Нисори роҳи ваҳдат мешавад ҷоне, ки огоҳ аст…

№123 (3424) 14.09.2015

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки бунёдгузори бевоситаи Ваҳдати миллӣ халқи бузурги тоҷик аст. Яке аз нафароне, ки дар қатори ҳазорон нафар ҳамдиёрони мо дар бунёд ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллӣ саҳми арзанда гузоштааст, шахсияти соҳибэҳтиром, котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадрӯзӣ Назифов мебошад. Ӯ дорои собиқаи беш аз 46 — солаи кору фаъолият дар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, на танҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа, балки берун аз он соҳиби иззату икром аст.

Номбурда дорои ду дипломи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонуфузи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, ба ҳайси раиси Кумитаи радио ва телевизиони собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, мудири шуъбаи идеологии Кумитаи ҳизби коммунистии ин вилоят, мудири шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, алоқа бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳои Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигар вазифаҳои масъули давлатию ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ софдилона меҳнат намудааст.

Мавсуф дар баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба манзили доимии зисташон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, созмон додану ба фаъолият оғоз намудани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа низ саҳми арзанда гузоштааст. Аз ҷумлаи нафаронест, ки чун татбиқкунандаи сиёсати сулҳу ваҳдатофари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадри ин неъмати бебаҳо мерасад.

- Вақте ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдории аксар вакилон ба маснади Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд, барояш амалӣ намудани корҳои хеле душвор пеш омад. Ба андешаи банда, -мегӯяд ӯ, — Сарвари оқилу мушкилнописанди давлатамонро дар он солҳо хотираи неки ҳазорон нафар қурбониёни бегуноҳи ҷанг, дидаҳои чору ашкбори тифлону модарону харобазори ваҳшатбору ҳузнангези Ватанамон -Тоҷикистон ва тақдири минбаъдаи миллату Ватане, ки онҳоро аз ҷонаш ҳам зиёдтар дӯст медошт, водор сохт, ин бори душвори масъулиятро ба зимма гирад.

Тавассути тадбирҳои хирадмандона ва ҷасорату меҳнати фавқулода Ватанро аз вартаи фалокат берун оварда, мардуми парешонро сарҷамъ сохт ва садҳо ҳазор фирориёнро ба Ватани аҷдодӣ баргардонд. Чунончӣ, як сафари таърихии Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар шароити хеле мураккаб ба мавзеи Хосдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон обрӯ ва маҳбубияти ӯро дар назди халқ дучанд намуд. Бешак, пешвои миллат намунаи баланди ибрат ва ифтихори ватандорию ватандӯстдорӣ барои ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд дар хусуси мавқеи ватандӯстӣ ва гуманистии Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудааст: « Роҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, Ватанаш — Тоҷикистонро хеле ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омода аст ҷонбозиҳо кунад».

Имрӯз зарур ва ногузир аст, ки Ваҳдати бадастомадаро ҳифз намоем, зеро он рӯи сурху сари баланди ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

- Аз таърих маълум аст, ки дар ҳама давру замонҳо сулҳу ваҳдат, дӯстию бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, рафоқату ягонагии аҳли ҷомеа асоси пойдевории давлат мебошад. Сарвари давлат ҳангоми суханронӣ дар ҷашни ёздаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ — 27 июни соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки банда иштирокчии бевоситаи ин ҷамъомад будам, моҳияти тақдирсози Ваҳдати миллиро хеле возеҳ таъкид карданд: «Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад», — ба хотир меорад он лаҳзаи хотирмонро Маҳмадрӯзӣ Назифов.

Қӯрғонтеппа шаҳри сермиллат, дӯстию бародарӣ ва маркази фарҳангию мадании вилоят мебошад. Боиси қаноатмандӣ ва шукргузорист, ки имрӯз аз баракати Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи пойдор, меҳнати самарабахши сокинони шаҳр ботадриҷ симои худро тағйир дода, корҳои ободонӣ вусъати тоза касб карда, шаҳр рушду нумӯъ ёфта истодааст ва мардум ба ояндаи неку дурахшон боварии комил доранд.

Ғояи Ваҳдати миллӣ моро водор месозад, ки ба қадри Ватан, Истиқлолият, арзишҳои волои фарҳангию миллии хеш бирасем, насли ҷавонро аз таъриху фарҳанги ғании халқи хеш огоҳ созем, зеро ба қавли шоир: «Нисори роҳи Ваҳдат мешавад, ҷоне ки огоҳ аст».

Давлат Султонов, «Садои мардум»