НБО-и «Роғун» — таҳрикбахши рушди иқтисодию сиёсии минтақа

№89 (4509) 20.07.2022

52211443509_a4e1106a6d_o12 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварда, аз масъулин ва кормандони муҳандисию техникии иншоот риояи пурраи талаботи соҳаро дар вақти сохтмон ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот талаб намуда, заҳмату талоши шабонарӯзии онҳоро ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қобили таҳсин хонданд.

Бегуфтугӯ, бунёди НБО-и «Роғун» бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст. Баъд аз мавриди истифода қарор гирифтанаш он метавонад то 3600 МВт неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар истеҳсол кунад. Ин барои минтақае, ки ба неруи барқ ниёзи шадид дорад, имкони беҳтарини таъмини рушди ҳама соҳа мебошад.

Аз ин хотир, коршиносони байналмилалӣ бо сароҳат чунин иброз ­доштаанд: «Лоиҳаи НБО-и «Роғун» сазовори «чароғи сабз», яъне, татбиқи муваффақона мебошад». Яке аз шореҳони машҳури ИМА дар бахши иқтисод Хиллари Креймер бо нашри матлаби таҳлилӣ дар маҷаллаи бонуфузи «Forbes» татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро аз ҷумлаи тадбир­андешиҳои муҳим ва саривақтӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм номид.

Ба қавли номбурда, ин лоиҳа «калиди пешрафти иқтисодию сиёсии минтақа маҳсуб меёбад». Ба андешаи Хиллари Креймер, «ин калид дар дасти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки айни замон баҳри раҳоӣ аз буҳрони энергетикӣ талош дорад ин неругоҳро бунёд намояд». Ӯ, ҳамчунин, зикр карда буд, ки расидан ба ин ҳадафҳо ­бидуни манбаъҳои арзон ва безарари энергетикӣ ғайриимкон аст.

Ба андешаи ӯ, «аз хурдтарин тиҷорати оилавӣ то бузургтарин корпоратсияҳои байналмилалӣ ва кулли таҷҳизоту технологияи муосир бидуни истифодаи неруи барқ фаъолияти муназзаму самаранок карда наметавонанд». Ба ифодаи дигар, дар шароити кунунӣ неруи барқ дар пешрафти ҷомеа «шабеҳи хун дар бадани инсон аст».

Номбурда саҳми Неругоҳи барқи обии «Роғун» — ро дар рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ба дил ташбеҳ дода, чунин навиштааст: «Бо мавриди истифода қарор гирифтанаш ин неругоҳ на танҳо Тоҷикистони ба неруи барқ сахт эҳтиёҷмандро, балки дигар кишварҳои минтақаро низ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва баъзе минтақаҳои ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистонро бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ беза­рар таъмин менамояд».

Ба ақидаи Хиллари Креймер, роҳбарони давлатҳои минтақа, ки дар заминаи таҳлили амиқу доманадор моҳият ва манфиати бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дарк кардаанд, ҷонибдориашонро аз бунёди он бо шаклҳои гуногун изҳор доштаанд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи НБО-и «Роғун» ҳанӯз дар замони давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия шудааст. Агар тасмими Пешвои миллат оид ба бунёди иншооти барои кишвар тақдирсоз ва роҳи паймударо дар ин масир амиқ таҳлил намоем, муътақид хоҳем шуд, ки иқдоми мазкур далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дурустии бунёди неругоҳ комилан дилпур мебошад.

Дар ин раванд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштанд, ки бо назар­дошти манфиатҳои умумиминтақавӣ, мо хоҳони роҳандозии муносибатҳои барои тарафайн суд­манд бо ҳамсояҳо дар ин масъала ҳастем. Дар робита ба масъалаи об Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир, борҳо, аз ҷумла, аз минбари иҷлосияҳои 63-юм ва 64-уми Маҷмаи умумии СММ, Саммити Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим ва дигар анҷуманҳои байналмилалӣ изҳори ақида карданд.

Инсондӯстӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ ба анъанаҳои ҳамсоядорӣ аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон то ҳаддест, ки панҷ сол пеш, зимни ирсоли Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд: «Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсояҳои худро бе об нахоҳем гузошт». Корҳои дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин замон амалигардида аз воқеияти суханони Пешвои миллат дарак медиҳанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози нияти холис зиёда аз 11 сол пеш ба Бонки ҷаҳонӣ, ки сохтори соҳибваколати Созмони Милали Муттаҳид аст, дар бораи гузаронидани ташхиси техникиву иқтисодии лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» муроҷиат карда буд. Илова бар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама кишвари минтақа муроҷиат ва ба таври расмӣ пешниҳод намуда буд, ки ба Консорсиуми байналмилалӣ оид ба сохт­мони ин иншоот ҳамроҳ шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро масъалаи ҳаёту мамоти мамлакат арзёбӣ кардаанд. Дар заминаи талошҳои Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорро доир ба эҳёи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо назардошти ­масъалаҳои зерин қабул кардааст: бинобар зарурати ҳаётии ба таври муътадил таъмин намудани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар бо барқ, ки дар давраи тирамоҳу зимистон дар тӯли даҳсолаи охир ба камбуди шадиди он дучор мегардад ва аз ҳисоби воридот бартараф кардани он бо сабаби мунтазам эҷод шудани монеаҳои сунъӣ ғайриимкон гардидааст, бинобар вуҷуд надоштани захираҳои нефту газ, инчунин имкон надоштани интиқоли қувваи барқ аз дигар кишварҳо, бунёди неругоҳ, ки қисмате аз он ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст, роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти мавҷуда маҳсуб меёбад. Қобили зикр аст, ки лоиҳа ҳам дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам солҳои охир борҳо мавриди ташхиси давлатӣ, инчунин ташхиси мустақил, қарор гирифтааст (ташхиси охирин аз ҷониби ширкати «Lahmeyer»-и Германия соли 2006 гузаронда шудааст), ки хулосаҳои онҳо зарурати иқтисодӣ ва амнияти экологии иншоотро тасдиқ намудаанд.

Таҳқиқоти мазкур, ки аз ҷониби олимони немис бо фармоиши ҶСШК «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд гузаронида шудааст, устувории сарбанди бо сангу шағал ва бо меҳвари сафедхок сохташавандаро ҳамчун иншооти аз ҳама эътимодноктарин ва дарозумр, камхавфтарин ва барои шароити маҳал муносибтарин собит намуданд. Инро истифодаи қариб 45-солаи муваффақи сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак», ки дар масофаи начандон дур аз НБО-и «Роғун» ҷойгир аст, собит месозад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2009 Комиссияи байналмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург ба сарбанди 300-метраи Неругоҳи барқи обии «Норак» нишони махсус ва сертификати сифатро ҳамчун «дастоварди олии афкори муҳандисӣ» сазовор дониста буд. Навсозии иншооти мазкур имкон медиҳад, ки фаъолияти самарабахши он барои ояндаи дарозмуддат таъмин карда шавад.

Табиист, ки ин таҷрибаи нодир бо истифодаи технологияҳои нав дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ истифода хоҳад шуд, ки лоиҳаи сарбанди он барои минтақаи сохтмони эҳтимоли заминҷунбиаш на зиёда аз 9 балл мувофиқ гардонида шудааст. Бояд зикр кард, ки дар тӯли таърих дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи 10-балла ва дар маҳали сохтмони неругоҳ заминларзаи зиёда аз 6 балл ба қайд гирифта нашудааст.

Вобаста ба тавозуни об бояд зикр намуд, ки тибқи хулосаи асос­ноки мутахассисон, оби дарёи Вахш, ки неругоҳ дар он сохта мешавад, 28,6 фоизи маҷрои миёнаи солонаи Амударёро ташкил медиҳад ва пур кардани обанбори Роғун аз ҳисоби лимити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 15 сол сурат хоҳад гирифт. Идоракунии низоми маҷрои Вахш дар доираи механизмҳои мавҷудаи умумиминтақавӣ амалӣ хоҳад гашт.

Гузашта аз ин, бо ибрози ҳусни нияти ҳамсоягии нек, якчанд сол пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истифодаи кӯли Сарез барои таъмини доимии аҳолии минтақа бо оби тозатарини нӯшокӣ пешниҳод карда буданд.  Овардани ин ҳама далелу рақамҳом ба он хотир аст, ки ­масъалаҳои экологӣ, тавозуни об ва таҳдидҳои эҳтимолии фоҷиаи техногенӣ зимни бунёди иншооти барои давлати мо муҳиму сарнавиштсоз — Неругоҳи барқи обии «Роғун» пурра ба назар гирифта шудаанд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»