Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифта, бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон муносибати дӯстонаро ба роҳ монда, ботадриҷ пеш меравад. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буду ҳаст. Ният, ки хайр аст, амалӣ шудани ин ҳадафи стратегӣ низ наздик аст. Сол то сол таъмини аҳолӣ бо неруи барқ беҳтар шуда, имсол бори аввал реҷаи маҳдудияти барқ дар охири фасли зимистон бекор карда шуд. Ин дар ҳолест, ки солҳои гузашта то моҳи апрел аҳолӣ бо реҷаи муайян неруи барқ мегирифт. Дастовардҳои даҳ соли охир натиҷаи амалӣ шудани якчанд лоиҳаҳои муҳим мебошад, ки иқтидори энергетикии кишварро зиёд намуд. Сохта ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» имкон фароҳам овард, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд ояд. Яъне, Роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавонистанд, ки дар муддати кӯтоҳ ҷумҳуриро аз вазъияти буҳронӣ бароварда, ба кишвари рӯ ба инкишоф табдил диҳанд.
Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика», ки аз соли 2001 инҷониб фаъолият дорад, бобати коршоям нигоҳ доштани соҳа ва ҷорӣ намудани технологияҳои наву муосир дар бахши электроэнергетикаи кишвар саҳми калон дорад. Ин марказ дар аввал чун зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» фаъолияташро ба роҳ монда, аз сеюми июли соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №283 ҳамчун Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши элетроэнергетика» фаъолият карда истодааст.
Тавре сардори шуъбаи мониторинги ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои иҷтимоии Муассисаи давлатии «Маркази идоракунии лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» (МИЛБЭ) Сироҷиддин Каримов дар суҳбат бо мо иттилоъ дод, аз ҷониби маркази зикршуда давоми солҳои 2001 — 2015-ум 11 лоиҳа татбиқ шуда, 11 лоиҳаи дигар мавриди амалишавӣ қарор доранд. Аввалин лоиҳаи аз тарафи ин марказ амалишуда «Устуворкунии лағжиши Бойғозӣ» ба ҳисоб меравад, ки бо ҷалби маблағҳои Бонки Осиёии Рушд татбиқ шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 6,652 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 1,332 миллион доллари ИМА саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Татбиқи лоиҳа 10 октябри соли 2002 шурӯъ шуда, 30 июни соли 2005 ба анҷом расид. Мақсади асосии ин лоиҳа мустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз лағжиши соҳили обанбори НБО-и «Бойғозӣ» буда, натиҷаи корҳо нишон дод, ки ин мақсад иҷро гардид.
Лоиҳаи дигаре, ки аз тарафи маркази мазкур татбиқ гардидааст, ин «Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 69289014 доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағгузории он аз ҳисоби Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошад. Татбиқи лоиҳа моҳи июни соли 2005 оғоз ёфта, соли 2010 ба анҷом расидааст. Дар доираи ин лоиҳа барқарорсозии сохтори интиқол ва тақсимоти қувваи барқ дар вилояти Хатлон амалӣ гардид.
Ҳамсуҳбатам афзуд, ки дар доираи лоиҳаи зикршуда инчунин кушакҳои баландшиддат дар зеристгоҳи «Регар», трансформаторҳои барқӣ, таҷҳизоти ҳисобкунии ҳаҷми умумии интиқоли барқ, автотрансформатори 200 МВА амалӣ гардида, сатҳи поёнии дарё дар НБО-и «Норак» тоза карда шуд. Дар баробари ин, корҳо оид ба барқарорсозӣ ва устуворсозии пойдеворҳои таҷҳизоти кушодаи тақсимкунандаи НБО - «Норак» ба охир расида, лоиҳаи «Мониторинги бехатарии сарбанди НБО — и Норак» пурра амалӣ шуд.
Лоиҳаи дигари хеле муҳим ва саривақтӣ, ки амалӣ шуд, хатти баландшиддати интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол» мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа 281283633 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳа бо қарзи «ЭксИмБонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой (267219452 доллари ИМА) ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон (14064181 доллари ИМА) амалӣ гардид.
Татбиқи лоиҳа 17-уми сентябри соли 2007 оғоз гардида, моҳи июни соли 2011 ба анҷом расидааст. Мақсади асосии лоиҳа аз бунбасти энергетикӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне пайваст намудани системаи энергетикии ҷануби ҷумҳурӣ бо шимоли мамлакат ва созмон додани системаи ягонаи энергетикии кишвар, инчунин дар оянда пайваст намудани системаи энергетикии Тоҷикистон бо системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ мебошад. Тавре Сироҷиддин Каримов зикр кард, бо ин мақсад корҳои зиёде ба анҷом расиданд, ки дар натиҷа низоми ягонаи энергетикӣ дар кишвар ба вуҷуд омад. Аз ҷумла корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳҳои «Душанбе» ва «Хуҷанд» ба анҷом расонида шуд, ки имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Инчунин таҷдиди зеристгоҳи «Регар» 500 кВ, сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ «Регар- Душанбе» бо гузаронидани ноқилҳои хатти барқӣ дар масофаи 49,982 км ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Хатти интиқоли барқи 500 кВ «Душанбе-Хуҷанд», ки аз ҳудуди ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Шаҳристон, Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан мегузарад, 29 ноябри соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар амал татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур боз як қадами устувор ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикии кишварамон мебошад.
Хатти интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор — Хатлон» низ аз лоиҳаҳое мебошад, ки бо арзиши умумии 58 134 305 доллари ИМА сохта шудааст. Татбиқи ин лоиҳа низ ду солро дар бар гирифта, давоми солҳои 2007 — 2009 сохта, ба истифода дода шудааст. Мақсади лоиҳа беҳтар кардани сифати таъмини қувваи барқ ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мебошад. 25 июни соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон иншооти мазкур мавриди истифода қарор гирифт.
Лоиҳаи «Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Хуҷанд — Айнӣ» низ чун давоми лоиҳаҳои зикршуда бо мақсади ташкили системаи ягона ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ татбиқ шудааст. Бино ба гуфти мавсуф, мақсади лоиҳа пайваст намудани шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд бо системаи ягонаи энергетикии кишвар ва бо неруи барқи истеҳсоли ватанӣ таъмин намудан буд. Дар доираи ин лоиҳа дар масофаи 83,2 км овехтани ноқили хатти барқӣ ба анҷом расонида шудааст. 12-уми сентябри соли 2011, дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкур пурра мавриди истифода қарор гирифт.
Лоиҳаи байниминтақавии «Сохтмони хатти интиқоли барқи байнисистемавӣ» аз лоиҳаҳое мебошад, ки иқтидори содиротии Тоҷикистонро афзун намуд. Татбиқи ин лоиҳа имкон дод, ки фасли тобистон барқи зиёдатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот шавад. Арзиши умумии лоиҳа 55050000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳа соли 2008 оғоз ёфта, соли 2012 ба анҷом расидааст.
Татбиқи як қатор лоиҳаҳои дигар имкон дод, ки иқтидори мавҷудаи энергетикӣ зиёд карда шавад. Масалан, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии агрегати № 4 НБО-и Сарбанд» иқтидори он 10 мВт зиёд карда шуд. Дар натиҷаи тоза намудани сатҳи поёнии каналҳои НБО- ҳои «Шаршара» ва «Марказӣ» сатҳи об дар ин канал ба андозаи аз 70 см то як метр паст фаромадааст. Сироҷиддин Каримов гуфт, ки аз рӯи мушоҳидаҳои ҳаррӯзаи мутахассисони НБО-и «Шаршара», баъди тоза кардани поёноби неругоҳ тавоноии он то 2,5 МВт зиёд шуда, реҷаи гармшавии генераторҳо ва миқдори обгузаронии канал ба меъёрҳо ҷавобгӯй мебошад.
Татбиқи лоиҳаи «Сохтмони НБО-ҳои хурд дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, иқтидори энергетикии кишварро боз ҳам афзун намуд.
Ин лоиҳа бо арзиши умумии 13987548 доллари ИМА татбиқ гардида, мақсади он аз таъмини боэътимоди қувваи барқ дар як қатор маҳалҳои калону хурди аҳолинишини навоҳии дурдаст, инчунин тавлиди қувваи барқ тариқи аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурд барои таъмин намудани эҳтиёҷоти хоҷагии деҳот ва рӯзгори аҳолӣ иборат аст. Ин мақсад тариқи сохтмони ҳашт неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Балҷувон, Турсунзода ва Шаҳринав амалӣ гардид.
Лоиҳаи муҳими дигаре, ки барои татбиқаш иқдом шуд, «Сохтмони навбати дуюми «Маркази барқу гармидиҳии — 2 дар шаҳри Душанбе бо иқтидори 300 МВт» мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 348 867 869 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳаи мазкур барои таъмини боэътимоди неруи барқ ва гармӣ дар шаҳри Душанбе равона гардида, дар оянда потенсиали саноатии шаҳри Душанбе ва потенсиали саноатию аграрии ноҳияҳои тобеи марказро баланд менамояд.
Тавре аз факту рақамҳои пешниҳодшуда бармеояд, он рӯз дур нест, ки мушкилоти вобаста ба барқ дар Тоҷикистон пурра ҳал шуда, кишвар чун содиркунандаи неруи барқи арзон дар ободии кишварҳои минтақа низ саҳм гузорад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»