Нисбат ба ниҳолҳо дилсӯз бошем

№130 (4392) 19.10.2021

нихолБо дастуру роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳду талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат рӯз то рӯз ­ободу зебо мешавад. Чанд сол аст, ки иқдоми ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе мавзӯи семинару вохӯриҳои сатҳи гуногун аст. Дар пойтахти мамлакат 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, гулгаштҳои зебо бунёд ёфта, дар канори роҳҳо ва атрофи биноҳои маъмуриву истиқоматӣ дарахтони ороишиву гулҳои зиёд шинонда шудаанд, ки ҳусн зам менамоянду ба сайргоҳи дӯстдоштаи сокинону меҳмонон табдил ёфтаанд.

Дар назди бозорчаи «Яккачинор»-и кӯчаи Мушфиқии пойтахт чанд моҳ қабл байни дарахтони куҳансол ниҳолакони ҷавони булут пайдо гардиданд. Булут яке аз дарахтони дарозумр буда, табиист, ки нархи ниҳоли он низ баланд аст. Онҳо дар масофаи се — чор метр аз якдигар шинонда шуданд ва агар ба «воя» мерасиданд, қитъа ба боғи зебо табдил меёфт. Мутаассифона, ҳоло аз он ниҳолакон танҳо дутояш сабз асту бас. Пас аз он ки барги онҳо хушк гардид, қариб ҳар рӯз ба дарахтон об медодагӣ шуданд. Гӯё ниҳоли хушкида аз нав сабз мешавад… Хулоса, ба қадри ин ниҳолакон нарасидем.

Чанде қабл дар минтақаи собиқ бозори «Ҷал — Ҷам»-и кӯчаи ба номи Раҳмон Набиев дар ду канори роҳ ниҳолҳои зебову гаронарзиши кастона шинониданд, ки нашъунамои хуб дошта, сокинони канори роҳ мекӯшанд онҳоро аз хушкшавӣ эмин доранд. Бархе дар атрофи кас­тонаҳо гулу гулбуттаҳо шинонидаанд.

Ҳолати булутҳои шаҳракҳои 12 — 13, канори рости хиёбони Саъдӣ Шерозӣ дили ҳар сокини дилсӯзи пойтахтро ба дард меорад. Қариб ҳамаашон хушкидаанд.

Шояд зарур аст, масъулини шаҳраку маҳаллаҳо ва сарварони корхонаҳое, ки дар канори роҳ ҷойгиранд, барои нигоҳубини ниҳолҳо масъул шаванд?

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»