Роғун - арсаи нанг

НБО «Роғун» — тавлидгари «энергияи сабз»

№107 (4527) 29.08.2022

Дар ин фасли сол, ки гармои тамуз ҳукм меронад, осмон гӯё бо ранги муқаррарии худ аз гармӣ ба танг омадааст. Дар фазои Роғун абрпораҳо мисли заврақҳои нақшин шино намуда, ба осмони софу беғубор аксандозӣ доранд. Табиат ҳам ба корномаи Роғун бо ҳавас менигарад ва бо навои дарё ҷӯр гашта, ба нурофарон хаёле таъзим мекунад.

Дар Роғун табиат ҳазору як ранг дорад. Атрофи неругоҳи азими асрро шоҳкориҳои табиати афсонавӣ гулкорӣ кардааст. Аз нишебу фарози кӯҳсорон ҳавои мушкбез сайр дорад. Дар ин ҳавои гарми тобистон дар қалби кӯҳсорон користони мардони баору номус ҷӯш мезанад. Дар синаи кӯҳ нақши тешаи Фарҳоди кӯҳкан пойбарҷост. Ҳар гоҳе ки теша мезанад, садои агрегатҳо бо садои теша ҷӯр мегардад. Нидои Фарҳодро мешунавем, ҳоло Роғун бо садои путки коргару овози беисти агрегатҳо майдони корзор аст. Дар Роғун барҳақ табиат барои эҳёи ин марзу бум дари файзу нусраташро кушодааст. Иқлим, боду ҳавои мусоид, дарёи равон маъвои писандидаи мардум гаштааст. Ин дам гӯё дарё мавҷ мезанад, кафк мекунад ва суруд мехонаду розҳои худро ифшо месозад. Ин ҷо ҳар қатраи об ба нур табдил ёфтааст. Нурҳо аз синаи оби соф маншаъ гирифта, ба қисми обпарто мерезанд.

Сояи кӯҳи азим болои нақбу майдони корис­тонро пӯшондааст. Часпу талош лаҳзае қатъ намегардад, равуои беисти нақлиёт сукути кӯҳҳои пурасрорро мешиканад.

Ҳангоме ки ба макони нурофарон расидем, ҳаво гармтар гашт. Маълум шуд, ки гармии рӯзҳои охир ба табиат таъсир гузош­тааст. Аммо дар неругоҳ кор ҷӯш мезанад. Бо Мурод Лоиқзода ҷавони тануманде, ки кафшергар аст, вохӯрдем. Ӯ нигоҳи кунҷковонаи моро дида гуфт, ки неругоҳ майдони нангу номуси ватандорӣ ва коргоҳи талошу диловарист. Ин боду ҳаво ҳам ягон мушкиле эҷод намекунад, коргарон аз пештара дида зиёдтар фаъоланд.

Дар ҳақиқат, коргарони маҳаллӣ дилдодаи кору ҳунари хеш мебошанд. Онҳо имрӯз масъулияти азим ба дӯш доранд ва чун фарзанди боиродаи тоҷик паи ҳар чӣ зудтар сохтани ин неругоҳ пайваста заҳмат мекашанд. Мурод афзуд, ки бо эҳсоси баланди масъулият ба НБО «Роғун» ба кор омадааст. Солҳои зиёд дар неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда 1», «Сангтӯда 2» фа­ъолият карда, таҷрибаи ғанӣ дорад. Иброз дошт, ки маҳз ташаббускорӣ, иқдомҳои неки Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон буд, ки солҳои охир дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» кор ҷӯш мезанад. Ин сохтмони аср маҳз бо ҳидояту пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони корзору қаҳрамонӣ ва диловарӣ табдил ёфтааст. НБО «Роғун» армони миллати тоҷик аст. Онро бо ҳар баҳое бояд сохт!

Устоди зиндаёд Бозор Собир барҳақ Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Бастакори ГЭС-и Роғун» номида буд. Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба трактор нишаста, маҷрои рӯди Вахшро дигар карданд.

Ҳоло дар сохтмони неругоҳ беш аз 50 ташкилоту муассиса ҳиссагузор аст.

Аз наздик дидани иншооти асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба кас ҳаловат мебахшад ва бори дигар ба дастони ганҷофарини коргари тоҷик аҳсан мехонад. Дар ду нақби обпарто, бинои асосии неругоҳ ва бинои трансформаторҳо кор бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Касе бекор нест, шӯру валвалаи дарёи саркаши Сурхоб қатъ шудааст. Дарё мутеи коргарон аст. Онҳо кӯшишу заҳмат доранд, ки корро дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонанд.

