Омор

Нишондиҳандаҳои барӯйхатгирӣ дар соли 2020 чӣ гунаанд?

№159 (4579) 27.12.2022

IMG_20221220_101100Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз 1-ум то 15-уми октябри соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҷумҳуриро гузаронид.

Ин нуктаро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода 20-уми декабри соли 2022 дар суҳбати мизи мудаввар, ки бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва вазорату идораҳои дахлдор дар мавзӯи «Натиҷаҳои ни­ҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва истифодаи он» баргузор гардид, зикр намуд.

Номбурда афзуд, ки барои гузаронидани чорабинии муҳими сиёсӣ беш аз 27 ҳазор кормандони муваққатӣ аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунӣ, кормандони соҳаи маориф ва тандурус­тӣ ҷалб шуданд.

 Аз рӯи натиҷаҳои ни­ҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон то 1-уми октябри соли 2020-ум 9 миллиону 657,0 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ин нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2 миллиону 92,5 ҳазор нафар ё 27,7 дарсад зиёд шудааст.

 Соли 2020 аҳолии шаҳр 2 миллиону 536,5 ҳазор ва аҳолии деҳот 7 миллиону 120,5 ҳазор нафарро, ки мутаносибан 26,2 ва 73,8 дарсад аст, ташкил дод. Аз шумораи умумӣ 4 миллиону 897,9 ҳазор мард ва 4 миллиону 759,1 ҳазор нафар зан мебошанд.

20-уми декабри соли 2022 ҷилди якуми натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромада, ҷилди дуюм «Ҳайати синнусолӣ, ҷинсӣ ва ҳолати ақди никоҳи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба чоп супорида шуд.

Натиҷаҳои ниҳоии «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2020» солҳои 2022 — 2024 дар даҳ ҷилд даст­раси истифодабарандагон мегардад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»