Ё шурӯи соҳибкорӣ бо 250 сомонӣ
Аъзам Аҳруллоев 25-сола буда, дастпарвари факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Пас аз хатм, баъди тамошои як видеоролик дар интернет, ки дар бораи чӣ тавр истеҳсол кардани пойафзол буд, мақсад гузошт коргоҳи истеҳсоли пойафзол таъсис диҳад. Инак, се сол мешавад, ки ширкати пойафзолбарории ӯ — «Аzam» фаъолиятро дар шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.
Дар суҳбате, ки бо Аъзам доштем, ӯ аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ кардан то ба нақшаҳои ояндааш ҳикоят кард.
- Ман корро бо 250 сомонӣ оғоз карда будам, – мегӯяд Аъзам оғози фаъолияти соҳибкориашро ба ёд оварда. — Он вақт на ба истеҳсол, балки ба фурӯши пойафзол машғул будам. Аз шаҳри Хуҷанд пойафзол оварда, дар шаҳри Душанбе мефурӯхтам.
Аз овони наврасӣ медонистам, ки дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) сехҳои пойафзолдӯзӣ амал мекунанд. Таваҷҷуҳи маро пойафзоли дастӣ истеҳсолшуда бештар ба худ ҷалб мекард, вале маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ба ман писанд намеомад. Сифат ва намуди зоҳирии онҳо чандон хуб набуд. Бинобар ин, вақте ки дар интернет навори видеоии тарзи истеҳсоли пойафзолро тамошо кардам, мақсад гузоштам, ки коргоҳ ташкил мекунам. Баъди як сол мақсадам амалӣ гардид.
Дар ин муддат бо устоҳои кафшдӯз шинос шудам ва онҳоро ба иваз кардани намуди берунаи пойафзол бовар кунонидам. Барояшон истеҳсоли намуди пойафзоли классикӣ, вале дар як вақт замонавиро пешниҳод кардам. Мо барои истеҳсоли намуди «дерби» ва «оксфорд» ба мувофиқа расидем. Қарор додем, ки танҳо аз чарми табиии босифат пойафзол медӯзем. Ҳунармандон якчанд ҷуфт пойафзол омода карданд ва ман онҳоро ба Душанбе оварда, дар андак муддат фурӯхтам. Фоидаовар будани ин кор зуд маълум шуд. Ҳамин тариқ, бо якчанд сех ҷиҳати истеҳсоли пойафзол шартнома бастам.
Ширкатамро «Аzam» (Аъзам) номгузорӣ кардам, чунки осонталаффуз аст. Ғайр аз ин, маҳсулоте, ки шахси воқеиро таҷассум мекунад, харидори зиёд дорад, ба мисли маҳсулоти Ширкати «Gucci». Гуччи бо номгузории ширкат овора нашуда, насаби худро гузошт ва ҷаҳон ӯро шинохт. Генри Форд низ аз ҳамон ҷумла аст. Мехоҳам, ки Ширкати «Аzam»-ро низ ҳама шиносанду донанд. Барои ин бояд таблиғи ширкатро дуруст ба роҳ монд. Таблиғ бояд фикри мардумро нисбат ба маҳсулоти худӣ тағйир диҳад. Ба таври дигар гӯем, мардум бояд донанд, ки дар Тоҷикистон низ пойафзол истеҳсол мешавад ва пойафзоли пастсифат не, балки аз пӯсти тоза. Фикр мекунам, ки дар ин роҳ ба ман ихтисоси журналистиам хеле кумак кард ва то андозае тавонистем, ки дар таблиғи маҳсулот муваффақ шавем.
Шумораи харидорони маҳсулоти мо рӯз аз рӯз меафзояд. Баъзан мизоҷон омада маҳсулоти моро таъриф мекунанд. Дар ин хел ҳолатҳо худро хеле хушбахт эҳсос менамоям.
Дар бозорҳо маъмулан танҳо кафш ё мӯзаҳои аз чарми сунъӣ дӯхташуда мефурӯшанд. Махсусан, сифати пойафзоли зимистонаи занона хеле паст аст. Аз ин хотир, соли равон истеҳсоли пойафзоли занонаро низ ба роҳ мондем, вале аз сабаби он ки муштариён аксар мардҳо ҳастанду коргарон кам, айни ҳол бештар пойафзоли мардона медӯзем.
