28 майи соли 2017 трансформатори 450 мегаволт.ампер, ки 214 тоннаро ташкил медиҳад, ба Неругоҳи барқи обии «Норак» расид. Он дар доираи лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и «Норак», ки бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 оғоз ёфт, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Олмон ва Франсия дар шаҳри Гебзеи Туркия сохта шудааст. Озмоиши асосии он сентябри соли 2015 гузаронда шуда, раванди таҳвил аз Туркия ба Тоҷикистон аз ҳамон давра оғоз ёфт. Ширкати туркии «Ибракон» таҳвилро ба уҳда гирифта, бомуваффақият анҷом дод.
Васли таҷҳизот имконият медиҳад, ки агрегати 8-уми неругоҳ пурра таҷдид ва дар доираи иқтидори лоиҳавӣ аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакатро бо барқ таъмин намояд.
Дар таърихи НБО-и «Норак», ки агрегати якуми он соли 1972 ва агрегати охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст, таҳвил ва васли трансформатори 450 мегаволт.ампер рӯйдоди нахустин ба шумор меравад.
Ҳафтаҳои наздик насби трансформатор оғоз меёбад.
Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик»