Мушкилот ва пешниҳод

Набояд ба об хунукназарона муносибат намоем

№71 (3865) 09.06.2018

DSC_6855Дар миёни мардум вобаста ба об мақоли зиёд мавҷуд аст. Масалан, мегӯянд: «об се ғел занад, пок мешавад» ва ё «оби равоне, ки хасро бурда тавонад, тоза аст».  Баъзе нафарон ин суханонро меъёри динӣ пиндош­та,  чунон дода шудаанд, ки дигар ба рангу таъми об кордор  нестанд, ҳар ҷойе ҷӯйи пуробро диданд, аз он истифода мебаранд. Вобаста ба ин масъала сармутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшов гуфт, ки агар об аз болои наҷосат ва ё пору ҷорӣ шавад, бо он даст шустан ва таҳорат кардан  мумкин нест. Модоме ки бо чунин об таҳорат кардан мумкин нест, пас  нӯшидани он қатъиян манъ мебошад. Аммо гуфторҳои боло, ки миёни мардум ҳамчун меъёри динӣ машҳур аст, метавонад инсонро ба марг раҳнамун созад.

Дарёҳои Тоҷикистон, ки аз чашмаву пиряхҳо ташаккул меёбанд, аз ҷиҳати экологӣ тозаву безараранд. Мутаассифона, дар ҳудудҳои аҳолинишин ба онҳо партовҳои гуногунро партофта, нӯшидани обашонро ғайримумкин гардонидаанд. Вазъият хеле нигаронкунанда буда, баъзе аз ҳамватанон дарёро партовгоҳ «мепиндоранд».

Мушоҳида намудани ҳолати дарёи Варзоб кифоя аст, ки муносибати ҳамватанон бо яке аз чор унсури ҳаёт — об маълум гардад. Дар айёми обхезии дарё соҳили он бо шарофати лабрезиаш то андозае озода менамояд. Зеро оби зиёд ва маҷрои тез чизҳои ба дарё партоф­ташуда ва ё тасодуфан афтидаро ба дуриҳои дур мебарад. Аммо бо гузаштани мавсими обхезӣ, ки  маҷрои дарёҳо ором шудаву об  низ «боадабона» ҳаракат менамояд, соҳилҳо пур аз партов мешаванд.

Доир ба  ин масъала бо сардори Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Алӣ Холов ҳамсуҳбат шудем. Номбурда гуфт, ки  бо бӯстонсароҳои ҳудуди ноҳия шартнома оид ба баровардани партовҳо баста шудааст ва корхонаи коммуналӣ пайваста онҳоро ба партовгоҳи шаҳри Душанбе интиқол медиҳад.

- Кӯшиш дорем, ки масъалаи тозагиро дар мадди аввал гузорем. То имрӯз бо се деҳа шартнома доштем ва мувофиқи супориши роҳбарият бояд ба наздикӣ бо деҳаҳои боқимонда низ шартнома баста, партовҳояшонро сари вақт барорем, -зикр кард Алӣ Холов.

Тавре маълум аст, дар роҳи Душанбе — Чанок (ҳудуди ноҳияи Варзоб) нуқтаҳои ғайрирасмии шустушӯйи нақлиёт фаъолият мекунанд, ки оби онҳо ба партоб мубаддал шуда, ба дарё ворид мешавад. Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб Сайдулло Муқимов изҳор дошт, ки дарёи Варзоб зери назорати қатъӣ қарор дошта, нафароне, ки қоидаҳои тозагиро риоя наменамоянд, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд. Бино ба гуфти С. Муқимов, соли 2018 нисбат ба 32 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кушода шуда, ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ гардид. Ӯ, ҳамчунин изҳор дошт, ки апрели соли ҷорӣ якҷо бо прокуратура  7 нафарро бо ҷурми ба об партофтани партоб ҷарима кардаанд.

