Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми январи соли 2022 иброз намуданд, ки «Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё, моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем».
21-уми июни соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» барои аз пардохти боҷи гумрукӣ пурра озод намудани молу маҳсулоти ниёзи аввалия, ки аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» пешниҳод шуда буд, баррасӣ ва қабул гардид.
Қабл аз ҳама мехоҳам шахсан аз номи худам ва ҳамчун вакил аз номи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки намояндаи интихобкунандагон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам, барои тадбирҳои доимии на танҳо дар сатҳи дастрас нигоҳ доштани нархҳои маҳсулоти озуқавории ниёзи аввал, балки ҳатто коҳиш додани нархҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос иброз намоям.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2022 дар ҳамин давра нархи як халта орди 50кг 400 сомонӣ ва нархи 5кг равғани растанӣ то 140 сомонӣ расида буд, ки имрӯз нархҳои ин маҳсулоти воридотӣ бесобиқа коҳиш ёфта, нархи як халта орди 50кг 230 сомонӣ ва нархи 5кг равғани растанӣ 70-75 сомониро ташкил дод, ки ин аз сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон баъзе мушкилот дар соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд. Бинобар ин, зарур мешуморам ки барои рушди шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ бояд Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо вазоратҳои дахлдор, институтҳои илмӣ, аз ҷумла институтҳои иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ, зироаткорӣ, хокшиносӣ, чорводорӣ, инчунин кооперативҳои ба монанди «Сароб» ва «Ситабр агро», корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди «Шири Саодат», «Файзи Расул»-у дигар корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқониву чорводорӣ ҳамкориро ба роҳ монда, маблағгузории Иттифоқи «Тоҷикматлубот» зиёд карда шавад. Ба ин васила бо хоҷагиҳои кишоварзу чорводорӣ ба тариқи озмун ё ба истилоҳ «тендер» шартнома баста, мутобиқи нақшабандии ҳатмӣ як сол пеш фармоиши маҳсулот намуда, сари вақт маблағи кишоварзонро барои хариди маҳсулот пешпардохт намоянд.
Имрӯз мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2007 таҳти № 111, мақомоти давлатӣ ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба банақшагирии истеҳсоли маҳсулот ягон дахолат надоранд, вале Иттифоқи «Тоҷикматлубот» метавонад фармоиш бо тариқи озмун эълон намояд ва хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар озмун ғолиб мегарданд, маҳсулоташонро як сол пешакӣ ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» фурӯшанд.
Ҳамзамон Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бояд дар тамоми канори ҷумҳурӣ гӯшаҳои маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода, бо ин роҳ ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон – таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намояд.
Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон