Нақши Телевизиони Тоҷикистон дар ташаккули фазои иттилоотӣ

№ 04.10.2017

Чунин унвонгузорӣ шуда буд мавзӯи ҳамоише, ки сеюми октябри соли ҷорӣ бахшида ба рӯзи таъсиси Телевизиони тоҷик дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО – и Тоҷикистон» баргузор гардид. Ҳамоишро директори «Академияи ВАО -и Тоҷикистон» Зиннатулло Исмоилзода ифтитоҳ намуда, оид ба таърихи 58 – сола ва нақши телевизион дар рушди кишвар сухан ронд. Вай изҳор дошт, ки дар замони шӯравӣ дар ҷумҳурӣ танҳо як телевизион вуҷуд дошт, ки он ҳам як ҷузъи  телевизиони умумидавлатӣ маҳсуб меёфт. Ташаккулу тараққиёти воқеии ин соҳаи воситаҳои ахбор маҳз дар замони соҳибихтиёрии давлати тоҷикон ба вуҷуд омадааст. Имрӯз дар кишвар шаш шабакаи ҷумҳуриявӣ вуҷуд дорад ва телевизиони Тоҷикистон ба мактаби бузурги тарбияи мутахассисони журналистикаи телевизионӣ табдил ёфтааст.

Муовини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Амирбекзода зимни суханронӣ баъзе саҳифаҳои дурахшони фаъолияти кормандони телевизионро варақгардон намуд.

Дар ҳамоиш, ҳамчунин мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддини Шоҳинбод, раиси Иттифоқҳои касабаи  кормандони соҳаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ  Бобохон Сатторов иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш ба кормандони беҳтарини телевизион мукофоту ифтихорномаҳо ва ба хатмкардагони курсҳои бозомӯзии кормандони соҳа шаҳодатнома (сертификат) –ҳо супорида шуданд.

 Н.Низомӣ,

«Садои мардум»