Навраси 11 сола ҳар рӯз ба 200 эҳтиёҷманд ғизо медиҳад

№ 22.04.2022

11 солаРамазон моҳи дилсӯзӣ, меҳрубонӣ ва хайру эҳсон аст. Сокини 11-солаи шаҳри Миссисогии Канада Райён Ҳусейн дар моҳи Рамазон ҳар рӯз барои 200 нафар ғизо пӯхта, онро ба паноҳгоҳи бонувони «Nisa Homes», «Sakeenah Homes» гурӯҳи тақсимоти озуқавории  ASK Foundation ва масҷиди  Muslim Neighbour Nexus мебарад. Тибқи иттилои нашрияи «Toron to Sun», Райён ду сол пеш хӯрокпазиро аз бибиаш ёд гирифтааст.

- Маро асосан бибиам нигоҳубин мекард. Аз ин рӯ, ҳамроҳашон аз хамир нону кулчақанд ва ҳар гуна ғизо мепухтам. Реза кардани  меваю сабзавотро дӯст медоштам,- гуфтааст Райён Ҳусейн.

Ӯ дар синфи 6 таҳсил карда, пас аз дарс табақча мефурӯшад. Аз маблағи ҷамънамудааш маҳсулот харида, барои ифтор ғизо тайёр мекунад.

Дар Рамазони соли 2021 Зевар Хони  покистонитабори 10- сола аз шаҳри Лондон ба камбизоатон хӯрок тайёр мекард.

Ҳимматбаландии наврасони 10- 11- соларо бо рафтори баъзе соҳибкорону бозорнишинон муқоиса карда, кас ҳайрон мешавад. Тавре раиси Шӯрои уламои  Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба АМИТ «Ховар» изҳор намуд, «дар моҳи мубораки Рамазон баъзе нафарон, соҳибкорон ва ё шахсоне, ки  бозорнишинанд, ба эҳтикор (ба таври сунъӣ боло бурдани нарх) даст мезананд.  Мо камбуди равған, орд,  меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз неъматҳост. Ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман  сӯиистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш дорад».

Абдуқодирзода изҳори итминон кардааст, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад.

Мо ҳам умед мекунем, ки рафтори Райён Ҳусейн ва Зевар Хон барои бархе аз соҳибкорон намунаи ибрат гардида, дилсӯзию таваҷҷуҳашон ба ашхоси ниёзманд зиёд мешавад.

 С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»