Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти муҳити зисти Финландия дар меҳмонхонаи “Атлас”-и пойтахт зери унвони ”Нақши воситаҳои ахбори омма дар инъикоси масоили экологӣ” семинар баргузор гардид.
Сардори Маркази стандартикунонӣ, методология ва меъёрҳои экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозор Абдураҳимов таъкид намуд, ки ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар кишвари мо дар сатҳи баланд таҷлил мешавад.
Зикр гардид, ки риоя намудани талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист табиати бою зебои кишварамонро аз хатари нобудшавӣ эмин дошта, боиси рушди устувори ҷомеа мегардад.
Муовини сардори маркази иттилооти экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ибодулло Сангов иброз намуд, ки дар самти иттилооърасонӣ ва тарғибу ташвиқи экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам буда, бо назардошти рушди устувор такмил ёфта истодаанд.
Яке аз ин қонунҳо, ки аз соли 2011 амал менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини иттилооти экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва ба таъмини ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дастрасии иттилооти экологии мукаммал, эътимоднок ва саривақтӣ мусоидат карда, муносибатҳоро дар ин бахш танзим менамояд.
Дар робита ба ин, дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ таъсис дода шудааст.
Илова бар ин, дар мамлакат «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025″ дар ҳоли татбиқ қарор дорад. Дар тарҳрезӣ ва қабули барномаи мазкур мушкилот ва ҳадафҳои ҳалталабу дурбинона ба эътибор гирифта шудаанд.
- Ҳоло дар назди кумита “Клуби экожурналистон” амал намуда, ҷалби ВАО ба чорабиниҳои экологӣ хуб ба роҳ монда шудааст, -иброз намуд Ибодулло Сангов.
Директори маркази «Орхус»-и Душанбе Ҷамолиддин Яъқубӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июни соли 2001 ба Конвенсияи Орхус ҳамроҳ шуд. Соли 2002 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҳамоҳангсози миллии Конвенсияи Орхусро таъин ва ҳайати нахустини гурӯҳи кориро тасдиқ намуд. Дар Тоҷикистон аввалин маркази «Орхус» соли 2003 дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд, ки воситаи муҳими пешбурди конвенсия дар мамлакат гардид. Бо мақсади татбиқи Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими равобити мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин дар заминаи созмонҳои ҷамъиятӣ шабакаи марказҳои «Орхус» дар шаҳрҳои Хуҷанд (2005), Бохтар (2009), Хоруғ (2011), Турсунзода (2013) ва ноҳияи Рашт (2014) таъсис дода шуд.
- Ҳадафи Конвенсияи Орхус таъмини кафолати ҳуқуқҳои экологии инсон, ҳифз ва нигоҳдории муҳити зисти солим барои наслҳои оянда мебошад. Дар кишвари мо сохтори мутасаддӣ барои татбиқи Конвенсияи Орхус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст, — иброз намуд Ҷамолиддин Яъқубӣ.
Муҳаққиқи Институти муҳити зисти Финландия Людмила Весикко ба ҳозирин дар бораи тарзу усулҳои интишори иттилооти экологӣ дар Финландия маълумот дода, зикр намуд, ки ҳар шаҳрванди ин кишвар тавассути телефон вобаста ба сифати об дар кӯлу дарёҳои Финландия маълумоти фаврӣ гирифта метавонад. Дар муҳокимаҳои парламентие, ки вобаста ба масоили экологӣ доир мегарданд, ғайр аз вакилони узви гурӯҳи экологӣ, инчунин, коршиносони соҳа ва олимону рӯзноманигорон низ ширкат меварзанд.
Дар семинар, инчунин, сардори шуъбаи иттилооти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаҳҳорова, коршиноси собиқадори маркази «Орхус»-и шаҳри Хоруғ Боймуҳаммад Алибахшов, корманди маркази «Орхус»-и шаҳри Бохтар Сайёра Маҳмадова, коршиносони соҳа Катарина Бёрклоф ва Назокат Исоева мулоҳизаҳои ҷолиб баён карданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
“Садои мардум”