Солҳои охир бо иқдоми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъати ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисодиёту тиҷорат ва дигар соҳаҳо, пайванди соҳибкорони ватанию хориҷӣ мунтазам намоишгоҳ – ярмаркаҳо доир мегарданд. Ин нуктаро раиси Палата Шариф Саид 18 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи нахустнамоиш — ярмаркаи молҳои минтақаи Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Халқии Хитой таъкид карда, зикр намуд, ки чорабинии мазкур идомаи тадбирҳо баҳри вусъати ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад.
Зимни ифтитоҳи ботантанаи намоишгоҳи мазкур намояндагони масъули ноҳияи мухтори Хуэй, Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ суханронӣ карда, аз пазироиашон дар шаҳри Душанбе ва фароҳам овардани имконоти хуб барои муаррифии молу маҳсулоташон изҳори сипос намуданд.
Дар намоишгоҳ-ярмарка зиёда аз 50 ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ, таҷҳизоти энергетикӣ, мошинсозӣ, ҳавопаймоӣ, автомобилӣ, корхонаҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, сохтмонӣ ва маводи озуқа иштирок доранд.
Нимаи дуюми рӯзи ифтитоҳи намоишгоҳ — ярмарка дар яке аз толорҳои Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бизнес — форуми доираҳои соҳибкории минтақаи Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он роҷеъ ба ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст мубодилаи афкор сурат гирифт.
Намоишгоҳ — ярмаркаи мазкур то 21 май идома меёбад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»