Сокинони маркази ноҳияи Мурғоб имсол зимистони охирини танқисии шадид ба неруи барқро паси сар карданд. Айни ҳол дар он ҷо азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Оқ-су» бо зиёд кардани иқтидор аз 750 квт — соат то ба 1500 киловатт — соат босуръат идома дорад, ки моҳи августи соли равон ба истифода дода мешавад.
- Зимни сафарашон ба ноҳия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асоси Неругоҳи барқи обии «Оқ-Су»-ро гузошта буданд, — изҳор дошт директори ширкати «Помир-Энерҷӣ» Далер Ҷумъаев.
Азнавсозӣ дар неругоҳ моҳи апрели соли 2017 шурӯъ гардид. ҳоло 90 дарсади сохтмони сарбанд анҷом ёфтааст. Барои сарбанд зиёда аз 4,5 ҳазор метри кубӣ бетон рехта шудааст ва аз 2600 метри канали обгузар 2000 метри он омода гаштааст. Барои пешгирии таровиши об сарбанд бо геомембранаи махсус, ки аз Олмон оварда шуд, мустаҳкам карда мешавад.
Тарҳи азнавсозии неругоҳ, бо дарназардошти риояи меъёрҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷониби ширкати «Гидротех»-и Федератсияи Россия омода гардидааст. Инчунин, дар сарбанд нови махсус сохта шуд, ки имкон медиҳад моҳиҳо ҳангоми ворид шудан ба ҳавзи неругоҳ зарар набинанд.
Ширкати сохтмонии «Бунёд» -и ноҳияи Шуғнон пудратчии асосии сохтмон мебошад. Айни ҳол дар иншоот бештар аз сад нафар ҷавони маҳаллӣ машғули коранд.
Афзоиши неругоҳ имкон медиҳад, ки 1732 хонаводаи маркази ноҳия, 343 хонаводаи деҳоти ба номи Гожо Бердибаеви деҳаи Куҳнақурғон ва 40 идораву муассисаи маркази ноҳия бо неруи барқ таъмин шаванд.
Сокинони ноҳияи Мурғоб аз ин ғамхории рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор буда, баҳри амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаашон беш аз пеш ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.
Шоҳтолиби Шоҳқосим,
«Садои мардум»