Нақши расонаҳо дар ҷаҳонишавии Наврӯз

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

Чанде пеш бо ибтикори роҳбарияти Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон ва нашрияи «Миллат» дар мавзӯи «Нақши расонаҳо дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ва таҳкими ҳамгироии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз» ҷамъомад баргузор гардид. Директори китобхона Абуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, ки дар мақоми байналмилалӣ гирифтани иди Наврӯз нақши расонаҳо ва журналистон барҷаста аст. Мутаассифона, имрӯз нашрияе нест, ки давлатҳои ҳавзаи Наврӯзро комилан фарогир бошад. Бино ба гуфти номбурда, ташкил кардани ҳамоишҳо ба ҳамгироии бештари давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ва муаррифии хубтари ин ҷашни оламшумул мусоидат мекунад.

Сармуҳаррири нашрияи «Миллат» Адолати Мирзо доир ба сайри таърихии Наврӯз дар замони шӯравӣ сухан ронда, талоши рӯзноманигоронро оид ба дубора ҷашн гирифтани ин иди бос­тонии миллати тоҷик махсус таъкид кард. Аз ҷумла гуфт, ки дар замони шӯравӣ ҳатто номи Наврӯзро навиштан мамнӯъ буд, аз ин рӯ ин ҷашни бостониро бо номҳои дигар хоксорона таҷлил мекарданд. Танҳо соли 1969 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» аз ҷашни Наврӯз гузоришҳо нашр шуданд ва бори аввал ин ид бо номи аслиаш-Наврӯз инъикос ёфт. Дар ин самт хизмати сармуҳаррири онвақтаи нашрияи мазкур, журналисти ҷасур Бӯринисо Бердиева хеле назаррас аст.

- Аз ин рӯ, пешниҳод мекунам, ки яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Бӯринисо Бердиева гузошта  шавад, — афзуд ӯ.

Ҳамчунин, сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикис­тон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ ва Аббосалӣ Ҳасанов, котиби якуми Сафорати Афғонистон дар Тоҷикис­тон Аҳмад Фаҳим Кӯҳдоманӣ оид ба ҷашнгирии Наврӯз дар кишварҳояшон сухан ронданд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»