Аз  масъулони ноҳияи Варзоб «сарчашма»-и партовҳои дарёи Душанберо пурсон шудем. Гуфтанд, ки чун дар ҳудуди ноҳия шоҳроҳи байналмилалӣ воқеъ аст, баъзе ронандагон ва мусофирон низ чизҳои нолозимро ба роҳ ё дарё мепартоянд. Ин дар ҳолест, ки аз мавзеи Даҳана то Пуғус 40 қуттии партов гузоштаанд. Ба иддаои масъулин оид ба корҳои анҷомдода дар самти тозагии муҳити зист шак надорем, вале ҳама партови соҳили дарёро ба мусофирони шоҳроҳи Душанбе — Чанок рабт додан воқеият нест.

Ҳар рӯз барои ба кор омадан ва баргаштан дар ду мавзеъ аз болои канали Ҳисор мегузарам. Ин ҳамон каналест,  ки аз дарёи Душанбе об гирифта, ноҳияҳои Рӯдакиву Шаҳринав ва шаҳрҳои Ҳисору Турсунзодаро бо оби полезӣ таъмин намуда, аҳолии атроф чун манбаи оби нӯшиданӣ аз он истифода мебаранд. Ҳарчанд масъулон ва мутахассисони соҳа оби онро ба категорияи обҳои нӯшокӣ дохил намекунанд ва нӯшиданашро «қатъиян манъ» арзёбӣ менамоянд, аммо ҳеҷ гуна ҳушдор аҳолиро аз нӯшидани он  манъ намекунад. Зеро дигар чора надоранд. Агар аз он истифода накунанд, пас манбаи дигаре ба ҷуз оби борон вуҷуд надорад.  Мардум аз оби канал дар ҳоле истифода мебаранд, ки ифлосиҳои атроф ба он ворид шуда,  ба «партовгоҳи равон» табдил додааст. Ифлосшавии оби канал аз саргаҳи он, яъне шаҳри Душанбе,  шурӯъ  мешавад.

Баҳриддин Раҳимов, ки собиқаи кор дар каналро дорад, мегӯяд, дар шаҳри Ҳисор, аз ҷойе, ки канал ба воситаи нақби 150-метра (букер) аз зери дарёи Хонақоҳ мегузарад, ҳар сол даҳҳо мошин партов ҷамъ мешавад. Ӯ изҳор дошт, ки партовҳои сабук, аз қабили зарфҳои гуногуни пластикӣ, латтапораву селофанҳо, уребчаву дигар молҳои истифодашуда, ки рӯйи об меоянд, дар ҳар дафъаи тоза кардан бори 2-3 мошини боркаши тамғаи «Камаз» мешавад. Ӯ изҳор дошт, ки аввали баҳор тозакунии даруни нақби зикршуда то як ҳафта тӯл мекашад. Бино ба гуфти номбурда, дар баробари дигар партов, ҳамчунин ҷасади ҳайвонҳои хонагӣ, аз қабили сагу гурба низ ба чашм мерасад.

Масъулонро мебояд, ки баҳри ҳалли мушкили зикршуда ҷиддӣ чораандешӣ намоянд. Зеро новобаста аз дохил будан ё набудан ба категорияи обҳои нӯшокӣ тозаву озода будани ҷӯю канал зарур аст.

Пешниҳодоти  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд, Тоҷикистонро чун давлати фаъол дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об маъруфтар кард. Хуб нест, ки мо — тоҷикистониён бо об хунукназарона муносибат кунем, зеро ҳар хориҷии огоҳе, ки ба кишвар сафар мекунаду ҳолати рӯду дарёҳоро мебинад, эътимоду ихлосаш коста мегардад. Гузаронидани аксияҳои тозагии соҳил хуб аст, аммо танҳо бо чунин амале, ки шояд дар як сол як бор ташкил мешавад, наметавон рӯду дарёҳоро тоза нигоҳ дошт. Масъулинро мебояд, ки дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ назоратро низ пурзӯртар кунанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев