Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Замониён»-и ноҳияи Рашт Мирзоалӣ Неъматов бо дастгирии молиявии писарону бародарон, ки дар Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ машғуланд, барои бо оби нӯшиданию полезӣ таъмин намудани аҳолии деҳаи Шаҳрисабзи деҳоти ба номи Нусратулло Махсум дар мавзеи поёнии деҳа — соҳили дарёи Сурхоб чоҳи амудии 100-метра бунёд кард.
Солиёни зиёд сокинони деҳа, ки 150 хоҷагиро ташкил медиҳанд, аз норасоии оби нӯшокӣ ба мушкилот гирифтор буданд. Аз оби чоҳ, дар баробари аҳолӣ, муассисаи таълимии деҳа, китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва фароғатгоҳ низ истифода хоҳанд бурд.
- Чанд сол боз фарзандону бародарон барои ба зиёрати хонаи Худо рафтан маслиҳат медоданд. Ниҳоят, соли равон барои амалӣ намудани нияти хайр маблағ дастрас шуд, аммо мушкили ҳамдиёронро дидаму гуфтам, ки агар мардумро бо оби нӯшокӣ таъмин кунам, савоби бештар хоҳам гирифт. Дар оянда ният дорам, ки бо фарзандону бародарон дар зодгоҳамон — деҳаи Шаҳрисабз майдончаи варзишӣ ва фароғатгоҳ бунёд намоем ва баъди ба низом омадани вазъ ва наҷоти мардуми олам аз чанголи бемории коронавирус, агар умр боқӣ бошад, ба ҳаҷ ҳам равам, — гуфт Мирзоалӣ Неъматов.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»