Кори мо асосан дастӣ сурат мегирад, ба ғайр аз пайваст кардани қисми болоии пойафзол бо тагчарми он. Барои истеҳсолот асосан аз пӯсти табиӣ, вале баъзан аз пашми сунъӣ, вале босифат низ истифода мебарем. Қимати маҳсулоти мо он қадар гарон нест. Агар нарх ва сифати онро муқоиса кунем, пас маҳсулоти мо назар ба маҳсулоте, ки дар коргоҳҳои бузург истеҳсол мешаванд, 50 дарсад арзон аст. Бар замми ин, дар корхонаҳои бузург тамоми корро техника анҷом медиҳад. Дар мо бошад, барои истеҳсоли ҳар як ҷуфти пойафзол як нафар кор мекунад.
Харидоронро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб мекунем, яъне ба тариқи «интернет-магазин» маҳсулот ба фурӯш мегузорем. Ин тарзи кор мушкили бисёр дорад. Мардум то ҳол одат накардаанд, ки тавассути «интернет-магазин» пойафзол харидорӣ намоянд. Дуюм, вақте ки мо андозаи пойи мизоҷонро мепурсем, қисмати бештар андозаи пойи худро намедонанд. Сеюм, дар Тоҷикистон ширкатҳои дастраскунандаи молу маҳсулот вуҷуд надорад ва наметавонем молҳоямонро дар дигар минтақаҳои кишвар ба фурӯш гузорем.
Бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар панҷ-даҳ соли оянда ин соҳа хеле рушд мекунад. Дар ояндаи наздик коркард ва истеҳсоли чармро ба роҳ мондан мехоҳем. Ҳамчунин, ният дорем, фаъолияти кориро васеъ намуда, истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти чармиро ба роҳ монем. Ҳамчунин, барои онҳое, ки куҳнадӯз шуданианд, як курси омӯзишӣ таъсис доданием. Албатта, фаъол гардонидани курси омӯзишӣ ба нарх низ таъсир мегузорад.
Ҳамин тавр, ҳоло ба сатҳе расидем, ки коргоҳ дорем ва қариб, ки ҳама намуди пойафзолро дар он истеҳсол мекунем. Айни ҳол, фаъолияти мо танҳо дар Душанбе ба роҳ монда шудааст. Мақсад дорем, ки шакли ҳуқуқии фаъолиятро тағйир дода, дар ҳама гӯшаҳои кишвар намояндагиамонро фаъол гардонем. Соли равон кӯшиш мекунем, ки ҳадди ақал дар маркази вилоятҳо намояндагӣ дошта бошем.
Дар ширкат 22 нафар кор мекунанд. Дар ин ҷо мо мактаби худро дорем, яъне шогирд қабул намуда, баъди омӯзонидан ба кор мегирем. Дар яке аз мактабҳои кишвар барои наврасони имконияташон маҳдуд ихтисоси пойафзолдӯз вуҷуд дорад. Бо он мактаб ҳамкориро шурӯъ намудаем ва муҳассилини даргоҳ таҷрибаомӯзиашонро дар ширкати мо мегузаронанд.
Чанде пеш бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардидем. Онҳо гуфтанд, ки барои дастгирӣ имкониятҳо мавҷуданд. Чун ба манфиати кор аст, ҳатман аз он истифода мебарем.
Шояд дар тасаввури мардум пойафзолдӯзӣ як кори сода бошад, аммо дар асл ин тавр нест.
Мутахассисони амалӣ дар соҳа зиёданд, вале бояд иқрор шуд, ки онҳо дониши назариявӣ надоранд. Чунки дар замони шӯравӣ онҳо ҳамеша аз рӯи дизайни пешакӣ омодашуда кор мекарданд. Яъне, дигарон тарҳеро омода мекарданду дар ин ҷо медӯхтанд. Ин, албатта, кори моро то ҳадде мушкил месозад ва водор мекунад, ки нозукиҳои корро пурра аз худ намоем.
Ҷавононе, ки соҳибкор шудан мехоҳанд, бояд самтеро интихоб намоянд, ки писандашон бошад. Ин сухани ман нест, андешаи соҳибкори муваффақ Стив Ҷобс аст. Вақте бовар карданд, ки дар ин роҳ пеш рафта метавонанд, далерона ҳаракат намоянд.
Р. УМАР, Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»