- Масъалаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷаи давлатӣ дошта, қабули «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» яке аз афзалиятҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, — зикр кард муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим 28 сентябри соли равон зимни ҷаласа дар мавзӯи «Бунёди ҷомеаи муштараки Чин ва Осиёи Марказӣ бо тақдири ягона», ки бо мақсади таҳкими мубодила байни мақомоти қонунгузор, мусоидат ба ҳамкориҳои парлумонию прагматикӣ байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Осиёи Марказӣ аз тариқи фосилавӣ доир гардид.
Бино ба қавли Қодири Қосим, тайи чанд соли охир дар кишвар муваффақиятҳои назарраси иқтисодӣ ба амал омада, бахшҳои гуногуни соҳа ба пешравӣ ноил гардиданд. Алҳол низ масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии аҳолӣ ҳамчун афзалияти сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад. Бинобар ин, вобаста ба ҳамкорӣ бо шарикон дар дохил ва сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя, аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
- Аз тарафи дигар, зарур аст, ки муаммо ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ба назар гирифта шаванд, ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ, канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ сабаби буҳрони амиқи иқтисодӣ буда, боис ба харобшавии инфрасохтор ва бекорӣ мегарданд. Зимнан, ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи ду соли охир давраи дардноки пандемияи коронавирусро аз сар мегузаронад. Он барои кишварҳои минтақаи мо аз нуқтаи назари якбора суст шудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, коҳиши истеҳсолот, афзоиши камбизоатӣ, бекорӣ ва афзоиши таҳдид ба амнияти озуқаворӣ озмоиши ҷиддӣ шудааст, — таъкид кард Қодири Қосим.
Қодири Қосим ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ пешниҳод кард, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин, ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, тадқиқоти технологӣ ва рушд, тиҷорати электронӣ, саноати муосири хизматрасонӣ ва бизнес-инкубатсия низ таваҷҷуҳи бештар равона гардад.
Дар ҷаласа роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Халқии Хитой Рустам Латифзода, аъзои он Насиба Содиқӣ, Ғиёсиддин Шарифзода, намояндагони парлумонҳои кишварҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон низ иштирок ва қисме аз онҳо баромад намуданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон