Дар бинои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 мизи мудаввар баргузор гардид.
Ҷамъомадро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтия Муҳаммадиева ифтитоҳ намуда, афзуд, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бо мақсади ҷамъоварии маълумоти дақиқу саҳеҳ оид ба шумораи аҳолӣ ва ҷойгиршавии онҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳайати миллии аҳолӣ, синну сол, сатҳи маълумотнокӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва берунаи шаҳрвандон ва ғайра гузаронида шудааст. Ин маълумотҳо барои тараққиёти минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, равандҳои сиёсӣ, демографӣ ва муносибатҳои байналмилалии кишварамон аҳамияти калон доранд.
Сипас, сардори Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии агентӣ Зебо Исмоилова дар мавзуи «Маълумот дар бораи натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010» ва корманди шуъбаи барӯйхатгирии аҳолии агентӣ Фурқат Мирпоччоев дар мавзуъҳои «Методологияи баргузорӣ ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010» ва «Паҳнкунии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010» тавассути барномаи «Censusinfo» маърӯзаҳои хешро пешкаши иштирокдорони ҷамъомад намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҷамъомади мазкур шиносойӣ бо натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба ҳолати 21 сентябри соли 2010 буд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ҷилдҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум (ду қисм) ва ҳафтуми нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 таҳия гардида, ба нашр расидаанд.
Инчунин дар баробари нашри китобии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010, нусхаҳои электронии он дар компакт- дискҳои махсус сабт ва дар ҳар як ҷилд ҷой дода мешаванд.
Тибқи натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 шумораи аҳолии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 7564,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, аз он ҷумла аҳолии шаҳру шаҳракҳо — 2006,6 ҳазор нафар, аҳолии деҳот — 5557,9 ҳазор нафар мебошанд.
Айни замон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои корҳо ҷиҳати ташаккулёбии ҷадвалҳои бароришӣ мувофиқи навбатҳо, таҳия намудани ҷилдҳои нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил босуръат идома дорад.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»