Агар мо ба рушди соҳаи кишоварзии кишвар, маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бозору мағозаҳои пур аз сабзавоту меваҷот, таъмини амнияти озуқаворӣ, боғҳои интенсивии дар доманакӯҳҳо густурда назар афканем, пеш аз ҳама, саҳми олимони соҳаи кишоварзӣ пеши назар меояд. Аз рӯи маълумоти оморӣ низ саҳми онҳо дар соҳаи кишоварзӣ хеле назаррас аст.
Имрӯз, ки мо барои татбиқи барномаи тараққиёти «Рушди устувор» азму талош дорем, пеш аз ҳама, чашми умеди давлат ва ҷомеа ба сӯи олимону мутахассисон аст, хоса олимони соҳаи кишоварзӣ, ки барои муҳайё сохтани зиндагии шоиста ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссагузоранд. Президенти кишвар ҳар таъкиде, ки вобаста ба рушду тараққиёти кишвар мекунанд, маҳз ба фаъолияти олимон нигаронда шудааст.
Яке аз олимони сермаҳсули тоҷик академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Турсунбой Ахмедов мебошад, ки рушди як ҷузъи соҳаи кишоварзӣ — сабзавоткорӣ ба меҳнату заҳматҳои ӯ низ иртибот дорад.
Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи сабзавоткории Институти таҳқиқоти илмии зироаткории Тоҷикистон шурӯъ намуда, дар равияи тухмипарварии зироатҳои сабзавотию полезӣ ва истифодаи нуриҳо дар онҳо таҳқиқоти зиёд гузаронда, баъди ташкил шудани Институти таҳқиқотии илмии боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон ба ҳайси корманди илмӣ корро давом додааст. Соли 1987 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Истифодаи нуриҳо дар кишти харбуза дар водии Вахш» дар Институти умумииттифоқии сабзавоткорӣ (шаҳри Москва) дифоъ намудааст. Натиҷаҳои фаъолияти илмию амалии ӯ аз назарҳо дур намонда, дар истеҳсолоти ватанӣ татбиқ гардид. Турсунбой Ахмедов соли 2004 дар Институти умумироссиягии сабзавоткории шаҳри Москва рисолаи докториашро дар мавзуи «Муътадилгардонии ғизогирии минералӣ, ҳосилнокӣ ва сифати зироатҳои полезӣ ва сабзавот дар Тоҷикистон» дифоъ менамояд. Ин дастоварди илмии ӯ барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат нақши муҳим бозид.
Воқеан, таъминот ба маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ он гоҳ даст медиҳад, ки олимон навъҳои афзалиятноки маҳсулоти кишоварзӣ, тухмиҳои аълосифат ва устувории маҳсулоти истеҳсолшударо дар истеҳсолот ба роҳ монда, истифодаи технологияҳои навро ҷорӣ намоянд. Онҳо ба ин васила дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, фаровонии бозори истеъмолӣ, рушди содирот, бо ашёии хом таъмин кардани саноати сабук ва бо ҷои кори доимӣ таъмин шудани аҳолӣ нақши назаррас мебозанд. Ин дар таҷрибаи кишоварзии ҷаҳон исбот шудааст.
Бо роҳбарии академик Турсунбой Ахмедов навъҳои нави пиёзи тезпаз бо номи «Аброрӣ» ва миёнапази «Ҳисорӣ», қаламфури тези навъи «Серҳосил», навъҳои картошкаи «Нурӣ» ва «Сурхоб» кашф гардида, дар ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ шудааст, ки имрӯз дар бозори истеъмолӣ маҳсулоти ватанӣ ҷои маҳсулоти воридотиро иваз намудааст.
Воқеан, натиҷаи заҳматҳои софдилонаи олимон аст, ки нақшаҳои амалишудаи Ҳукумати мамлакатро дар фаровонии маҳсулоти ватанӣ дида истодаем. Президенти кишвар заҳматҳои пурарзиши олимонро дар фаровонии бозори истеъмолӣ ба инобат гирифта, дар Паёми навбатиашон (28-уми декабри соли 2023) ба олимону кишоварзони мамлакат изҳори миннатдории самимӣ намуда, аз ҷумла, чунин иброз доштанд: «Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад». Воқеан, аз меъёри истеъмолӣ зиёд истеҳсол кардани картошка 122 дарсад, сабзавот – 174 , пиёз — 527, сабзӣ — 360 ва полезӣ 360 дарсад аксаран маҳсули дастранҷи олимони навъовари мамлакат мебошад.
Профессор Т. Ахмедов тавонист, ки омӯзиши хусусиятҳои навъҳои гуногуни зардолу ва технологияи парвариши онро дар манотиқи Осиёи Марказӣ, лоиҳаҳои байналхалқӣ ИПГРИ (Италия), Маркази умумиҷаҳонии сабзавот (АЦИРО, Тайван), Институти умумиҷаҳонии картошкапарварии CIP (Перу), Ташкилоти озуқаворию кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Институти «Боғпарварӣ»-и Ҷумҳурии Корея, институтҳои умумироссиягии сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ ҳаматарафа вусъат диҳад.
Номбурда чун олими намоёни соҳаҳои боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он обрӯю эътибори хоса дорад. Ӯ робитаҳои илмиро бо донишгоҳҳои тадқиқотии байналмилалӣ мустаҳкам намуда, дар пешрафти илми меваю сабзавоткорӣ меҳнати арзанда кардааст.
Ин олими шинохта зиёда аз 250 мақола, асарҳои илмию тавсияномаҳо, китобу монографияҳоро ба табъ расонда, дар таҳияву татбиқи «Барномаи барқароркунӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (солҳои 2004, 2007, 2009, 2015) саҳми назаррас гузоштааст.
Дар давраи роҳбарии ӯ дар Институти илмӣ-истеҳсолии «Боғпарвар» ва Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ 13 рисолаи докторӣ ва зиёда аз 20 рисолаи номзадӣ дифоъ шуда, 7 нафар кормандони он ба унвони баланди «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардидаанд.
Ҳоло академик Т. Ахмедов фаъолияташро чун профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур идома дода, ҳамзамон, роҳбари илмии мавзуъҳои селексия, тухмипарварӣ ва коркарди технологияи парвариши зироатҳои сабзавотию полезӣ ва картошкаи Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ мебошад.
Дар давраи роҳбарии Турсунбой Ахмедов Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ ба яке аз муассисаҳои пешқадами илмии ҷумҳурӣ табдил ёфта, дар амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.
Ӯ ҳангоми омодасозии лоиҳаҳо ва бунёди «Боғи миллӣ» дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров, боғҳои намунавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Файзобод, Ёвон, Рашту Тоҷикобод, боғу токзори коллексионию намунавии ноҳияҳои Данғараю Хуросон ва Бобоҷон Ғафуров ҳамчун устоди пуртаҷриба роҳнамоӣ кардааст. Натиҷаи чунин навҷӯии олимони тоҷик буд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардид.
Ҳоло Т. Ахмедов дар ҳамкорӣ бо олимони ҷумҳуриҳои Кореяву Туркия хусусиятҳои хоси парвариши сабзавотро дар гармхонаҳои замонавии назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз худ карда, чун олим дар қатори устодони беҳтарини донишгоҳҳои муваффақ қарор дорад.
- Ҳарчанд олимони соҳа дар бахшҳои гуногуни илми кишоварзӣ ба як қатор пешравиҳо ноил шуданд,вале бозёфтҳои онҳо ҳоло ҳам қаноатбахш нестанд. То ҳанӯз вазъи парвариши навъҳои ангури ба содирот нигаронидашуда ба талабот ҷавобгӯ нест. Ба сифати тухмии ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум, инчунин, намудҳои серҳосили пахта, картошка ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ, ки ба табиати кишвари мо мутобиқанд, беаҳамиятӣ зоҳир мекунем, — мегӯяд Турсунбой Ахмедов.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»,
Мумин Назар,
доктори илмҳои фалсафа