Назму тартиб ҳар куҷоест пойдор…

№17 (3967) 12.02.2019

Дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино 22 949 нафақахӯр дар қайд буда, қисми бештари онҳо аз рӯи синну сол муайян гардидаанд. Инчунин, 17 иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 38 собиқадори меҳнат, ки зиёда аз 6 моҳ замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 68 маъюби  садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» ва 58 маъюби амалиёти башардӯстона дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд.

- Ҳаҷми миёнаи нафақа 433 сомонию 22 дирамро ташкил медиҳад. Аммо барои иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо дарназардошти пардохти кумакпулии ҳармоҳа ба маблағи 700 сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва 15 сомонӣ барои хизматҳои коммуналӣ ин рақам ба 1544, 55 сомонӣ мерасад, — мегӯяд сардори раёсат Набӣ Ҷабборзода.

Соли сипаришуда ба оилаи 98 нафақахӯри фавтида барои дафн 98000 сомонӣ кумакпулӣ ҷудо гардид. Аз тарафи БДА «Амонатбонк»-и нуқтаи ваколатдори дар ноҳияи Синобуда маблағи нафақаи нафақахӯрони фавтида ба андозаи 325539 сомонию 29 дирам баргардонида шуд.

Дар ноҳия 6371 нафар аз рӯи маъюбӣ ва 1811 нафар аз оилаҳои бесаробонмонда нафақа мегиранд. Шумораи гирандагони нафақаи иҷтимоӣ 4506 нафарро ташкил медиҳад.

Қобили қайд аст, ки 22 корманди Раёсати агентӣ, аз ҷумла М. Абдуллоева, Г. Худоиева, А. Қиматшоева, Ш. Каримова бо сарварии Набӣ Ҷабборзода бо корафтодагон хушмуомила буда, ҳар як арзу муроҷиати онҳоро филфавр баррасӣ ва чораҷӯйӣ мекунанд.

Принсипи кории Набӣ Ҷаб­борзода чунин аст. Ӯ қаблан дар Иттифоқҳои касаба ва Раёсати омори собиқ вилояти Кӯлоб, Фаб­рикаи дорусозии шаҳри Душанбе, Фонди ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе, шуъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ аз сармуҳосибу сармутахассис то сардори шуъба фаъолият намудааст. Дар ҳама ҷо, пеш аз ҳама, барои муомилаи неку ахлоқи ҳамида, масъулиятшиносу ҳалолкор будан сазовори иззату эҳтироми ҳамкорону корафтодагон гардидааст.

- Вақте бовар намуда, вазифаеро месупоранд, барои пок­виҷдона ба халқ хизмат кардан масъулем. Маҳз ҳисси масъулиятшиносӣ ба некӣ кардан водор месозад, — мегӯяд Набӣ Ҷабборзода.

Оре, вақте сарвар кордону масъулиятшинос, серталабу меҳнатдӯст ва хушмуомила бошад, низому тартиб пойдор гашта, муроҷиаткунандагон розию қаноатманд мешаванд. Беҳуда нагуфтаанд:

Назму тартиб ҳар  куҷоест пойдор,

Зиндагию кор мегирад барор.

Нарзибой АШӮРОВ,

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон