Мусоҳиба бо сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи III Музаффар Юсуфӣ дар ҳамин бобат сурат гирифт.
- Соли сипаришуда санҷишҳо дар самти иҷрои қонунгузории гумрук чӣ натиҷа доданд?
- Бо дарназардошти вазъи қонуният ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олӣ ва мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2018 бармеоянд, санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук нишон дод, ки соли сипаришуда, аз ҷониби прокурорҳо 121 санҷиш гузаронида, оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 151 амр, 43 эътироз ва 110 пешниҳод оварда шуда, зиёда аз 500 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, зарари расонидашуда ба маблағи зиёда аз 10 миллион сомонӣ барқарор ва оид ба қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 59 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
- Иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли гузашта чӣ гуна буд?
- Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021», соли 2021 нақшаи тасҳеҳшудаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба маблағи 5 миллиарду 445,9 миллион сомонӣ, минҷумла аз ҳисоби воридоти андоз аз арзиши иловашуда 4 миллиарду 294,1 миллион сомонӣ, боҷи гумрукӣ 552,1 миллион сомонӣ, боҷи содиротӣ 99,8 миллион сомонӣ, андози аксизӣ 397 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти ғайриандозӣ 102,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷети давлатӣ 6 миллиарду 133,1 миллион сомонӣ ворид шуд, ки ин 112,6 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Инчунин, аз ҳисоби фурӯши тамғаҳои аксизӣ барои воридот ва тамғагузории маҳсулоти тамоку ва нӯшокиҳои машруботӣ ба буҷети давлатӣ 6,2 миллион сомонӣ ворид гардид.
- Дар маҷмӯъ, соли 2021 аз ҳисоби иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ба буҷети давлатӣ 687,3 миллион сомонӣ бештар ворид гардид, ки дар муқоиса ба соли 2020 -ум 1 миллиарду 259,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Оё бо роҳи қочоқ ворид кардани молу маҳсулот низ ошкор гардид?
- Таҳлили фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ нишон дод, ки соли сипаришуда 1651 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин рақам соли 2020-ум 1795 ҳолатро ташкил медод.
Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2 миллиону 873 ҳазору 232 сомонӣ ҷарима ва 5 миллиону 511418 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ситонида шуда, ба маблағи 906015 сомонӣ молҳои гуногун мусодира гардиданд.
Мутаассифона, бо роҳи қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид намудани молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт ҳамчун раванди номатлуб боқӣ мондааст, ки барои боз ҳам зиёд ҷамъ овардани пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Бо дарназардошти муҳимияти масъала, бо фармонҳои прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори вилояти Суғд аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят гурӯҳи кории доимоамалкунанда созмон дода шуда, аз тарафи онҳо 530 ҳолати содиршавии қочоқи молу маҳсулот ба маблағи 1 миллиону 151850,0 сомонӣ ошкор гардид. Чунончи, аз ҷониби кормандони раёсат дар ин давра қочоқи 89,3 кило маснуоти тилло ва асъори хориҷӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ошкор шуд, ки вобаста ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба шахсони гунаҳгор аз ҷониби суд ҷазо татбиқ шуд.
- Дар самти пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунгузории нақлиёт чӣ тадбирҳо андешида шуд?
- Пешрафти тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва некуаҳволии сокинони мамлакат аз сатҳи баланди хизматрасонии ҳамлу нақли мусофирон ва кашонидани бору бағоҷи онҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан вобастагии зич дошта, фароҳам овардани шароити мусоид, пеш аз ҳама, таъмини риояи қонунгузории ҷорӣ дар ин самтро тақозо менамояд.
Алҳол дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ 1427 субъекти хоҷагидор фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 209 ададашон корхонаи нақлиётӣ, 51 терминали мусофиркашӣ, 11 терминали боркашонӣ», 1074 нуқтаи хизматрасонии техникию таъмири воситаҳои нақлиёт ва 84 адад қароргоҳи нақлиётӣ мебошанд.
Соли сипаришуда, аз ҷониби прокурорҳо дар ин самт 305 санҷиш гузаронида, оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 540 амр, 929 эътироз ва 321 пешниҳод оварда шуд. Тибқи пешниҳод ва қарорҳо 505 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 311 кас ба ҷавобгарии моддӣ ва 2744 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи раёсат ва прокурорҳои поёнӣ мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифта, муайян шуд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, вайрон гардида, ба танбашавии роҳҳо оварда мерасонад.
- Сохтмони роҳҳои автомобилгард яке масъалаҳои муҳими давлатӣ мебошад, ки таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти кишвар ба он равона шудааст. Барои дар сатҳи хуб нигоҳ доштан ва пешгирии ҳолатҳои пеш аз муҳлат вайроншавии роҳҳо Прокуратураи генералӣ чӣ чораҳо меандешад?
- Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаҳои бузурги коммуникатсионӣ амалӣ мешаванд. Ҳоло қисми зиёди роҳҳои кишвар ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама вақт ширкатҳои боркашонӣ ва соҳибони воситаҳои нақлиёти боркаш аз онҳо тибқи муқаррарот истифода мебаранд.
Бо мақсади пеш аз муҳлат вайроншавии роҳҳои автомобилгард Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 — уми декабри соли 2006 «Дар бораи қоидаҳои аз роҳҳои автомобилӣ гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» ба тасвиб расидааст. Дар ин самт дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор пайваста санҷиш гузаронида мешавад, то аз амалҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ карда шавад. Дар ин давра зиёда аз 100 ҳолати вайронкунии муқаррароти пешбинишуда дар роҳҳо ошкор ва соҳибони воситаҳои нақлиёт ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
- Вобаста ба танзим даровардани вазъ оид ба арзиши нархи чиптаҳои ҳавопаймо, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои гароншавии арзиши чиптаҳои ҳавопаймо чӣ корҳо ба сомон расонида шуд?
- Дар ҳақиқат, соли сипаришуда масъалаи зикршуда дар ҷомеа ташвишовар буд, чунки баъди муътадил шудани вазъ оид ба хурӯҷи пандемияи COVID — 19, барои барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ, ки дар давраи паҳншавии вирус манъ гардиданд, дар асоси мувофиқаи тарафҳо бо баъзе аз давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, ки асосан шаҳрвандони мо ба он ҷо сафар мекунанд, барқарор шуд.
Аз теъдоди хоҳишмандони парвоз ба Федератсияи Россия истифода бурда, ширкатҳои русӣ арзиши чиптаро бо нархҳои аз меъёри муқарраршуда зиёд ба фурӯш бароварданд.
Вазъияти баамаломадаро баъзе аз гурӯҳҳо ба нафъ истифода бурда, норизоии мусофирон ва шикояти онҳоро дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ бо шаклҳои гуногун баён намуданд. Кор ба ҷое расид, ки арзиши чиптаи ҳавопаймо ба 1000 — 1200 доллари амрикоӣ расид.
Ба мақсади ба танзим даровардан ва пешгирии беасоси болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймо ва зиёд намудани хатсайрҳои чартерӣ ва мунтазам дар самти шаҳрҳои Федератсияи Россия аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии авиатсияи гражданӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Инчунин, баҳри пешгирии ин ҳолатҳо тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба фарқи арзиши чиптаҳо барои хатсайрҳои ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва ҷиноятҳои дар ин самт ошкоргардида, пешгирии баланд бардоштани арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ иттилоот дарҷ гардид.
Инчунин, баҳри мубориза ва ошкор намудани ҷиноятҳои фиреби истеъмолкунандагон ва қаллобӣ вобаста ба фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ гурӯҳи санҷишӣ созмон дода шуд, ки чорабиниҳо дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ доданд. Чунончи ба Ф. М. Маҳмадиев бо моддаи 247 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба ӯ бо ҳукми суд ҷазо таъин шуд.
Ба ҳамин монанд, нисбат ба шаҳрвандон Ш. Икромова (сокини ноҳияи А. Ҷомӣ) ва М. Бобошоева (сокини шаҳри Кӯлоб), барои бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон Х. Оқилов (сокини ноҳияи А.Ҷомӣ) ва дигарон тасарруф намудани 39000 сомонӣ бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, онҳо бо ҳукми суд айбдор ва барояшон ҷазо таъин гардид.
Ҳолатҳои сафари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тиббии қалбакӣ низ ошкор шуд, ки боиси аз сарҳади давлатии Федератсияи Россия баргардонида шудани онҳо гардиданд. Дар натиҷа, масъала ба эътидол оварда шуда, то ба ҳол зери назорати доимии мақомоти прокуратура қарор дорад.
Мусоҳиб С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»