Чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «ТojExpo» Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ва тиҷоратии «Тоҷикистон: Баҳор -2015» доир гардид.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова баргузории намоишгоҳи мазкурро дар рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, пайдо намудани шарикони нав, воридоти технология ва таҷҳизоти муосир муҳим арзёбӣ намуд.
Ӯ гуфт, ки дар намоишгоҳ 20 ширкати олмонӣ, франсузӣ, эронӣ, туркӣ, афғонӣ ва тоҷикистонӣ маҳсулоти хешро дар бахшҳои кишоварзӣ, тиб, сохтмон, техникаву таҷҳизоти муосир, аз ҷумла турбинаҳои бодӣ, ки барои истеҳсоли қувваи барқ пешбинӣ шудааст, техникаҳои маишӣ, маводи ғизоӣ ва ғайраро пешниҳод намуданд.
Мавсуф изҳори умед кард, ки дар намоишгоҳи мазкур соҳибкорон шарикони нав пайдо карда, созишномаҳои ҳамкориро ба имзо мерасонанд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилзода Абдувалӣ Ҳаким изҳор дошт, ки чунин намоишгоҳҳои байналмилалӣ ба густариши доираи шарикон ва ҷалб намудани маблағҳои хориҷӣ ба соҳаи сохтмон, маориф, тандурустӣ, гидроэнергетика ва дигар бахшҳои иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад.
Зимни шиносоӣ аз гӯшаҳои ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо чанд тан аз масъулон, соҳибкорон ва сокинон ҳамсуҳбат шудем.
Роҳбари ҶСК «Авитсенна» Холиқ Комилов аз сатҳи баланди ташкили намоишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки баргузории чунин чорабинӣ ба онҳо имкон медиҳад, то маҳсулот ва сатҳи хизматрасониашонро дар самти бунёди манзилҳои истиқоматӣ бештару беҳтар муаррифӣ созанд.
Директори ҶДММ «Parwint» Вейсел Бийич иброз дошт, ки Ширкати муштараки тоҷикӣ-туркии онҳо дар намоишгоҳи фавқуззикр турбинаҳои бодиро ҳамроҳ бо батареяҳои барқӣ аз нурҳои офтоб муаррифӣ кард, то ки талаботи мардумро бо ин сарчашмаҳои алтернативии қувваи барқ таъмин созанд. Шаҳрвандон дастгоҳҳои мазкурро дар хонаҳояшон, маконҳои истироҳатӣ ва дашту пуштаҳо барои бо мушкили барқ мувоҷеҳ нашудан насб карда метавонанд. Ба гуфтаи ӯ, таҷҳизоти бодӣ ва офтобӣ таври алоҳида ва якҷоя неру гирифта, барои истеҳсоли барқ ба якдигар мусоидат мекунанд. Яъне, дар ҳоли қатъ шудани бод батарея ё аккумулятори офтобӣ ба турбинаҳои бодӣ барои истеҳсоли барқ қувва медиҳад. Ин дастгоҳҳо имкон доранд, ки телевизор, яхдон ва фурӯзонакҳои каммасрафро як шабонарӯз ва зиёдтар аз он бо неруи барқ таъмин кунанд. Номбурда зикр кард, ки дар шароити Тоҷикистон насби чунин таҷҳизоти барқӣ мусоид аст. Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ маркази ороишӣ (дизайнерӣ) қарор дошт, ки мизоҷон бо сатҳи хизматрасонии он шинос шуданд.
Тавре директори генералии ҶДММ «Душанбе дизайн» Азим Дадабоев иброз дошт, чунин намоишгоҳҳо ба онҳо имкон медиҳанд, ки шарикони навро барои барқарор сохтани ҳамкорӣ тайёр намоянд. Ӯ афзуд, ки самти кории онҳо аслан дар се равия сурат мегирад: якум, ороиши дохил ва беруни идора, корхона ва манзилҳои зисти сокинон, дувум, омода сохтани плакатҳои калонҳаҷми чопӣ, наворҳои таблиғотӣ ва самти сеюми фаъолияташон барои оро додани маҳфилу чорабиниҳои гуногун равона шудааст.
Соҳибкори ватанӣ Саиднозим Манонов бошад, соли дуюм аст, ки ба хотири ҳар чӣ зиёдтар муаррифӣ шудани чойҳои сейлонии ширкати «Mabroc» аз Шри-Ланкаи Ҳиндустон дар ин намоишгоҳ ширкат меварзад. Аз ҷониби ӯ чойҳои истеҳсолшудаи ширкати мазкур бо навъҳои гуногуни «кабуд», «сиёҳ» ва тамъҳои меваҷот, аз қабили лимӯ, афлесун, навъҳои гул, гиёҳҳо ба маъраз гузошта шудааст. Ба қавли ин соҳибкор, феълан танҳо дар мағозаву марказҳои савдои пойтахти кишвар фурӯши чойҳои ҳиндиро ба роҳ мондаанд ва арзишаш аз панҷ сомонӣ шурӯъ мешавад.
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ тоҷирони эронӣ пайи таблиғи шампунҳои гиёҳӣ, ашёҳои рӯзгор, аз қабили зарфҳои гуногуни пластмассӣ буданд, ки аз даҳ то панҷоҳ сомонӣ арзиш доранд.
Соҳибкор Аббоси Каримӣ пеш аз муаррифии маҳсулот аз харҷи маблағи зиёд барои ширкат дар намоишгоҳ изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки гаронии нарх сабаб шуд, ки теъдоди ками ширкатҳо дар ин намоишгоҳ ширкат варзанд.
Таассуроти чанд тан аз сокинони Душанберо, ки аз ин намоишгоҳ дидан намуданд, пурсон шудем.
Директори генералии ҶДММ «Графика Принт» Иброҳим Меняров, ки ба ҳайси тамошобин аз ин намоишгоҳ дидан мекард, бо қаноатмандӣ гуфт, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд доир шуда истодааст ва бо чанд соҳибкори хориҷӣ шиносоӣ пайдо кардам ва дар намоишгоҳи оянда ҳатман иштирок намуда, маҳсулоти ширкатамонро ба маъраз мегузорем.
Сокини шаҳри Душанбе Акмал Исанов иброз дошт, ки бигузор баргузории чунин намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе на як маротиба, балки бештар сурат гиранд. Мавсуф, ки ҳамасола аз чунин намоишгоҳ дидан мекунад, бо таассуф изҳор дошт, ки имсол шумораи корхонаву ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ хеле кам аст. Солҳои пеш ошёнаи дуюми Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пур мешуд, вале имсол танҳо дар ошёнаи якум маҳсулоти ширкатҳо ба намоиш гузошта шудаасту халос.
Дарвоқеъ, имсол нисбат ба солҳои қабл ширкати корхонаҳои истеҳсолӣ дар намоишгоҳи мазкур камтар ба назар мерасид. Дар намоишгоҳҳои солҳои қаблӣ наздики 50 ширкати ватаниву ғайриватанӣ ширкат мекарданд, вале имсол танҳо қариб 20 ширкат молу маҳсулоташонро ба намоиш гузоштаанд.
Менеҷери лоиҳаи «Тоҷикистон: Баҳор-2015» Ганҷина Эргашова сабаби фаъол набудани ширкатҳоро дар соли ҷорӣ ба буҳрони иқтисодӣ рабт дода гуфт, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо муҳим ва саривақтӣ аст, зеро ин омил василаи таҳрикдиҳанда барои пешрафти фаъолияти соҳибкорони кишвар маҳсуб меёбад.
Хайрулло ШАРИПОВ, «Садои мардум»