Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти давлат ҷиҳати ноил гаштан ба рушди устувори иқтисодӣ ҳадафҳои стратегии худро муайян намуд, ки яке аз онҳо ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо маблағгузории 41 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузург оид ба истеҳсолу интиқоли барқ ба истифода дода шуд. Дар ин давра низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими энергетикӣ, ба монанди сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда -1», «Сангтӯда – 2», хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», зиёда аз 310 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 29 ҳазор киловатт аз ҷумлаи ибтикори дар ин самт амалишуда аст.
Рӯйдоди дигари муҳим ба кор шурӯъ намудани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки 16 ноябри соли ҷорӣ бо пахши тугмачаи рамзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Бунёди ин неругоҳ орзуи чандинсолаи мардуми кишвар буд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Бунёди пурраи Неругоҳи барқи обии «Роғун» имконият медиҳад, ки истиқлолияти энергетикиро дар кишвар таъмин намуда, бунёди корхонаҳои азими саноативу истеҳсолиро ба роҳ монда шавад. Муҳимтар аз ҳама, неругоҳ аҳамияти минтақавӣ низ дошта, дар оянда метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Илова бар ин, ҷиҳати расидан ба дигар ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, нақши назаррас дошта, бо бунёди он имконият фароҳам мешавад, ки мамлакат дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, ба монанди CASA -1000, беш аз пеш саҳим бошад.
Зарагул АЛИЕВА, мутахассиси шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ — педагогии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон