи лоиҳае, ки бо он муваффақиятро ба даст овард, «Дӯхти либоси аврупоӣ бо нақшу нигори миллӣ» ном дорад.

Марҳабо Назарова нақл кард, ки дар аввал корхонаашон хурд буд, вале ҳоло дар Маркази савдои «Садбарг»-и пойтахт фаъолият дорад.

- Ривоҷи фаъолияти мо аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, кӯшиш карда истодаем, то дар оянда тавсеа ёбад, — гуфт номбурда.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»