Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Департаменти тиҷорати Ҳукумати мардумии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми сентябри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» нахустин намоишгоҳи молҳои содиротии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор шуд. Тавре раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид иброз дошт:
- Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорони музофоти Гансуи ҶХХ ва соҳибкорони Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони кишварамон мебошад.
Имрӯз мо шоҳиди эҳёи Шоҳроҳи Абрешим мешавем, ки он тӯли асрҳо Шарқу Ғарбро бо риштаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-дипломатӣ мепайваст. Таъсиси «Камарбанди иқтисодӣ» ба ҳамсоягони Ҷумҳурии Халқии Хитой барои пешрафту тараққӣ кардан имкониятҳои зиёд медиҳад. Баргузории намоишгоҳи мазкур ба рушди бештари ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Хитой мусоидат хоҳад кард, — гуфт Шариф Саид.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 40 ширкати хитойӣ дар бахшҳои энергетика, саноати коркарди маъдан, химия, сохтмон, дорусозӣ, кишоварзӣ, ҳунармандӣ, хӯрокворӣ ва ғайра маҳсулоти худро пешкаши иштирокчиён карданд. Таваҷҷуҳи иштирокчиён махсусан ба маҳсулоти Ширкати истеҳсолии ангати Гансу, Корпоратсияи дорувории тибетии Сичжен, Ширкати дорусозии «Сифен», ки 151 номгӯй доруҳои табиӣ истеҳсол мекунад, Ширкати байналмилалии таҷҳизотбарории Гансу, ки ба содироти мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ ва неругоҳҳои шамолӣ машғул аст, хеле зиёд буд.
Дар доираи намоишгоҳ, инчунин Форуми соҳибкорони Тоҷикистону музофоти Гансу баргузор гардид. Соҳибкорони ду кишвар дар бахшҳои гуногун шартномаҳои ҳамкорӣ имзо намуда, ба рушди робитаҳои сатҳи нав қадамҳои аввалин гузоштанд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»