Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 1994 Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шуд. Дар асоси ин қарор 28 май Рӯзи сарҳадчиён муқаррар гардида, он ҳар сол ҳамчун иди касбии сарҳадчиён ҷашн гирифта мешавад.
Амнияту оромии ҳар халқу давлат аз сатҳи ҳифозати марзу бумаш вобаста мебошад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонидааст. Ин масъала дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта буд. Нахустин санаде, ки барои таъсиси сохтори марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардид, Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992 №981 ба ҳисоб меравад. Мувофиқи қарори мазкур дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил ёфт. Баъдан, бо Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1992 дар ҳайати кумитаи мазкур Раёсати ҳифзи сарҳади давлатӣ ташкил ёфт.
Минбаъд барои фаъолияти мунтазами ин сохтор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 1 августи соли 1997) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 1 марти соли 2005) аз ҳамон ҷумлаанд. Тавре дар моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, қӯшунҳои сарҳадӣ- намуди махсуси қӯшунҳоеанд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷумҳурӣ таъин шудаанд.
Қӯшунҳои сарҳадӣ ин вазифаи масъулиятноки худро тӯли солҳо бошарафона иҷро намуданд. Дар давраи Истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳифзи сарҳади давлатӣ чорабиниҳои давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардиданд. Чунончӣ, аз 17 то 20 октябри соли 2005 дар доираи баргузории Иҷлосияи 54- уми Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ намояндагони 11 давлати аъзои ИДМ иштирок доштанд. Дар ҷамъомади ботантана, ки 19 октябри соли 2005 дар Театри давлатии академии драмаи Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба муносибати анҷоми аз Хадамоти марзбонии Федератсияи Россия ба ихтиёри марзбонони тоҷик супурдани минтақаҳои сарҳади давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини якуми директори Хадамоти Федералии амнияти Федератсияи Россия, генерали армия В.Е.Проничев баромад намуданд. Ин чорабинӣ тибқи Созишномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби таҳти назорати сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудани марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дар бораи тартиби додани молу амволи аз ҷониби сохторҳои хадамоти зиддахли Федератсияи Россия ба истифодамонда, ки 16 октябри соли 2004 ба он сарони ҳар ду давлат имзо гузошта буданд, зина ба зина амалӣ гашт.
Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ (28 майи соли 2009) минҷумла зикр карда буд: «Бахусус баъди дар соли 2005- ум пурра ба зиммаи қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидани вазифаи ҳимояи сарҳади давлатӣ бо кишварҳои ҳамҷавор масъулияти ҳайати шахсии онҳо ҳамчун ҳомиёни марзу буми Ватани аҷдодӣ ва кишвари соҳибистиқлоли худ даҳчанд афзуд».
Ин вазифаи муқаддасро марзбонони тоҷик минбаъд мустақилона ва сарбаландона ба ҷой оварда истодаанд. Ҳолати воқеӣ андешаву ақида ва «пешгӯӣ»-и баъзе аз расонаҳои хабарӣ ва сиёсатмадорони алоҳидаро ботил сохт, ки гӯё марзбонони тоҷик қудрати мустақил ҳифз намудани сарҳади давлатиро (бахусус марзи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) надошта бошанд. Ин даъвоҳои беасосу муғризона ҳоло ҳам садо медиҳанд.
Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман фаъолият намуда, тӯли 20 соли мавҷудияти худ такмилу тақвият ёфтанд. Мутахассисони маҳаллӣ бо донишу малакаи худ ҳайати фармондеҳии қисмҳои низомиро пурра гардонданд. Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техника ва лавозимоти ҷангӣ таъмин гашта, ба ниҳоди мукаммалу қавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд, ки «Бехатарии мамлакат аз сарҳад вобастагӣ дорад». Аз ин рӯ, марзбонони тоҷик ба савганди худ содиқ буда, дар амри ҳифзи сарҳад диловариву шуҷоатнокӣ нишон медиҳанд. Онҳо ҳомии боэътимоданд, зеро марзу бум ва тамомияти Ватани худро ҳифз менамоянд.
Аъзам МӮСОЕВ, Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дараҷаи якум