То 21 март дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад.
Дар намоиш-фурӯш ҳунармандону чакандӯзон ва зардӯзон аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҷамъ омада, ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод менамоянд.
Ёдрас мешавем, ки намоиши мазкур соли дуюм аст, ки дар пойтахт баргузор гардида, дар он либосҳои миллӣ, матоъҳои гуногун, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тоқию ҷузвдонҳо, зару зевар, армуғон ва дигар маҳсулоти дастии ҳунармандон ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.
Ин иқдом ба хотири ҳифзи ҳунар ва эҳёи анъанаҳои миллии мардуми тоҷик рӯйи даст гирифта шудааст.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»