Аз ҷониби ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мавриди истифода қарор ёфтани кортҳои виртуалӣ
марҳилаи нави тавсеаи низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар мамлакат оғоз бахшид
Кортҳои пардохтӣ аз ҷумлаи навгониҳои низоми бонкӣ маҳсуб ёфта, айни замон дар аксар кишварҳои олам шаҳрвандон тамоми амалиётҳои молиявии худро тариқи чунин кортҳо амалӣ менамоянд. Кортҳо мавқеи пули нақдро дар чунин муносибатҳо қариб ба пуррагӣ гирифтааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои охир дар заминаи тақвияти низоми молиявии кишвар ба ин масъала аҳамияти хоса зоҳир намуда,баҳри ба роҳ мондани истифодаи васеи чунин кортҳо аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа як силсила иқдомотро амалӣ намудааст. Дар ҳамин радиф, бонкҳои мамлакат низ дар ин самт кори зиёдро ба сомон расонидаанд. Яке аз пешсафони низоми бонкии кишвар- ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар ин кор хеле пешсаф буда, мунтазам иқдомоти ҷадидро амалӣ менамояд. Бонки мазкур соли гузашта кортҳои виртуалиро ба истифодаи мизоҷон пешниҳод намуд, ки аз ҷумлаи навгониҳои тозаи низоми бонкӣ маҳсуб меёбад.
Дар суҳбат бо мо сардори шуъбаи кор бо даъвоҳои идораи барориш ва хизматрасонӣ аз рӯйи кортҳои пардохтии бонки мазкур Парвиз Аминҷонов роҳандозӣ намудани истифодаи кортҳои виртуалиро амри муҳиму саривақтӣ ва тақозои замон арзёбӣ кард. Ба гуфтаи мавсуф, талаботи имрӯзаи ҷаҳони муосир, рушди низоми бонкӣ ва тамоюли афзоишро касб намудани талабот ба амалиёти ғайринақдӣ дар бозори иқтисодии ҷаҳон ва мамлакатҳои пешрафта моро водор мекунад, ки ҳамқадам бо замон буда, саъю кӯшиши хешро барои сазовори эътимоду эътирофи мизоҷон шудан равона созем. Аз ин лиҳоз, ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» навъҳои хизматрасониҳои хешро дар ҳама ҷанбаҳо, алалхусус кортҳои пардохтӣ ва низоми пардохтии ғайринақдӣ, ҳамарӯза такмил дода, навтарин ва беҳтарин намудҳои хизматрасониро дар сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ пешкаши муштариён мегардонад. Аз ҷумла ҷорӣ намудани кортҳои виртуалӣ яке аз чунин навовариҳост, ки аз охири соли 2012 инҷониб бомуваффақият дар низоми бонкии мо амал мекунад. Хурсандиовар аст, ки кортҳои вертуалӣ дар муддати кӯтоҳ муштариёну хоҳишмандони зиёд пайдо намуда, ҳамчун калиди дарҳои бозори электронӣ ба эҳтиёҷмандон хидмат мекунад.
Ба суоли мо бобати усулҳои истифода ва бартариҳои чунин намуди кортҳо посух гуфта, Парвиз Аминҷонов зикр намуд, ки кортҳои виртуалӣ ин кортҳои пардохтии махсуси бонкӣ буда, барои гузаронидани амалиёт дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет пешбинӣ гардидаанд. Ҳамсуҳбатам муътақид аст, ки кортҳои фавқуззикр беҳтарин ва боэътимодтарин восита барои харидории ҳама гуна мол ва пардохти хизматрасониҳо тариқи Интернет дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Ҳадафи асосии ихтирои кортҳои виртуалӣ, ки бори аввал соли 1999 дар Кувайт рӯйи кор омадааст, таҳким бахшидани эътимоди муштариён ба тиҷорати электронӣ ва сарфаи вақту маблағ аз харидорӣ намудани ин ё он маҳсулот тариқи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет маҳсуб меёбад.
Тавре мушоҳида мегардад, айни замон ҳолатҳои сӯистифода аз маълумоти кортҳои пластикӣ ва қаллобӣ бо истифодаи онҳо дар фазои Интернет рӯз аз рӯз меафзояд ва ин боиси дар зеҳни муштариён пайдо шудани хавфи истифодабарии кортҳои худ ҳангоми хариди электронӣ мегардад. Дар ин ҳолат ба онҳо корти виртуалӣ кӯмаки беандоза хоҳад расонид. Истифодаи ин гуна кортҳо имконияти бартарафкунии ҳолатҳои ошкор шудани маълумоти кортҳои бонкиро дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет фароҳам меорад. Чунончӣ, муштарӣ метавонад корти виртуалиро кушода, маблағи лозимаро, ки барои харид кофӣ аст, пардохт намояд. Дар сурати пеш омадани зарурат, муштарӣ инчунин имкон дорад, ки тавассути банкоматҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» аз корти муқаррарии пластикии VISA-и худ ба корти виртуалӣ маблағ гузаронад ва ё аз тариқи банкоматҳои Cash-in бо корт маблағ пардохт намояд.
Барои қабулкунандаи маблағи пардохт, корти виртуалӣ аз корти пластикии VISA ҳеҷ тафовуте надорад, вале он барои дорандагони корт бехавфтарин имконоти гузаронидани харидҳои электрониро фароҳам меорад. Бемуболиға метавон гуфт, ки дар шароити кунунӣ ин намуди кортҳо воситаи муосир, қулай ва боэътимоди пардохт ба ҳисоб мераванд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки кортҳои мазкур ба муҳлати аз як моҳ то як сол бароварда мешаванд. Онҳо дорои рақам, муҳлати эътибор, коди махфии CW2/CVC2 (коди серақамаест, ки дар пушти корти пластикии маъмул чоп мешавад) буда, ба василаи онҳо дар мағозаҳои муқаррарӣ харидорӣ намудан ғайриимкон аст, зеро онҳо бидуни сифатҳои асосии кортҳои пластикии VISA, ба монанди лентаи магнитӣ, тамғаи молии низоми пардохтӣ, ҷойи имзо, номи дорандаи корт ва худи корти пластикӣ мебошанд. Вале бо хоҳиши мизоҷ бонк метавонад ба суратҳисоби мавҷудаи корти пластикии VISA-и ӯ корти виртуалии иловагӣ боз намояд.
-Хоҳишмандон метавонанд ба бонк ва ё филиалҳои он муроҷиат намуда, барориши корти виртуалиро барои худ фармоиш диҳанд ва бе ҳеҷ гуна монеа зуд ва бидуни хавотирӣ харидҳои интернетии худро ба анҷом расонанд,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Парвиз Аминҷонов. -Роҳандозӣ гардидани чунин иқдом аз ҷониби ҶСК «Тоҷиксодиртбонк», ки ҳамрадиф бо шомил гардидани кишварамон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо амалӣ шудааст, иқдоми хеле муҳим буда, марҳилаи нави раванди пардохтҳои ғайринақдиро ҳусни оғоз бахшидааст. Итминонамон комил аст, ки дар оянда низ роҳбарияти бонк ин равандро вусъат мебахшад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»