Бо ибтикори раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва дастгирии Намояндагии фонди байналмилалии Фридрих Эберт конфронси илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши занон дар таъмини рушди инноватсионии иқтисодиёти Тоҷикистон» доир гардид. Муовини ректори донишкада С. Низомов онро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки конфронс ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз бахшида шудааст. Имрӯз пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа, бахусус пешрафти иқтисодиётро бидуни талошу кӯшиши занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Сипас, номзади илмҳои иқтисодӣ Р. Бобоҷонов, доктори илмҳои иқтисодӣ Т. Усмонова, доктори илмҳои иқтисодӣ, М. Кошонова, номзади илмҳои иқтисодӣ С. Мутиева, сармутахассиси бахши робитаҳои хориҷии донишкада, дотсент Н. Ҳайбатов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети технологияҳои информатсионии донишкада У. Ҷумъаев ва дигарон оид ба масъалаи мавриди назар маърӯза намуданд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»