Шаҳраки коргарон майдони ҳақиқии нангу номусро мемонад. Равуои нақлиёти хурду бузург лаҳзае қатъ намегардад. Тамошои техникаҳои гуногунтамға касро ба ҳайрат меорад. Тааҷҷуби маро марде, ки дар тан либоси махсус дошт, дида наздам омад ва худро шинос кард: — Обидҷон Наимов — ронанда. Аз Душанбе омадед?!

- Бале, — гуфтам.

- Дар бунёди НБО «Норак» ширкат дош­там. Он вақт ин қадар техникаи пуриқтидор набуд. Ҳоло техникаҳои нав ворид кардаанд, ки кӯҳро талқон мекунад. Ман дар мошини «МАЗ» кор мекунам, ҳар 15 рӯз пас маош мегирем, — гуфт Обидҷон.

Ҳамсуҳбатам баробари дар бораи кори нақлиёт маълумот додан афзуд, ки ҳоло дар нақбҳо таҷҳизоти навро насб кардаанд, ки кори пармагаронро хеле осон намудааст.

- Ин дастгоҳ имконият медиҳад, ки якбора зиёда аз 10 метри нақбро тоза созем. Ҳамаи техникаи муосирро коргарони тоҷик идора мекунанд, — ин гапро гуфту чеҳраи ҳамсуҳбатам шукуфт.

Дидам, ки як ронандаи одӣ бо чӣ қадар ифтихору садоқат андешаронӣ дорад.

Моро ба ошхонаи коргарӣ даъват карданд. Он ҷо дар як навбат беш аз 500 нафар хӯрок мехӯранд. Ороишу ҷиҳози он ҷавобгӯи талабот аст.

Дарёи Сурхоб моро ноаён сӯи хеш мехонд. Овози пуртуғёни дарёро аз наздиктар шунидан хостам ва ба соҳили он, ки дар бағали кӯҳҳо, миёнаи дараи пурасрор ҷой гирифтааст, расидам.

Агар шумо боре ба ҳам пайвастшавии дарёҳои Сурхобу Хингобро дида бошед, мутмаин мешавед, ки Тоҷикис­тон сарзамини афсонавӣ аст. Сурхобу Хингоб дар ноҳияи Нуробод бо ҳам пайваст шуда, мисли ҷуфти нозанин рози дил мегӯянд. Сурхобу Хингоб сар ба сангҳо зада, аз гирдобҳо, тангноҳо гузаш­та, ранги кабудчатобро ба худ мегиранд. Вахш аз ҳамин дараи кӯҳистон ибтидо гирифта, ба рӯди бузурги нуровар табдил меёбад…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Бахти баланди мост, ки ҳарчанд захираҳои бузурги нефту газ надорем, вале табиат сарзамини зебои моро бо сарвати бебаҳову беинтиҳои гидроэнергетикӣ, яъне сарчашмаҳои камназири дарёҳо шодоб гардонидааст, ки аз баракати онҳо Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби нӯшокӣ дар сайёра яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. То шаст фоизи захираҳои оби минтақаи ­Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд».

Тоҷикистон барҳақ диёри обҳои мусаффо, кӯлу дарёҳои нуқратоб аст. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор рӯду сой ва обанбору дарёҳои хурду азим ҷойгиранд, ки дарозии умумиашон ба навад ҳазор километр мерасад. Ҳамин обҳо манбаи адонашавандаи барқ мебошанд. Дар оғӯши Вахш НБО «Роғун» чун умеду пирӯзии миллати тоҷик эҳё мегардад. Ҳангоми тамошои иншооти аср — НБО «Роғун» суханони адиб ва рӯзноманигори рус Александр Проханов ба хотирам расид, ки гуфтааст: «Неругоҳи барқи обии «Роғун» сохтмони президентист. Он фарзанди дӯстдоштаи Президент ­Эмомалӣ ­Раҳмон аст. Вай онро чун ёдгории давраи давлатдории хеш бунёд мекунад».

Бегуфтугӯ, Неругоҳи барқи обии «Роғун» бунёд мешавад ва бо шарофати он диёрамон ба сарзамини сабз табдил меёбад. Зеро НБО «Роғун» тавлидгари «энергияи сабз» мебошад.

Маҷид САЛИМ,

нависанда